Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо роҳи сангсор эъдом шудани як зану марди ҷавони муттаҳам ба зино дар як рустои таҳти назорати чирикиҳои толиб дар шимоли Афғонистон бори дигар бармегардад ба масъалаи бозгашти тундтари он кишвар ба қонунҳои шариат.

Шӯрои уламо, як ниҳоди бонуфузи иборат аз тақрибан 350 рӯҳонии маъруфи Афғонистон низ ахиран аз давлати Ҳомиди Карзай хостааст, то дар қонунҳои ҷиноӣ ҳадди шаръиро ҷорӣ кунад. Аммо имкони эъмоли меъёрҳои шариати исломӣ дар қонунҳои ҷиноии муосир то куҷо воқеъӣ ба назар мерасад? Ва ҳам дар Тоҷикистон, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Рашташ собиқаи кӯтоҳи эъмоли меъёрҳои шаритаро дошт, ба бозгашти ҳамсоякишвараш ба аҳкоми шариат чи гуна нигоҳ мекунанд?

ҲУКМИ САНГСОР ДАР МУЛЛОҚУЛӢ

“Ин ҳукми додгоҳ нест. Ин қарори худсаронаи як тӯдаи ағлаб бесавод аст, на уламои дин. Ва ҳадаф ҳам эҷоди тарсу ваҳм ва ҳарос додани мардум аст.”

Нодири Нодирӣ, раиси куммиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон аз он хайли бузургест, ки сангсор ва қатли як зану марди ҷавони муттаҳам ба зино дар рустои Муллоқулии улусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Даштиарчаи вилояти Қундузро маҳкум карданд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ бидуни муҳокима, аз сӯи силоҳбадастон ва ба зӯр содиру иҷро шудани ин ҳукми сангсорро муғойир бо тамоми усули башариву исломӣ ва ҳам “ҷинояте нобахшиданӣ” номид.

Ҳукми сангсори зану марди ҷавон дар Қундузро Толибон содир кардаанд
Шаби 15 август дар рустои Муллоқулӣ, ки таҳти назорати Толибон қарор дорад, барои тамошои ҷараёни судур ва иҷрои ҳукми сангсори як марди 28-сола ва як зани 23-сола, ки ба қаробати ғайримашрӯъи ҷинсӣ айбдор мешуданд, ҳудуди 100 нафар ва умдатан ҷангиёни толиб гирдиҳам омадаанд.

Мавлавӣ Абдулнасир, як рӯҳонии маъруф дар Даштиарча сангсори ин ҷуфти ҷавон дар Муллоқулиро маҳкум кард ва гуфт, чунин шеваи қазоват аз номи Ислом усулан дуруст нест: “Аз нигоҳи шаръӣ, як инсоне ки муттаҳам ба зино мешавад, ё бояд худаш 4 маротиба дар 4 ҷой иқрор кунад, ё инки шоҳиди мутааддад, яъне ҳадди ақал 4 шоҳид вуҷуд дошта бошад ва ҳар кадомаш ӯро кордбағилоф дида бошад. Дар ғайри он, шавоҳиди он мӯътабар нест. Ин шоҳидон бояд шоҳидони одил бошанду кадом муттаҳам ба ҳудуд ё иттиҳоме набошанд.”

ШАРИАТ ҲАҚҚИ ДАВЛАТИ ИСЛОМИСТ

Абдуллоҳ Атоӣ, доктори илми фиқҳ ва устоди афғониюласли Донишгоҳи мӯътабари Ал-Азҳари Миср, мегӯяд, масъулияти анҷоми ҳукми шаръӣ фақат ва фақат аз они давлати исломист: “Дигар ҳар кас ки бошад, амали номашрӯъест мисли ҳар кори номашрӯъи дигар, ки зери унвони татбиқи шариат мегӯядаш ё хайр. Кадом шариат аст, ки онро ҳар кас ба ҳар гӯшаву каноре бидуни будани валии амр, бидуни анҷоми иҷрооти ҷазоӣ ҳукми шаръиро иҷро бикунад. Он ҳукми шаръӣ нест. Мисли ин коре ки ин мардум (Толибон - РО) карданд. Агар бидуни иҷозати давлати исломӣ, бидуни таҳқиқот ва бидуни пешбурди иҷрооти ҷазоӣ, ки муттаҳам вақте иҳонату маҳкумияти бар ӯ собит шавад, аз як ноҳия ва аз сӯи дигар, беҳтар ин аст, ки валии амр дар афв кардан иштибоҳ бикунад, то дар уқубат ҷазо бикунад.”

Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Шӯрои уламои ҲНИТ низ мегӯяд, истифода аз ҷазои шаръӣ бояд ҳатман дар давлате, ки низомаш комилан исломист, сурат бигирад: “Қонунҳои шаръиро ҳар кас аз пеши худ ҷорӣ карда наметавонад. Вақте ҳукумат ҳукумати исломӣ бошад, қонунгузории давлат аз рӯи Қуръон бошад, вақте ҳукм комилан ба дасти Ислом бошад, он вақт ҳаққ дорад кас, ки қонуни шаръиро ҷорӣ кунад. Ҳар кас аз пеши худ наметавонад давлат эълон кунаду қонуни шариъат ҷорӣ кунад. Ин аз рӯи нишондодҳои қонуни шаръ нест.”

Afghanistan -- A burqa-clad woman at a polling centre in Herat, 20Aug2009
ҚАТЛИ ЯК ЗАНИ ҲОМИЛА ДАР ҚАДИС


Ҳамин тавр, ҳафтае қабл чирикиҳо дар улусволии дурдасти Қадиси вилояти Бодғис, дар ғарби Афғонистон Бибисанавбар, як зани 40-солаи ҳомиларо низ бо ҷурми зино 200 дурра зада, сипас ба қатл расондаанд. Қадис низ таҳти назорати Толибон аст.

Аз соли 1996 то 2001, яъне дар аҳди Толибон, муҷозот ва эъдоми муҷримин дар мазҳари омм, аз ҷумла истифода аз ҳукми сангсор, фаровон мушоҳида мешуд, вале сангсори ҷуфти муттаҳам ба зино дар Дашти Арча нахустин мавриди сабтшудаи сангсор дар Афғонистон баъд аз 8 соли суқути Толибон дониста мешавад.

ТАҚОЗОИ БОЗГАШТ БА ҲУДУДУЛЛОҲ

Сангсори ин марду зан зимнан дар ҳоле рух дод, ки дар Афғонистон баҳси мурооти бештари аҳкоми шариат дар қонунҳои мадании ин кишвар дигарбора доғ мешавад. Дар ҳафтаи гузашта Шӯрои сартосарии Уламо, як ниҳоди хеле пурнуфузи мазҳабӣ, ки ҳудуди 350 намояндаи равияҳои асосии исломии Афғонистонро муттаҳид мекунад, хостори ҷорӣ кардани ҳадди шаръӣ дар қонунгузории ҷиноии кишвар шуд.

Ҳадди шаръӣ, ё ҳудудуллоҳ муҷозотест, ки дар Қуръон аз сӯи Худованд барои якчанд ҷинояти мушаххас ваҳй шудааст. Аз ҷумла, ҳукми сангсор барои зинои байни марду зани оиладор, тозиёна задани марду зани муҷаррад бо ҷурми зино, буридани дасти дузд, шеваи гирифтани қасос ва муҷозоти қотил.

Олими Балхӣ, ноиби раиси Шӯрои уламои Афғонистон бо таъкид ба ин нукта ки исми расмии кишвар Давлати исломии Афғонистон аст, мегӯяд, ин бори аввал нест, ки ин Шӯро аз раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай иҷро шудани ҳудудро тақозо мекунад. Вале дар посух ба ин суол ки оё бо таваҷҷӯҳ ба вазъи фасод дар низоми додгоҳии Афғонистон ҳукми шаръӣ то куҷо метавонад адолатро тақвия кунад, Олими Балхӣ гуфт: “Ташвиш вуҷуд дорад, вале он сирфан марбут ба ҳудуд нест. Бо таваҷҷӯҳ ба фасоди идорие ки ҳаст, шояд на ҳама вақт одилона шавад, вале ин суол дар мавриди боқӣ анвоъи муҷозот низ вуҷуд дорад. Шумо бубинед, феълан маҳокими мол як нафарро ҳукм мекунад ба 20 соли ҳабс. Шояд ба далели фасод ӯ ноҳаққ маҳкум шавад ва 20 соли умраш дар зиндон гузарад. Ва аммо имкон дорад, як нафарро маҳкум кунад ба 20 дурра. Ноҳаққӣ инҷо ҳам метавонад роҳ биёбад, вале шумо инро муқоиса бикунед, ки ҷазои 20 дурра сахт аст ё 20 сол ҳабс? Чунин мушкил вуҷуд дорад, вале наметавонад баҳона шавад, ки ҳудуд иҷро нашавад.”

ШАРИАТИ “РАШТӢ” ДАР АҲДИ МУҶОҲИДИН

Дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон Ризвон Содиров, яке аз қумондонҳои мухолифин, дар водии Рашт қонунҳои шариатро ҷорӣ карда буд
Зимнан водии Рашти Тоҷикистон дар солҳои 90 ду дафъа шоҳиди эъмоли як андоза намоишии қонунҳои шариат шуда буд. Бори аввал дар оғози соли 1993 барои як ило 2 моҳи вуҷуди Ҷумҳурии исломии Ғарм, ки Ризвон Содиров эълон карда буд. Ва бори дуввум дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ, ки назорати ин водӣ ба ихтиёри муҷоҳидини Иттиҳоди мухолифини тоҷик омад.

Рустами Одил, як сокини Ғарм мегӯяд, он ҳукми шариат ҳама аз рӯҳияи романтикии муҷоҳидин сарчашма мегирифт, ки ҳанӯз шаҳди пирӯзӣ дар ком доштанд, вале ҳаддгузории онҳо ба маҳзи камсаводӣ асоси шаръӣ камтар дошт ва бештар зоҳирӣ буд: “Ба рости худ қозӣ доштанд, барои корҳои ношоистае, чун нӯшидани машрубот, ё зино ҳадд ҳам мезаданд. Мисол, сари як духтаракро тарошиданд. Ҳамроҳи ҳамон бача ҳардуяшро ба масҷид оварданду ягон ҳадди сахте назаданд, фақат сарашро тарошиданду баъд гирифтанду ба ҳамон бача никоҳаш карда, доданд, ки мегириаш акнун. Романтика доштанд ба қавле. Ин корҳо бештар дар сӯи Ҳоиту Ҷиргатол буд, ки онҷо қозӣ доштанду ҳаддгузориҳо мекарданд. Дар тарафи мо фақат ҳамин ки баъзе ҳаққимардумхӯрҳоро мекарданду дар тӯйҳо рафтанд, рубобу доираҳоро дар сари ҳофизон зада шикастанд. Аз ин рӯ, дар он давра сартарошону тӯйи ҳофизиву таблакидану арақнӯшӣ набуд. Ҳама тинҷ буд. Дуздиву мастӣ набуд. Мардум, ки аз муҷоҳидон метарсиданд, ҳамон корҳои ношоистаро намекарданд.”

Сокинони Рашт аз он тоифаи мардуми шаробхор низ ёд мекунанд, ки аз тарси дурра хӯрдан барои шикастани хумор роҳи тӯлониеро то Душанбе ва ё дастикам то Обигарм, ки ҳукми муҷоҳидин онҷо тамом мешуд, тай мезаданд, то ба истилоҳ “ҳалқи худро тар кунанд”.

ТИЛИСМИ ЧАШМУ ГӮШ

Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Шӯрои уламои ҲНИТ, эъмоли худсаронаи шариатро амре мухолиф ба аҳкоми шаръӣ медонад, вале мегӯяд, ҷазои шаръӣ, ё ҳудудуллоҳ паҳлуҳои мусбати худро дорад, ки дар қонунҳои маданӣ нест: “Тавре ки Иқбол мегӯяд:

Зӣ маҳкумӣ мусалмон худфурӯш аст,
Гирифтори тилисми чашму гӯш аст.


Яъне дигар чашму гӯши мо ба ҷазоҳои ҳозира чунон одат кардааст, ки ҳадди шаръӣ дар назари мардум аҷиб менамояд. Аммо он ҷазоҳоест, ки сатҳи ҷинояткорӣ, албатта, тамоман аз байн намеравад, вале хеле кам мешавад. Ҷазои шаръӣ беҳтар аст, чунки ончӣ ки Худо вазъ мекунад, банда ба он қодир нест. Масалан, чунин нест, ки як кас агар чизеро дуздид, зуд дасташро бибуранд. Мепурсанд аввал ва агар аз гуруснагӣ ё бараҳнагӣ ночор ба дуздӣ шуда бошад, дасташро намебаранд. Ин ҷазо барои дуздони касбист, ки бидуни зарурат даст ба дуздӣ мезананд. Ё зинокор. Мушкил аст дар як ҷомиа 4 шоҳидеро пайдо кард, ки шоҳиди зинои 2 тан шуда бошанд. Шояд дар 10 ё 20 сол як чунин маврид пеш биояд. Ин фақат чунон сиёсат дорад, ки мардумро водор мекунад, барои бе ҷиноят зистан кӯшиш кунанд.”

ТОҶИКИСТОН ДУНЯВӢ БОҚӢ ХОҲАД МОНД?


Бо ин ҳол, вакили мудофеъ Абдуқайюм Юсуфов эъмоли меъёрҳои шариат дар қонунгузории кунунии Тоҷикистонро коре иҷроношуданӣ мешуморад. Ва пеш аз ҳама ба далели банди аввали Қонуни асосиаш, ки низоми давлатии Тоҷикистонро дунявӣ эълон кардааст: “Дунявӣ будани сохти давлат татбиқи қонунҳои шариатро дар таҳкими давлатдорӣ инкор мекунад. Ҷорӣ кардани меъёрҳои ҳуқуқии шариатӣ дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур аст, зеро Тоҷикистон як қатор меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон эътироф кардааст, ки меъёрҳои ҷазои алайҳи саломатии инсон равонашударо инкор мекунад. Аз ҷумла буридани даст аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дур аст. Тарафдорони чунин ҷазо шояд бигӯянд, ки он пеши роҳи ҷинояткориро мегирад. Вале ин асос шуда наметавонад, ки меъёрҳои шариатро дар Тоҷикистон ба меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ ҷорӣ кунанд ва он амал кунад.”

ШАРИАТИ “ТОЛИБОНӢ” Ё…

Аммо дар мавриди Афғонистон, Мавлавӣ Сиддиқуллоҳи Муслим, мудири бахши фатвои Додгоҳи Олии он кишвар байни шариат ва таааҳҳудоте, ки Кобул дар мавриди мурооти ҳуқуқи башар супурдааст, таноқузе намебинад. Зимнан ӯ ҳам мӯътақид аст, ки аҳкоми шаръиро фақат давлат метавонад ҷорӣ кунад: “Уламои дин тавассути баҳсҳое, ки солиён идома дошт, ба чунин натиҷа расиданд, ки ҷорӣ кардани ҳудуд бояд ба идороти маъмуриву қазоӣ вогузор шавад, ки худ файсала кунанд.”

Ҳамин тавр, баҳси тавсиаи қаламрави ҳукми шариат як баҳси доғ барои Афғонистон боқист. Вале як суол ин аст, ки кадом шариат? Мардуми Афғонистон дар давраи Толибон шоҳиди эъмоли ба истилоҳ шариати “толибонӣ” шуда буд, ки бештар ба эҳсоси тарси мардум такя мекард, то ба ихтиёри онҳо. Бисёре аз уламо чунин усули таҳмили ҷабрии аҳкоми шариатро қабул надоранд, вале барои Толибон бозгашт ба шароит ва фазо ва арзишҳои он даврон, аз ҷумла ба эъмоли дубораи ҳамон шариати “толибонӣ” боз ҳам як ҳадафи аслӣ, балки ҳатто мисли як орзуи ширин боқӣ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG