Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин сареътарин компутерро ба бозор мебарорад


Рейтинги байналмилалии “Топ-500” компутари чиноии “Тиянҳе -1A”-ро сареътарин компутари ҷаҳон баровард. “Tиянҳе”, ё худ “Роҳи Каҳкашон” қодир аст, дар як сония 2,57 квадриллион амалиётро анҷом диҳад.

Ин компутар моҳи октябри соли гузашта аз сӯи Фарҳангистони мудофиаи миллии Чин сохта шуда, феълан дар Маркази давлатии муҳосиботи риёзӣ дар Тянтзин гузошта шудааст. Компутари амрикоии Крей Ягуар Ихс Тӣ 5, ки ҷойи аввалро дар раддабандии “Топ-500” аз даст дод, феълан дар мақоми дуввум қарор дорад. Дар маҷмӯъ, аз 500 компутари босуръате, ки дар ин раддабандӣ омадааст, 274 компутараш аз Амрико, 124 компутар аз Аврупо ва 84 адади дигар сохти кишварҳои қораи Осиё будаанд.

Ҷанги компутарии Гурҷистон ва Русия

Бо ибтикори вазорати умури дохилаи Гурҷистон таҳияи бозии вижаи компутарие бо номи “Пулис” шурӯъ шудааст, ки мӯҳтавояш аз набарди маъмурони пуолис бо аҳли олами ҷиноӣ ва ҷосусони рус иборат аст. Вазири дохилаи Гурҷистон Вано Мерабашвилӣ ин бозиро “нахустин бозии ҷиддии компутарии гурҷӣ” унвон карда, гуфтааст, бозигарони “Пулис” аз ҷумла бояд ҷосуси Русияро дар Гурҷистон ошкор кунанд. Ин иқдом дар пайи боздошти 13 нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русия дар Гурҷистон аст, ки мояи таниши наве байни Маскаву Тифлис шуд, гирифта шудааст.

Зарари доруҳои дардзудо ба ҳомиладорон

Истифодаи бардавоми паратсетамол ва соъир анвоъи давоҳои дардзудо аз сӯи занони ҳомила метавонад ба нирӯи репродуктивии писарони онҳо таъсири манфӣ гузорад. Натоиҷи таҳқиқоте, ки маҷаллаи Ҳюман Рипродакшн нашр кардааст, ҳокист, ки чунин давоҳо ба саломати навзодон асар карда, дар оянда боиси безурётӣ ва ҳатто амрози саратон хоҳад шуд. Ин таҳқиқоти донишмандони Данияву Финландия ва Фаронса бар омӯзиши вазъи сиҳати беш аз 2000 зан ва фарзандони онҳо асос ёфтааст.

40 миллиард барои фанновариҳои кайҳонӣ

Бо вуҷуди бӯҳрони саросарии молӣ, риштаи фанновариҳои кайҳонӣ дар Бритониё аз соли 2007 ба ин сӯ ҳар сол ба ҳисоби миёна 10 дарсад рушд доштааст. Бино ба гузориши ширкати мушовиравии Оксфорд Экономикс, ки бар пояи таҳқиқи фаъолияти 260 ширкати пешсафи ин ришта таҳия шудааст, ҳаҷми солонаи гардиш дар риштаи фанновариҳои кайҳонӣ ба 12 миллиард доллар расидааст. Стротежии нави рушди саноати кайҳонии Бритониё то 20 соли дигар ба 40 миллиард доллар расондани ҳаҷми гардиши молу коло дар ин соҳаро дар назар дорад.

Ташхиси ҷасади 400-сола

Дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех бозмондаҳои Тихо Браҳе, мунаҷҷими маъруфи даниягиро барои ташхиси дубора аз мазораш берун кашидаанд. Ин донишманд, ки асосгузори илми муосири нуҷумшиносӣ шинохта мешавад, ҳанӯз соли 1601 дар пайи як зиёфати тӯлонӣ дар ҳузури император Рудолфи 1 аз олам гузашт. Бовар меравад, ки Тихо Браҳе бар асари қавс, ё худ маҳкам шудани роҳи пешоб даргузаштааст. Вале таҳқиқоти ахир дар бадани ӯ нишонаҳоеро пайдо кард, ки эҳтимоли заҳролуд шудани Браҳеро соқит намекунад. Бозмондаҳои ӯро ба ҳамин далел берун овардаанд, ки иллати аслии марги ин асосгузори илми муосири нуҷумшиносиро маълум кунанд.

Усули нави табобати дарди сутунмӯҳра

Ширкати Стемселлз нахустин намунаи тавлидотии ҳуҷайраи асаб барои маризонеро, ки аз дарди сутунмӯҳра ранҷ мекашанд, пешниҳод кардааст. Ин ҳуҷайраҳо барои беморонест, ки аз печидани онҳо ба дарди сутунмӯҳра на бештар аз як сол сипарӣ шудааст. Интизор меравад, дар навбати аввал ҳудуди 12 нафаре, ки дарди сутунмӯҳраи онҳо аз 3 то 12 моҳ умр дорад, бо ин усули нав табобат бигиранд.

Дарахтҳо ба ҷои чароғҳои роҳ

Донишманди тайванӣ Йен Сун Ву барои рӯшан кардани кӯчаҳои шаҳр истифода бурдани дарахтонро пешниҳод кардааст. Ин донишманд мегӯяд, дар сурати ба баргу шохаи дарахтони сари роҳ пайвастани нанозарраҳои тилоӣ ин дарахтҳоро метавон нафақат барои тоза кардани ҳаво, балкӣ ба мақсади таъмини рӯшноӣ ҳам кор бурд. Дар сурати роҳандозӣ шудани усули Сун Ву чароғҳои сари роҳ дигар аз байн хоҳанд рафт. Аммо ин усул то ҳол танҳо дар бакопа ном растании ботлоқие санҷида шудаасту халос.

Музоядаи нахустин компутари шахсӣ


Нахустин компутари шахсӣ Эппл – ван, ки ҳанӯз соли 1976 тавассути асосгузорони ширкати Эппл Стив Ҷобс ва Стивен Возняк сохта шуда буд, ба фурӯш гузошта шудааст. Ҷобс ва Возняк нахустин компутарҳои навъи Эпплро дар гаражи волидони Ҷобс дуруст мекарданд ва дар соли 1976 ин навъи компутар бо қимати 666,66 доллар ба бозор даромада буд. Аммо акнун нархи муқаддамотии нахустин компутари сохтаи онҳо 161 600 доллар таъйин шудааст. Музояда ба рӯзи 23 ноябр таъйин шуда, фурӯшандагон умедворанд, ки “себ”-и нахустин ба қимати тақрибан 250 000 доллар ба фурӯш хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG