Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои мавқеъи Русия дар Осиёи Марказӣ


Раисони ҷумҳури Афғонистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон
Раисони ҷумҳури Афғонистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон

Маркази таҳқиқотии Jane's навиштааст, танишҳо бо Ғарб нигаронии Маскав аз таҳдиди бесуботӣ ба Осиёи Марказиро зери шуоъ қарор додааст.

Ин гузориш мегӯяд, як дидгоҳи умда дар Маскав ин аст, ки адами субот дар Афғонистон на фақат суботи давлатҳои Осиёи Марказиро зери хатар мебарад, балки дар роҳи ҳамлу нақли газу нафти ин минтақа низ мушкилоти фаровон эҷод хоҳад кард. Ва ин дар ҳолест, ки Русия, қарори маълум, хеле мехоҳад, содироти нафту газ аз ин қаламравро дар инҳисори комили худ дароварад.

Дар пайи низоми низомии моҳи август байни Русияву Гурҷистон тамаркузи ҷомиаи байналмилалӣ асосан рӯи равобити Русияву Ғарб, афзоиши танишҳо ва эҳтимоли ҳатто Ҷанги нави сард буд.

Дар ин миён гоми ахири Русия ба хотири густариши ҳузури низомиаш дар саҳнаи Осиёи Марказӣ аз назарҳо як андоза пинҳон монд. Сухан дар бораи як нерӯи бузург ва муштараки низомии иборат аз 11 000 сарбоз меравад, ки қарор аст, зери чатри Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ташкил шавад.

Ин дар ҳолест, ки Русия алакай як пойгоҳи ҳавоӣ дар Канти Қирғизистон дошта, артиши 201-умаш дар Тоҷикистон мустақар аст ва Маскав ахиран хабар дод, ки мехоҳад фурудгоҳи Айнӣ дар канори Душанберо низ мавриди истифодаи худ қарор диҳад.

Виталий Стругаветс, сухангӯи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, Русия бо Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистон дар мавриди таъсиси ин нирӯи ҷадиди 11 000-нафарӣ алакай тавофуқ кардаааст: “Тибқи нақша бояд гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои мусаллаҳи минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Ин амсоли гурӯҳҳои муттаҳадаи нерӯҳои мусаллаҳ дар минтақаи Аврупои шарқӣ иборат аз Русия ва Белорус ва дар минтақаи Қафқоз, яъне гурӯҳи Русияву Арманистон аст, ки аллакай таъсис шудаанд”.

Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки қасди Маскав аз ин иқдом таъйиди дигарбораи дасти назораташ бар ин минтақаи аз лиҳози стротежӣ муҳим ва хунсо кардани ҳар навъ талоши рақобати Ғарб дар ин саҳна мебошад. Аммо ба эътиқоди гузоришгарони Jane's Foreign Report - бахши таҳқиқоти сиёсати хориҷии гурӯҳи бритониёии Jane's, намешавад равобити Русия бо Ғарбро чунин тасвири содда кард. Бархӯрди Амрико ва қудратҳои ба истилоҳ “Аврупои қадим”, манзур Фаронсаву Олмон, нисбат ба Русия, ҳатто баъд аз таҷовузаш ба хоки Гурҷистон фарқ мекунад. Маскав ҳам ба навбаи худ хоҳиши рафтани ба дунболи мухолифати тӯлонӣ бо Ғарб, ҳатто бо мунаққиди шадидаш – Амрикоро надорад.

Албатта, барои Маскав мавзӯъи ҳузураш дар паҳнои шӯравии собиқ матраҳ аст, вале Кремлин дар зимн фаромӯш накардааст, ки мушкилоташ нафақат аз Ғарб, балки аз ҷануб низ бармехезанд. Ва Маскав ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши тундравӣ ва бесуботӣ ба минтақаи натанҳо ба хотири манобеъи нафту газ барояш хеле муҳими Осиёи Марказӣ мулзам ҳаст, дар Афғонистон бо Амрико ва НАТО ҳамкорӣ кунад, менависанд муҳаққиқони Jane's Foreign Report.

Зуҳури ҳаракати Толибон дар Афғонистон дар миёнаи солҳои 90 ақидаи ҷиҳодро бори аввал вориди майдони Осиёи Марказӣ кард. Ин равия ба хусус дар фаъолиятҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ва муҷоҳидини чечен ба таври барҷаста ба намоиш даромада буд. Як далели ризоияти Маскав ба таъсиси пойгоҳҳои низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ баъд аз ҳамлаҳои 11 сентябр ва пуштибониаш аз ҳамлаи таҳти раҳбарии Амрико ба Афғонистон низ ҳамин тарси Толибон буд.

Русия ду сол пеш 10 миллиард доллар қарзи аз замони шӯравӣ бозмондаи Афғонистонро бахшид, бо вуҷуди хадшадор шудани муносиботи гарми пешинаш, Маскав ҳамкориро бо Амрикову НАТО дар он кишвар ҳанӯз идома медиҳад, вале акнун далели ин талошҳо на хатари таҳрикҳои чирикӣ, балки бештар манофеъи иқтисодии Русия дар Осиёи Марказист.

Гузориши Jane's Foreign Report меафзояд, дар даврони раёсатҷумҳурии Владимир Путин, аҳамияти газу нафт ба ҳайси аҳроми иқтисод ва сиёсати хориҷии Русия бакарат боло рафт. Фурӯши нафту газ ба Аврупо манбаъи бузурги даромадҳои Русия нест, вале барои манофеъи геополитикии ин кишвар аҳамияти фавқулодда дорад. Гузориш мегӯяд, Русия ба ин васила пеш аз ҳама мехоҳад нақши қудрати бузурги ҷаҳониро ба худ баргардонад ва ба ҳаимн хотир талош дорад, аз барномаҳои Ғарб ҷиҳати эҳдоси роҳҳои алтернативии ҳамлу нақли нафту згази ҳавзаи Хазар ҷилавгирӣ карда, ҳама масирҳои ҳамлу нақл аз Осиёи Марказиро таҳти назорати худ биорад.

Ба эътиқоди коршиносони Jane's Foreign Report, раҳбарони Осиёи Марказӣ низ дар ин маврид назар ба Амрико, бештар ба Русия такя мезананд, чунки Маскав, ба фарқ аз Вошингтон, дар ивази ҳамкориҳои энержиаш аз ин давлатҳо талаби мурооти ҳуқуқи башар ва ё анҷоми ислоҳоти демократиро намекунад.

Jane's Foreign Report дар хулосаи гузоришаш мегӯяд, Русия нигарони бадтар шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва хатаротест, ки ин вазъ барои Осиёи Марказӣ ба бор меорад.

Аз ин рӯ, густариши ҳузури низомиаш дар Осиёи Марказӣ алайҳи Амрико ё Чин нест, балки ғолибан як иқдоми кӯтоҳ- ва ё миёнамуддат буда, ҷилавгирӣ аз эҳтимоли ба ҳам хӯрдани субот дар ин минтақаи саршор аз нафту газро ба ҳадаф дорад.

Ба эътиқоди ин муҳаққиқон, Русия, дар ҳар сурат, ба сӯзондани кулли пулҳои гуфтугӯ бо Ғарб ҷуръат намекунад ва ҳамкорӣ дар Афғонистон метавонад роҳро барои нармтар кардани танишҳои кунунӣ байни Русияву Ғарб ҳамвор кунад.

XS
SM
MD
LG