Пайвандҳои дастрасӣ

Таассуби динӣ боиси эҷоди мушкилоти мухталиф ва душвортар гаштани зиндагии кӯдакону наврасон, ба вижа духтарон, шудааст.

Чунин эҳсос мешавад, ки маҳз дар чунин шароит ғолибан ҳуқуқҳои духтарон нақз гардида, онҳо мавриди хушунат қарор мегиранд. Дар ин замина Димитро Конопка, раҳбари маркази Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ноҳияи Рашт, дар як сӯҳбати вижа назари худро дар бобати рӯзгори наврасону ҷавонони минтақа чунин изҳор дошт:

Димитро Конопка : «Медонед, зиндагии ҷавонони ғармӣ сангин буда, аз ҳаёти ҳамтоёни душанбегии онҳо фарқ мекунад. Агар оид ба соҳаи маориф ҳарф занем, таҳсил дар макотиб ба таври мутаввасит идома меёбад. Аммо дар мактабҳо камбуди мутахассисон ва муаллимони донишманд эҳсос мешавад. Аксари мактабҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Муаллимон аз назари молӣ ҳавасманд намешаванд. Аз тасаввури ман берун аст, ки чи тавр як устод бо 49 сомонӣ зиндагии хешро метавонад пеш бубарад. Аз ин рӯ онҳо маҷбур мешаванд ба корҳои дигари даромаднок машғул шаванд. Ин аст, ки ҳарчанд кӯдакон ба мактаб мераванд, аммо аксари онҳо барномаи таълимиро хуб аз худ намекунанд. Баъзан кӯдакон тамоман аз таҳсил дуранд ва бархе аз волидон низ на ҳамеша ҳавасманданд, ки фарзандонашон таҳсил кунанд, ба хусус духтаронашон. Аксари духтарон дар синфҳои болоӣ таҳсил намекунанд. Ҳарчанд мақомот дар ин роҳ мубориза мебарад, аммо агар волидон, ки нахостанд, фарзандонашон ба мактаб намераванд».

Фирӯз Баротов: Оғои Димитро, бигуед, ки оё духтарон дар ин минтақа боз чи гуна табъиз мешаванд?

Димитро Конопка : «Умуман дар ин водӣ занон дар қиёс ба мардон дар мақоми нисбатан паст қарор доранд, ки он чанд омил дорад. Яке аз сабабҳояш ин аст, ки духтарон иҷрокунандаи аслии тамоми корҳои хона ва хоҷагӣ дониста мешаванд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон бинобар ҷанги шаҳрвандӣ шумори занон нисбат ба мардон бештар аст. Аз ин рӯ бисёре аз духтарон омодаанд, ки ғайрирасмӣ барои мардон, занони дуввуму севум гарданд, ки табиист онҳо аз ҳама гуна ҳуқуқҳои молии оилави маҳрум мешаванд. Бисёрникоҳи дар минтақа маъмул шудааст ва аксаран ба ин мардону занон бошуурона замина мегузоранд. Зеро дар ин минтақа боиси шарму таҳқир аст, агар духтарони ба синни издивоҷ расида бешавҳар бошанд. Ба онҳо на ҳамчун пирдухтарон, балки чун духтарони сабукпо муносибат мекунанд. Зеро дар минтақа мардум бо ақидаҳои куҳна ба сар мебаранд. Духтарон дар ин ҷо хеле барвақт, ҳатто дар синни 15-16-солагӣ ба шавҳар дода мешаванд. Барои барвақт ба шавҳар додани духтарон ҳар ду тараф ҳавасманд аст».

Фирӯз Баротов: Муҳтарам Димитро бигуед, ки муносибати мардум нисбат ба духтарони таҳсилкарда чи гуна аст?

Димитро Конопка : «То онҷое ки ман мушоҳида кардаам, духтарони таҳсилкарда ҳамчун номзади хуб чандон нуфӯз надоранд. Зеро ин духтарон аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд ва, ба назарам, фикр мекунанд, ки онҳо аз уҳдаи иҷрои корҳои хоҷагӣ хуб намебароянд».

Фирӯз Баротов: Вазъи рӯҳии ҷавонони минтақаро чи гуна баҳо медиҳед?

Димитро Конопка: «Медонед, ман метавонам дақиқ бигуям, ки аксари муҳассилини синфҳои болоӣ алакай роҳҳои пулкоркуниро меандешанд. Онҳо ба Русия, Қазоқистон ва ё Қирғизистон мераванд. Хулоса онҳо муҳоҷирони ояндаи корианд. Волидон низ ба онҳо чун василаи даромади пул нигоҳ мекунанд».

Фирӯз Баротов: То куҷо дар миёни ҷавонони ин минтақа ҳодисаҳои худкушӣ зиёд аст?

Димитро Конопка: «Як ҳодисае буд, ки чанде пеш дар яке аз деҳаҳои атрофи ноҳия ба вуқӯъ пайваст. Шунидам, ки писаре худро ба дор овехтааст. Ба ман гуфтанд, ки писарбача бо кадом василае 20 сомонӣ даромад кардааст. Модараш ин 20 сомониро аз дасташ кашида мегирад ва ӯ худро ба дор меовезад. Маълум мешавад, ки ӯ ин маблағро мехостааст барои харидории симкорти телефони ҳамроҳ сарф кунад. Дар инҷо ҳодисаҳои худкушӣ зиёд аст. Агар оид ба духтарон ҳарф занем, онҳо аксаран худро ба дарёи Сурхоб меафкананд. Дар ин дарё зинда мондан ва ё ёфтани ҷасадҳои онҳо номумкин аст».

Фирӯз Баротов: Ташаккур.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG