Пайвандҳои дастрасӣ

Райс ва Гейтс дар меҳмонии Путин ва Медведев


Кондолиза Райс ва Роберт Гейтс, вазирони корҳои хориҷа ва дифоъи ИМА ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия

Кондолиза Райс ва Роберт Гейтс, вазирони корҳои хориҷа ва дифоъи ИМА ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия

Вазирони корҳои хориҷа ва дифоъи Амрико хонум Кондолиза Райс ва оқои Роберт Гейтс бо сафари дурӯзаи корӣ вориди Маскав мешаванд.

Дар давоми ин сафар хонум Райс ва оқои Гейтс бо ҳамтоёни руси худ масоили доғи равобити байни ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард. Аммо мақсади асосии боздиди мансабдорони баландмақоми амрикоӣ аз Москав пеш аз ҳама албатта ошноӣ бо раисиҷумҳури тозамунтахаби Русия Дмитрий Медведев мебошад.

Мулоқоти нахустини Медведев бо Райс ва Гейтс баъд аз ба мақоми раёсатҷумҳурии Русия интихоб шуданаш дар ҳоле баргузор мешавад, ки тағйиротҳои сиёсии ҷорӣ дар ҳарду кишвар мунҷар ба эҷоди таниш дар равобити байни Маскаву Вошингтон рӯи масоили мухталифе, чун манъи густариши силоҳҳои маъмули ва истиқрори мушакҳои Амрико дар Аврупои Шарқӣ кардааст.

Интизор меравад Кондолиза Райс ва Роберт Гейтс бо раисиҷумҳури феълии Русия Владимир Путин ки моҳи май аз мақомаш меравад низ мулоқот кунанд.

Коршиносони умур мегӯянд, Райс ва Гейтс зимни гуфтушунидҳо бо сарони Русия кушиш хоҳанд кард ихтилофоти назар миёни ду кишвар дар робита ба нақшаҳои насби сипари зидимушакии Амрико, паймони коҳиши силоҳҳои стротежӣ, тавсиъаи паймони низомии НАТО ба сӯи шарқ ва эълони якҷонибаи истиқлолияти Косоворо рафъ кунанд.

Аммо ба эътиқоди таҳлилгарон, Райс ва Гейтс инчунин мехоҳанд зимни вохурии рӯ ба рӯ бо Дмитрий Медведев мушаххас кунанд, ки то кадом андоза ин сиёсатмадори 42-сола аз устоди худ Владимир Путин, ки интизор меравад давр давлати ӯ нахуствазир таъин шавад, мустақил аст.

Алексей Макаркин, муовини раиси Маркази пажуҳиши фанновариҳои сиёсии Маскав, мегӯяд амрикоиҳо Медведевро бо диққат меомузанд, то ки дар пешорӯи нишасти сарони 8 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ӯро хуб шинохта бигиранд. Таҳлилгар меафзояд, ки Русия ҳароси таърихӣ дорад, ки кишварҳои Ғарб аз ҳама ҷонибҳо онро иҳота хоҳанд кард ва феълан ба Ғарб, аз ҷумла ба Амрико эътимоди чандоне надорад. Макаркин мегӯяд, дар Русия акнун мунтазири натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА нишастаанд.

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгари умури амниятӣ аз маркази пажуҳишҳои стротегӣ ва байналмилалии Вошингтон Ҷон Волфстҳол мегуяд қабл аз он ки ҷойнишини Ҷорҷ Буш муайян гардад, ин шояд барои Райс ва Гейтс охирин имкони дастёфтан ба пешравӣ бошад.

Маскав ба нақшаҳои Вошингтон ҷиҳати истиқрори пойгоҳи родари дар Ҷумҳурии Чех ва 10 мушаки зидди ҳамалоти ҳавои дар Лаҳистон то соли 2012 хашмгинона мухолифат меварзад. Русия насби сипари зиди мушакиро таҳдид ба амнияти худ мехонад ва ваъда додааст мили баъзе мушакҳои худашро муқобили он кишварҳо мегардонад. Дар гуфтушунидҳо бо мақомдорони русӣ Райс ва Гейтс, қарор аст, як силсила масоили дигари доғро низ мавриди муҳокима қарор диҳанд, аммо аксари таҳлилгарон мунтазири пешравиҳои чашмрасе дар ҳалли ин масоил нестанд.

XS
SM
MD
LG