Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ваъдаи"-и Лужков


Юрий Лужков, шаҳрдори Маскав, гуфтааст, ки дар ҳалли масъалаи афзоиши квота барои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав мусоидат хоҳад кард.

Вай дар ин бора ҳини дидор ва гуфтугӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24-уми июн, эълом кардааст. Юрий Лужков дар ҷамъи хабарнигорон пас аз дидор раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон хостори афзоиш додани ҷойи кор барои мардикорони тоҷик дар Маскав шудааст.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, дар ин мулоқот ҳамчунин масоили дигари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шудааст.

Юрий Лужков дар ҷаҳорчуби барномаи рӯзҳои фарҳангии Маскав дар Душанбе ахиран барои ду рӯз вориди Тоҷикистон шуд ва шоми имрӯз Душанберо ба қасди Маскав тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG