Пайвандҳои дастрасӣ

Дар гузаргоҳи марзии Теми Хоруғ маросими ифтитоҳи хати интиқоли барқ аз вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба вилояти Бадахшони Афғонистон баргузор гардид. Ба гуфтаи муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов бо мавриди истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқ алҳол ширкати «Помир энержӣ» имконият дорад, ки шабонарузӣ барои 360 манозили истиқоматӣ, муассисоти давлатӣ ва тиҷоратии вулусволии Шуғнони Афғонистон ба андозаи 800 киловат неруи барқ интиқол бидиҳад. Муовини вазири энержӣ ин лоиҳаро қадамаи нахустин дар соҳаи ҳамкориҳои энержӣ дар минтақа унвон карда, баён дошт, ки бо бунёди нерӯгоҳи обии барқии «Помир -2» дар маҳалли Санободи ноҳияи Рӯшон барои ҳамкориҳои минтақавӣ дар заминаи энержӣ шароити бештар фароҳам хоҳанд сохт. Вай гуфт, ки барои асосонок кунии техникии лоиҳаи сохтимони ин нерӯгоҳи тавоноиаш то 60 ҳазор киловат гранти созмонҳои байналмиллалӣ дарёфт шудааст.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Саид Муҳаммад Хайрхоҳ иброз намуд, ки маҳалли Тем дуввумин нуқтаи интиқоли хати барқ байни Тоҷикистону Афғонистон буда, дар ин замина густариши ҳамкориҳои бештарро интизор доранд. Ба гуфтаи сафир ба ғайр аз вулусволии Шуғнон дигар маҳаллоти Бадахшони Афғониситон низ шадидан ба неруи барқ ниёз доранд ва аз сӯи имкони интиқоли неруи барқ ба Шимоли Покистон тавассути манотиқи марзии Афғонистон мавҷуд мебошаад.

Роҳбари ширкати «Помир энержӣ» дар Хоруғ Далер Ҷумъаев изҳор дошт, ки онҳо тасмим гирифтаанд, дар рӯзҳои наздик интиқоли барқро ба чаҳор деҳаи дигари вулусволии Шуғнони Афғонистон тавсеаъ бидиҳанд. Вай гуфт, ки «Помир энержӣ» метавонад, ки ҳамасола аз моҳи апрел то октябр ба миқдори 10 ҳазор киловатт неруи барқ содир кунад. Роҳбари ширкат интиқоли барқ ба вулусволии Шуғнони Афғонистонро лоиҳаи дорои аҳамияти иҷтимоӣ арзёби кард. Вай гуфт, ки бо 5 нафар сокини вулусволӣ курси омузишӣ гузаронида шуда, онҳо ба ҳайси кормандони ширкат наҳваи истифодаи барқро дар он ҷо назорат мебаранд. Нерӯи барқ ба сокинони вулусволии Шуғнони Афғонистон бо нархи муайяннамудаи ширкат барои шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

Лоиҳа бо мабағгузории ширкати «Равшан»- як бахши шабакаи бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ дар Осиё амалӣ шуда, барои иҷроиши он 170 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос дода шудааст. Роҳбари ширкати мобилии «Равшан» Карим Хоҷа гуфт, ки ҳамчунин бо назардошти пайдо шудани неруи барқ онҳо тасмим гирифтанд дар вулусволии Шуғнони Афғонистон нуқтаи истифодаи телефонҳои мобилӣ фаъол созанд.

XS
SM
MD
LG