Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сиёсати Тоҷикистон: Аз он Наврӯз то ин Наврӯз


Бинои порлумони Тоҷикистон

Бинои порлумони Тоҷикистон

Аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсол ягон ҳодисаи муҳиме дар сиёсати дохилии Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст.

Аммо бештари таҳилгарон бо таваҷҷӯҳ ба нахустин сафари хориҷии Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Чин ва силсилаи сафарҳояш ба кишварҳои арабӣ ва ширкати ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони конфаронси исломӣ таъкид мекунанд, ки дар самти сиёсати хориҷии давлат як таҳаввуле пеш омадааст. Зеро то кунун давлати Тоҷикистон дар роҳандозии равобит бо кишварҳои арабӣ кӯшиш ба харҷ намедодааст.

Силсиласафарҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ ба дунболи сардшавии равобит бо Русия, ки шарики стратегии Тоҷикистон дониста мешуд, ба хотири дарёфти пуштбонии ин кишварҳо махсусан дар амри сохтмони неругоҳи Роғун - аз тарҳҳои ҳаётан муҳимми давлати Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Зеро идомаи ширкати Русия дар ин тарҳ бо далоили мухталиф номаълум гардид ва гузашта аз ин бо имзои як санад аз сӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар, ва Ислом Каримов, президенти Узбакистон, ҷиҳати баҳрабардорӣ аз манобеи обии минтақа Русия мавқеи худ дар баробари ин тарҳро ошкор кард, ки на ба суди давлати Тоҷикистон аст.

Дар ин миён Виктор Юшенко, раиси ҷумҳурии Укроин, дар нахустин сафари расмии худ ба Тоҷикистон омодагии кишвараш ҷиҳати ширкат дар консорсиуми неругоҳи Роғунро эълом кард. Соҳибназарон ин иқдомро идомаи рақобати Русия ва Укроин арзёбӣ карда, ҳадс мезананд, тасмими Укроин, ки печидагии равобити Тоҷикистон бо Русияро бештар хоҳад кард, бо ҳидояти кишварҳои ғарбӣ сурат гирифта бошад.

Дар ин миён нишасти роҳбарони Кишварҳои муштаракулманофеъ, ки дар тирамоҳи соли гузашта дар Душанбе баргузор шуд, ба эътиқоди коршиносон, таваққуъоти Тоҷикистонро бароварда насохтааст. Зеро Узбакистон, ки имкон дошт дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои кишварҳои АвруОсиё низоми раводид бо Тоҷикистонро лағв кунад, аслан ҳозир нашуд ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор гирад.

Зимнан дар соли равон низ давлат дар сиёсати кадрии худ ислоҳот ворид кард, ки аз сӯи коршиносон мавриди интиқод қарор гирифт. Зеро раиси ҷумҳурӣ, ин бор низ такя ба афроде кард, ки то ҳамин акнун раҳбарии ин ва он ниҳоди давлатиро дар даст доштанд. Танҳо тағйироте, ки то андозае барои ҷомеа ғайримунтазира буд бозовардани Қосим Қосимов ба мансаби вазорати кишварзӣ буд. Бархе аз коршиносон бар ин гумонанд, ки бозгашти раиси пешини вилояти Суғд ба ин мансаб ниҳояти умри сиёсии ӯ набошад ва имкон дорад дар ояндаи наздик курсии сарвазирӣ ба ӯ дода шавад.

Ба дунболи тағйироти кадрӣ, ки бархе аз вакилон ба мансабҳои давлатӣ таъин шуданд, дар 11 ҳавзаи холишудаи кишвар интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, ки бо пирӯзии томи намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба анҷом расид. Аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон ба ин далел, ки интихобот ғайриозод ва бидуни риояти қонун доир мешавад, аз ширкат дар ин маъракаҳо парҳез карданд. Ва ҳоло Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон – ниҳоди олии қонунгузори кишвар ба истиснои ду вакили Ҳизби наҳзати исломӣ ва се вакил аз Ҳизби коммунист комилан дар ихтиёри ҲХДТ аст.

Дар ҳамин ҳол сармои шадиди имсола якҷо бо бебарқӣ, ки рӯзгори мардумро бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ кард ва давлат ногузир каф ба кӯмакҳои хориҷӣ боз кард, як баҳонае шуд, ки аҳзоби мухолиф, аз ҷумла сосиал-демократ, сосиалистҳои ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев ва ҳизби демократии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ҳукумат ва махсусан раиси ҷумҳурро дар бесалоҳиятӣ ва бемасъулиятӣ муттаҳам кунанд. Аҳзоби мухолиф мегӯянд, ки раиси ҷумҳурӣ бо доштани салоҳият ва ваколатҳои барзиёд натавонист ба мушкилоти мардум расидагӣ кунад ва ҳоло зарур аст, ки аз ихтиёроти густардаи вай бар манфиати порлумон коҳиш дода шавад.

Дар ин миён то чанд вақт сӯҳбати сари забонҳо ҳам дар миёни мардум ва ҳам дар маҳофили сиёсӣ иқрори президент Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи ҳукумат буд, ки дар хитоб ба аъзои ҳукуматаш гуфт, тайи понздаҳ сол натавонистаанд мушкилоти кишварро ба сурати лозим ҳал бикунад. Аммо ҳоло низ суоли матраҳ, ки коршиносон посухи онро меҷӯянд ин аст, ки масъулияти ҷавоб ба ин пурсишро кӣ бояд бар ӯҳда дошта бошад?

XS
SM
MD
LG