Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар тарҳрезии кодекси ахлоқӣ ва савганди журналист, ки барои муҳокима пешниҳод шудааст, даст надорад.

Ва ба тасвиби ин ду тарҳ алоқаманд нест. Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин ду тарҳ аз сӯи созмони «Иттилоот ва муошират» барои муҳокима пешниҳод шудааст ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баррасии ин ду тарҳ ба ин сомон кӯмак хоҳад кард. Давлат Назрӣ дар ин бора гуфт, “ин сомон дар ҳошияи маркази матбуоти Тоҷикистон бо кӯмаки Созмони Милали Муттаҳид ташкил шудааст ва меросхури барномаи муштараки вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва СММ аст”.

Давлат Назрӣ дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ дар бораи ояндаи ин ду тарҳ гӯфт, “ин тарҳҳо аз сӯи раҳбарони расонаҳои хабарӣ дар баррасиҳо пазируфта мешавад ё намешавад, барои вазорати хориҷа муҳим нест. Ба ин далел, ки ҳадафи мо танҳо кӯмак кардан дар баргузории ин баҳсу баррасиҳо ба созмони «Иттилоот ва муошират» аст”.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бархе аз раҳбарони расонаҳои хабарӣ ва Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, бархе аз бахшҳои ин ду тарҳ рушанӣ мехоҳад. Барои мисол, дар тарҳи пешниҳодии кодекси ахлоқии журналист омадааст, ки «хабарнигоре, ки аз доираи ахлоқи журналистӣ хориҷ мешавад, дар кумитаи ахлоқи журналист дар Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон муҳокима хоҳад шуд».

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ гуфт, ки вай аз муҳтавои ин банди кодекс дар ҳайрат аст. Ба ин далел, ки дар Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон кумитаи ахлоқи журналист вуҷуд надорад. Акбари Саттор ба мувафақияти ин иқдоми созмони «Иттилоот ва муоширот» дар тасвиби ин ду кодекс шак дорад ва баъид медонад, ки тасвиби кодекси ахлоқ ва савганди журналист дар фаъолияти хабарнигорон ба беҳбудие даст диҳад.

Акбари Саттор дар ин бора гуфт: “Кодекс чист? Дар чорчуби қонун муроъот кардани меъёрҳои ахлоқӣ. Ба назари ман, беҳтар он аст, ки мо журналистони ҳирфаиро тарбият кунем ва маҳорати касбии онҳоро тақвият бахшем. Дар ҳоле, ки мо ба ин кор даст наёфтаем, ҳеҷ навъ кодекси ахлоқ ва савганд ба дарди мо намехурад. Ман усулан мухолифи тасвиби чунин кодексҳо ҳастам”.

Қироншоҳи Шарифзода, устоди риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар гуфтгӯ бо радиои Озодӣ аз пешниҳоди кодекси ахлоқ ва савганди журналист аз сӯи созмони «Иттилоот ва муошират» ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ кард ва гуфт, ки вай дар баррасии ин тарҳҳо даъват нашудааст. Бо вуҷуди ин оқои Шарифзода судмандии тасвиби чунин кодексро зери суол бурд. Барои мисол, ба андешаи вай, меъёрҳои ахлоқи журналистро ки таъйин мекунад ва ҳадаф аз он дар чист?

Қиромшоҳи Шарифзода дар ин бора гуфт: “Кодекси ахлоқи журналист ба эътиқоди ман, ин қавонини Тоҷикистон ва меъёрҳои байнулмилали аст ва ҳар як журналист муваззаф аст ин қавонинро муроъот кунад, дар он сурат ниёз ба кодекси ахлоқ ва савганд боқӣ намемонад”.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, низ ба ҳамин назар аст. Аммо вай ба баррасии ин тарҳҳо дар миёни журналистон ва коршиносон мухолиф нест. Ба эътиқоди вай, дар ин баҳсу баррасиҳо аҳдофи воқеъии пешниҳодкунандагони ин тарҳҳо рушан хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG