Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи нави қурбониёни зилзила -- 80 000 нафар


Дар маркази зилзила, шаҳри Йингксю.
Дар маркази зилзила, шаҳри Йингксю.

Сарвазири Чин мегӯяд, шумораи кушташудагони зилзилаи Сичуан ба 60 000 нафар расид ва метавонад ба 80 000 нафар низ бирасад.

Изҳороти Вен дар ҳоле садо дод, ки вай ҳамроҳ бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, Бан Ги-мун аз шаҳри тахрибшудаи Йингксю дар маркази фалокат дидан мекард. Бан рӯзҳои охир дар Мянмар буд, ки аз офати дигар, тӯфон зарари марговар дид.

Дабири кул аз шеваи вокуниши мақомоти Чин ба заминларза ситоиш кард ва ваъда дод, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар рафъи пайомадҳои фалокат низ кӯмак хоҳад кард.

Вокуниши сареъи ҳукумати Чин ба фалокат аз тарафи ҷомеаъи байнулмилал низ ситоиш мешавад ва бо вокуниши Мянмар ба тӯфон як таззоди такондиҳандаро ташкил медиҳад.

Танҳо пас аз се ҳафтаи фалокат ҳукумати низомии Мянмар ба созмонҳои кӯмакрасон иҷоза дод, ба маҳалли фоҷиа ворид шаванд. Дар ин ҷо 130 000 нафар кушта ва наздик ба дуним миллион нафар осеб дидаанд.

Дар ҳоле ки танҳо акнун ба осебзадагони Мянмар мадад расонда мешавад, Чин дар пайи ҷилавгирӣ аз фалокатҳои иловагист, монанди ярч ва сел. Зеро пас аз заминҷунбӣ дар Чин зиёда аз 30 обанбори сунъӣ ба вуҷуд омада, хатари селро ба маротиб афзоиш додааст.

Ноиби вазири муҳити зисти Чин, Ву Ксяокинг гуфт, ҳамчунин хатари ташашӯъи радиоктив вуҷуд дорад, зеро беш аз 50 манбаъи радиатсия зери шикастпораҳо мондаанд.

То ҳол 35 манбаъ безарар гардонида шуд, аммо 15 манбаъи нурафкании радиатситонӣ ҳамоно зери овор дастнорасанд.

Сарвазири Чин, Вен Ҷябао гуфт, кишвараш ба 900 000 хайма ниёз дорад, то афроди бехонумонро сарпаноҳ диҳад. Вай аз тавлидкунандагони чиноӣ хост, ҳар рӯз 30 000 хайма истеҳсол кунанд. Ин ҳам дар ҳоле ки аксари осебзадагони зилзилаи Сичуан ба вилоятҳои дигари Чин кӯчонида шуданд.
XS
SM
MD
LG