Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши талоқҳои телефонӣ дар Тоҷикистон


Шавҳарони аксарияти ин занҳои тоҷик дар Русия мардикоранд

Шавҳарони аксарияти ин занҳои тоҷик дар Русия мардикоранд

Шумораи навбатии барномаи "Садои ҳамватан"-ро комилан ба як мавзӯъ - ба мавзӯъи талоқи телефонӣ аз сӯи муҳоҷирони кории тоҷик ихтисос додаем.

Мо дар ин бора намунаҳоеро дар гузориши ҳамкоронамон аз Рашту Панҷакент, Маскаву Алмаато пешкаш мекунем. Назари таҳлилгарон ва уламои исломро низ дар бораи чунин талоқҳо дар ин шумораи барномаамон дорем.

Сабаби ин ҳама моҷароҳои хонаводаӣ ва талоқи оилаҳо, ба вижа оилаҳои ҷавон, чист? Чаро ҳангоми талоқ хонаводаҳо фикр намекунанд, ки ҳамин душвориҳои рӯзгор шавҳаронро водор ба тарки ватан ва тарки зану фарзанд кардааст. Онҳо баъд аз муҳоҷират ва зиндагӣ дар ғурбатро бо ҳама маҳрумиятҳову мушкилиҳояш таҳаммул мекунанд. Занони ҷавони онҳо дар зодгоҳ ба ҷои шавҳарон бори рӯзгорро бо ҳама сангиниҳояш бар душ мегиранд.

Мутаассифона, ин заҳмату маҳрумиятҳо гоҳо меваи талх низ ба бор меорад. Аз намунаҳое, ки ба мушоҳида мерасад, ҳоло талоқ дар оилаҳои муҳоҷирони корӣ ба як раванди пинҳонӣ, вале дардноки ҷомеъа табдил ёфтааст, ки дар ҷомеъаи имрӯзи тоҷик камтар бо садои баланд дар бораи он ҳарф мезананд. Муттаасифона, дар ҳар оила саъй мекунанд ин мушкилро пинҳон доранд, зеро онро сирри оилаи худ медонанд. Атрофиён низ саъй мекунанд дар бораи ба истилоҳ "сирри ҳамсоя" ҳарфе назананд, то барои мудохила онҳоро касе гунаҳгор накунад ва "болои сухта намакоб" нашавад.

Ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ дар ноҳияи Рашт сарнавишти тавассути телефон талоқшавии зане аз ноҳияи Ҷиргатолро ба риштаи таҳлил кашидааст. Дар ин гузориш ҳамчунин намояндаи руҳониюн аз нуқтаи назари ислом ба ин гуна талоқҳо изҳори назар мекунад.

Дар ноҳияи Панҷакент низ мавориди талоқ дар хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ кам нест. Бино ба арқоми расмӣ танҳо аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар давоми панҷ моҳи гузашта чунин талоқҳо дар 85 оилаи ҷавон иттифоқ афтодааст. Ҳамкори мо Шоҳини Равшан дар гузорише аз Панҷакент мегуяд, дурии зану шавҳари ҷавон заминаи ҳар гуна баҳонаро барои талоқи онҳо фароҳам меорад.

Ҳамкори мо Расули Шодон баъд аз сӯҳбат бо муҳоҷирони кории муқими Маскав аз қавли онҳо мегуяд, баъзе аз муҳоҷирон баъд аз гирифтани зани дуввум дар Русия зани аввали худро дар Тоҷикистон сар медиҳанд.

Муҳоҷирони кории муқими Қазоқистон мегуянд, солҳо дур будан аз зану фарзанд баъзе аз муҳоҷиронро водор мекунад, ки дар муҳоҷират зани дуввум бигиранд. Дар чунин ҳолат тадриҷан зани аввал фаромуш мешавад ва саранҷом ба талоқ меорад. Ҳамкори дигари мо Насибҷони Амонӣ дар Алмаато дар ин бора чунин гузориш медиҳад.

Оё дар ҷомеъаи имрӯзи Тоҷикистон афзоиши чунин талоқҳоро ба унвони як мушкили иҷтимоъӣ эътироф мекунанд ва решаҳои он чист? Мо дар гуфтугуе бо Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, раиси маркази таҳлилии "Диалог" дар Душанбе, ин суолро матраҳ кардем.

Барои шунидани шумораи навбатии "Садои ҳамватан" ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро нохун занед.

XS
SM
MD
LG