Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши камранги зани тоҷик дар сиёсат


Фаъолони ҳуқуқи зан мегӯянд, андешаҳои бонувони тоҷик дар тасмимгириҳои давлатӣ ва ё зимни қабули қарорҳои муҳим нодида гирифта мешавад.

Дар ҷомеаи суннатӣ ба мисли Тоҷикистон, ки дар хонаводаҳо андешаи зан дар бисёре аз масоил нодида гирифта мешавад, чӣ гуна метавон доир ба ҳузури кофии зан дар сиёсат ҳарф зад ва чӣ гуна метавон гуфт, ки иродаи занон дар тасмимгириҳои давлатӣ ба инобат гирифта мешавад. Ин аст андешаи Рангина Назриева - коршиноси масоили ҳуқуқи сиёсии зан дар Тоҷикистон:

Ба фикри ман чизе, ки дар сатҳи хонаводагӣ рафта истодааст, ҳамон чиз дар сатҳи беруна ҳам инъикос мешавад, яъне дар сатҳи коргузорӣ, дар муносибат ба зан, дар сатҳи ҳукумат, ё ин ки дар сатҳи фарз кардем корхонаву идораҳо.”

Ҳарчанд давлати Тоҷикистон ба хотири тақвияти мақоми зан дар ҷомеа барномаҳое қабул кардааст, аммо иҷрои онҳо ба кундӣ пеш меравад. Бар асоси барномаи миллии Тоҷикистон, бояд ҳузури занон дар ниҳодҳои қонунгузор, додгоҳ ва иҷроия то 30 дар садро ташкил диҳад, аммо бо вуҷуди гузашти 6 сол аз қабули он барнома, ин банди барнома дар ягон ниҳод пурра иҷро нашудааст. Аммо ба ҳар сурат ба гуфтаи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ки воқеан аксарияти муассисонаш занон ҳастанд, пешрафтҳое дар тақвияти ҳузури занон дар сиёсат ба назар мерасад.

Масалан дар интихоботи порлумонии соли 2005 11 бонуи тоҷик ба порлумон роҳ ёфт, ки ин бештар аз 17 дар сади теъдоди умумии вакилонро ташкил медиҳад. Аммо дар Маҷлиси Миллӣ то соли 2005 танҳо 4 нафарро занон ташкил медоданд, боқимонда, яъне 34 дар сад ҷинси муқобил мебошанд.Дар маҷлисҳои маҳаллии Тоҷикистон вакилони боз ҳам камтар аст, яъне бештар аз 11 дар сад. Ҳарчанд то кунун ҳукумати Тоҷикистон ягон занро сафир таъйин накардааст, вале ба гуфтаи худи мақомот то ду соли пеш 31 бонуи тоҷик машғули умури дипломатӣ будаанд. Аммо ҳузури занон дар мақомот баёнгари он нест, ки афкору иродаи занонро ҳангоми тасмимгирҳои сиёсиву давлатӣ ба инобат мегиранд.

Рангина Назриева:
Агар ҳоло ба ҳукуматҳо, ташкилотҳои ҳукуматӣ назар кунед, сатҳи занон нисбатан зиёд мешавад, лекин ин гарави дар сиёсат фаъол будани занонро кафолат намедиҳад. Ба ҳар ҳол дар қабул кардани ягон қарори сиёсӣ, дар муайян намудани сиёсат, ман он қадар фаъолияти зиёдро намебинам. “

Ба гуфтаи созмонҳои ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон, иллатҳои аслии ҳузури ками занон дар сиёсат, тассалути мардон дар сохторҳои сиёсӣ, табъизи пинҳонии занон дар қабулу иҷрои қарорҳо, иродаи заъифи сиёсии аҳзобу мақомоти расмӣ ҷиҳати пазируфтани занон мебошад. Вале Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ин иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд, 52 дар сади аъзои ин ҳизб занон ҳастанд. Дар Ҳизби Демократ 15 дар сад аз ҷумла ду нафар дар раёсати ҳизб будаанд. Дар Ҳизби Сотсиал-Демократ низ беш аз 40 дар сади аъзои он занҳо будаанд. Ҳизби Халқии Демократӣ низ мегӯяд, дар сафи он теъдоди бонувон ниҳоят зиёданд.

Ба андешаи Раъно Охунова раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Зан-интихобкунанда”, як иллати дигари дур будани занон аз сиёсат ва тақдири худро ба дасти мардон раҳо кардани занон худи бонувони тоҷик низ ҳастанд, ки маърифати ками сиёсӣ доранд:

“Ҳамаи мо гап мезанем, аммо берун аз ҷойҳои лозима. Ақаллан ба воситаи расонаҳои хабарӣ ягон зан баромад карда мушкилотеро, ки мо дорем гуфта наметавонад. Намегӯяд. Вақте гап дар бораи мушкилот меравад, гап дар бораи беҳтар кардани ҷомеа меравад, ҳама хомӯш аст.”

Аммо Рангина Назриева мегӯяд, ин мардони тоҷик ҳастанд, ки метарсанд бо роҳ додани ҳарчӣ бештари занон ба арсаи сиёсат, ҳуқуқи фармонфармоии худро аз даст медиҳанд. Ва бо ин рафтору берун аз сиёсат нигоҳ доштани занон мардони тоҷик ҳеҷ кори хубе дар ҳаққи худу фарзандонашон намекунанд. Раъно Охунова:
Дар ҷомеае, ки зан дар сиёсат ворид нест, дар ҷомеае, ки зан мавқеи сиёсии худро надорад, вай ҷомеа ҷомеа нест. Бояд зан пеш аз ҳама ҳам дар сиёсату ҳам дар иқтисоду ҳам дар иҷтимоиёт, дар ҳама соҳа занҳо бояд ҷойи худро ёфта бошанд. Агар занҳо ҷойи худро ёбанд, он кишвар гул гул мешукуфад.”

XS
SM
MD
LG