Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Икром Илҳомзода дар Осиё севум шуд


Икром Илҳомзода, шатранҷбози ҷавони тоҷик
Икром Илҳомзода, шатранҷбози ҷавони тоҷик

Икром Илҳомзода, шатранҷбози ҷавони тоҷик, дар пойтахти Эрон - шаҳри Теҳрон барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасон гардид.

Мусобиқоти мазкур, ки аз 9 давр иборат буд, аз рӯи манзумаи суисӣ (швейтсарӣ) сурат гирифт. Икром Илҳомзода, инчунин шатранҷбози Ҳиндустон Адҳибан дар байни 22 нафар писарони то 16-сола 6,5-имтиёзӣ ба даст оварданд. Вале бо дарназардошти натоиҷи изофӣ шатранҷбози ҳинду як зина болотар – дар ҷои дувум - қарор гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки ин муваффақияти Икром Илҳомзода дар мусобиқоти қитъавӣ баъди 16 сол ба даст омад. Ёдовар мешавем, шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов соли 1992 дар Қатар қаҳрамони шатранҷи Осиё байни наврасони то 16-сола гардида буд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Соиб Ҷӯраев дар Теҳрон дар сабқати навҷавонони то 18-сола бо 4 имтиёз аз 7 бозӣ мақоми панҷумро касб кард.

XS
SM
MD
LG