Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати РАО ЕЭС-и Русия аз байн рафт


Анатолий Чубайс, раиси собиқи ширкати РАО ЕЭС

Анатолий Чубайс, раиси собиқи ширкати РАО ЕЭС

Имрӯз, 1-уми июл, ширкати саҳҳомии РАО ЕЭС-и Русия аз байн рафт ва дороии он байни давлати Русия ва 14 ширкати хурди энержии дигар тақсим шуд.

Ба иттилоъи расонаҳои ин кишвар, курсии раиси ин ширкат Анатолий Чубайс дар музояда фурухта хоҳад шуд ва маблағи он ба хонаи кӯдакони вилояти Калуга тақдим хоҳад шуд. Анатолий Чубайс робита робита гуфтааст, «қаблан низ талошҳои аз дасти ман кашида гирифтани ширкат сурат мегирифт, вале ман муқобилияти шадид нишон медодам».

Ширкати саҳҳомии РАО ЕЭС соли 1992 таъсис шуда, тайи солҳои баъдӣ ба бузургтарин ширкати энержии Русия табдил ёфт. Қабл аз мунҳалшавии он 52 дарсади саҳмияҳои ширкат ба давлати Русия ва боқӣ - ба ширкатҳои мухталифи хусусии энержӣ мансуб буд. Гуфта мешавад, акнун саҳмияҳои давлатии РАО ЕЭС дар байни ширкатҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла «Газпром» тақсим хоҳад шуд.

РАО ЕЭС сохтмони нерӯгоҳи «Сангтуда-1»-и Тоҷикистон ва 75 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро бар уҳда дошт. Акнун сарнавишти тарҳу нақшаҳои ширкати РАО ЕЭС дар Тоҷикистон норавшан мемонад. Вале ба эътиқоди бархе аз коршиносон, саҳмияҳои ин ширкат дар нерӯгоҳи «Сангтуда-1» акнун ба куллӣ ба ихтиёри давлати Русия хоҳад гузашт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG