Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Саркозӣ бо Медведев


Президентҳои Фаронса ва Русия Никола Саркозӣ ва Дмитрий Медведев дар Маскав, 8-уми сентябри 2008

Президентҳои Фаронса ва Русия Никола Саркозӣ ва Дмитрий Медведев дар Маскав, 8-уми сентябри 2008

Дирӯз дар Маскав президенти Фаронса Николас Саркозӣ бо раисҷумҳури Русия Димтрий Медведев ҳалли низоъ миёни Русияву Гурҷистонро баҳс намуд.

Дар ҳамин ҳол Гурҷистон дар додгоҳи Байнулмилалии Ҳайг Русияро бо поймолкунии ҳуқуқи мардуми ин кишвар муттаҳам кард.

Шоми душанбе дар Маскав баъди анҷоми музокирот бо президенти Русия Дмитрий Медведев раисҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ гуфт, ки сӯҳбати чорсоата барои ҳалли тамоми мушкилиҳо кифоят накард, вале пешрафт ҳосил шудааст: "Ман мутлақо эътироф мекунам, ки тамоми мушкилиҳо ҳал нашудаанд, вале он чизе, ки имрӯз ҳалли худро ёфт, қобили мулоҳиза аст".

Саркозӣ дар раъси як ҳайъати воломақоми аврупоӣ саъй дошт, Медведевро ба иҷрои комили созиши иборат аз шаш банд моил намояд. Медведев ба татбиқи ду банди ин созиш, ки бо миёнаравии Саркозӣ аз тарафи Русияву Гурҷистон имзо шудааст, ризоят дод: аввалан, беруншавии сарбозони Русия аз хоки Гурҷистон ва сониян - қабули нозирони аврупоӣ.

Медведев гуфт, агар Гурҷистон санади худдорӣ аз истифодаи силоҳ бар муқобили Абхозистонро имзо кунад, дар дар давоми ҳафт рӯзи оянда сарбозони рус аз бандари Потӣ ва атрофи он берун мебароянд. Ӯ афзуд, ки дар давоми моҳи оянда нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар манотиқи атрофи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон мустақар мешаванд ва баъд аз он сарбозони Русия аз он ҷойҳо низ хориҷ хоҳанд шуд. Медведев илова кард, ки сар аз 15-уми октябр дар Женева баррасии низоъ дар Гурҷистон шурӯъ мешавад.

Сарбозони Русия 8-уми август ба хоки Гурҷистон ворид шуда, имкон надоданд, ки нерӯҳои гурҷӣ минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро таҳти назорати ҳукумати марказӣ қарор диҳанд. Сипас Русия истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистони Гурҷистонро эътироф карда, бо танқиди шадиди мамолики ғарбӣ рӯ ба рӯ шуд.

Вале президенти Русия мегӯяд, ки эътирофи истиқлоли ин минтақаҳо бебозгашт аст: "Эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон ба амал омад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байнулмилалӣ ва назария ду кишвари нав арзи зуҳур намуданд. Ҳар кишвар худ муайян мекунад, ки кай чунин қарорро қабул кунад. Медонед, ки раванди эътирофи истиқлоли онҳо шурӯъ шудааст ва бовар дорам, он суръат касб хоҳад кард ва кай кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба ин раванд шомил мешаванд ба мавқеи онҳо вобастааст".

Аммо президент Саркозӣ ба ҳайси раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо хотирнишон кард, ки ин созмон эътирофи якҷонибаи истиқлоли ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон аз тарафи Русияро маҳкум кардааст. Ин иқдоми Русияро муттафиқони наздиктарини ин кишвар низ дастгирӣ накардаанд.

Дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай дар шаҳри Душанбе ва нишасти раҳбарони кишварҳои узви паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав аъзои созмонҳо ба амалкарди Маскав дар Гурҷистон фаҳмиш нишон доданд, вале ягон кишвар истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистонро эътироф накард.

Дирӯз баъди мулоқот бо Медведев дар Маскав ҳайъати Аврупоӣ мебоист дар Гурҷистон бо президенти ин кишвар Михеил Саакашвилӣ вохӯрад. Вале сафар каме таъхир ёфт ва шояд гуфтушунид бо раҳбари Гурҷистон имрӯз ҳам идома ёбад.

Бо ишора ба ин вазъ раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо мулоқот бо президенти Украинаро ба таъхир гузоштанд. Нишасти Иттиҳодияи Аврупо-Украина тибқи нақша бояд субҳи имрӯз дар минтақаи Эвиани Фаронса доир мешуд, вале дафтари матбуотии президенти Фаронса таъкид кард, ки мулоқот бо Украина шоми имрӯз дар пойтахти Фаронса барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG