Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ноҳияи Балҷувони Хатлон тасмим гирифтаанд, оромгоҳи Давлатманд - яке аз пешвоёни ҷунбиши мардумӣ зидди Шӯравӣ дар солҳои 20-и асри гузаштаро бунёд намоянд.

Шамсулло Аҳадов, мудири шўъбаи фарҳанг ва туризми ноҳияи Балҷувон, мегӯяд, Давлатманд як тан аз ватанхоҳоне буд, ки замони таҷовузи болшевикон ба муқобили онҳо истодагарӣ намудааст. Аммо соли 1922-и мелодӣ Давлатманд ҳамроҳи Анварпошо, вазири дифоъи Туркия, замони ҷанги Якуми ҷаҳонӣ, ки ҳар ду муқобили режими болшевикон меҷангиданд, дар мавзеи Чагани ноҳияи Балҷувон аз ҷониби асокири сурх ба шаҳодат расида, дар ҳамон мавзеъ паҳлуи ҳам гуронида шуданд.

Дар соли 1996 пас аз 74 соли дафн авлодони Анварпошо устухонҳои бобои худро аз ноҳияи Балҷувон ба Туркия бурданд, аммо гури Давлатманд дар ҳоли вайронӣ боқӣ мондааст. Оқои Аҳадов мегўяд, 70 соли даврони шўравӣ дар таърихшиносӣ исми Давлатманд бо хати сиёҳ ҳамчун босмачӣ ва ғоратгару зидди хостаҳои миллӣ сабт ёфта буд. Ӯ мегӯяд, замоне расидааст, ки ҳақиқати таърихиро барои мардум ошкор ва чеҳраҳои воқеии мудофеони ватанро ба мардум шинос намуд.

Зафар Мирзоев, донишманди тоҷик ва як тан аз пажуҳандагони ҳаёти Давлатманд, ибтикори ҳукумати Балҷувонро хуш истиқбол намуд. Оқои Мирзоев мегӯяд, шинохти қаҳрамонони миллӣ, шинохти миллат аст ва дар симои чунин қаҳрамонон бояд ҷавоноро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия кард.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон минтақаи туризми байнулмиллалӣ эълон шудааст. Ҷаноби Аҳадов, мудири шӯъбаи фарҳанг ва туризми ноҳияи мазкур мегуяд, ба ин хотир то имруз 8 ёдгории таърихӣ дар ҳудуди ноҳия таъмиру тармим ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамакнун дар баробари бунёди оромгоҳ ва хона музеи Давлатманд, инчунин 6 ёдгории дигари таърихӣ, аз сари нав дар ноҳия барқарор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG