Пайвандҳои дастрасӣ

Назари Бунгоҳи зидди фасод ба аудити Бонки миллӣ


Аудити Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз сӯи ширкати бритониёии Эрнст энд Янг гузаронида шуд

Аудити Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз сӯи ширкати бритониёии Эрнст энд Янг гузаронида шуд

Шерхон Салимзода, раҳбари ожонси давлатии назорати молӣ ва мубориза бо фасод, рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ гуфт, ин ниҳод то кунун натиҷаҳои аудит, ё худ бозрасии фаъолиятҳои Бонки миллии Тоҷикистонро, ки ширкати бритониёии Эрнст энд Янг анҷом дод, расман дарёфт накардааст.

Оқои Салимзода гуфт, натоиҷи ин бозрасӣ ҳанӯз далели ифтитоҳи парванда дар қиболи мавориди ошкоршуда дар ҷараёни аудит нест, вале маъмурони ожонсӣ мехоҳанд ба зудӣ ба таҳқиқи мавориди ёдшуда дар гузориш бипардозанд.

Қаблан додситонии кулли Тоҷикистон изҳор дошт, таҳқиқи натиҷаҳои бозрасии Бонки миллӣ дар салоҳияти ожонси зиддифасод аст, на додситонӣ.

Бо гузашти 20 рӯз аз нашри натоиҷи аудит, ё худ бозрасии фаъолиятҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳанӯз маълум нест, ки оё дар қиболи мавридҳои дар ин гузориш ёдшудаи сӯйистифода аз миллионҳо доллар маболиғи давлатӣ парвандаи ҷиное боз хоҳад шуд? Ва ҳатто маълум нест, ки таҳқиқи ин қазияро кадоме аз ниҳодҳои сершумори тафтишотии Тоҷикистон бар ӯҳда хоҳад гирифт. Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти масъули Тоҷикистон ҳанӯз мунтазири иттихози тасмими ниҳоии мақомоти сиёсианд, ки оё дар баробари натиҷаҳои бозрасии ширкати бритониёии Эрнст энд Янг чӣ мавзеъ хоҳанд гирифт.

Мақомоти Душанбе то ҳол талош мекунанд, аз посух ба суолҳо дар бораи натиҷаҳои ин аудит ё худдорӣ биварзанд, ё бо бо истифода аз таъбирҳои дипломатие, ки “натиҷаҳои аудитро расман дарёфт накардаанд ва, агар карданд, ҳатман аз пайаш хоҳанд шуд,” аз шарҳи бештар фирор кунанд. Ваё таҳқиқи ин қазияро хориҷ аз салоҳияти идораи худ ва марбут ба ягон ниҳоди дигар, масалан, ожонси мубориза бо фасод, бихонанд.

Дар ҳоле ки Абдусамеъ Дадабоев, муовини додситони кулли Тоҷикистон, ангушт ба сӯи ожонси зиддифасод мекунад ва таҳқиқи чунин парвандаҳоро аз салоҳиятҳои ин идора меномад, Шерхон Салимзода, раиси ожонсии давлатии назорати молӣ ва мубориза бо фасод, рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии идорааш изҳор дошт, ки ожонси зиддифасод то ҳол натиҷаҳои аудити Бонки миллиро расман дарёфт накардааст, ки ба таҳқиқаш бипардозад. Оқои Салимзода гуфт, натиҷаҳои нашркардаи бозрасон ҳанӯз далели ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ перомуни мавридҳои зикршуда дар ин гузориш шуда наметавонад.

Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки миллӣ ва муттаҳами аслии аудити ин бонк, худро бегуноҳ меҳисобад
Раиси ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аммо афзуд, ки ин ниҳод бояд маводи аудитро омӯхта, худ ба таҳқиқи мавридҳои дар он зикршуда машғул шавад. Шерхон Салимзода тааҳҳуд супурд, ки маъмурони ожонсиаш ба зудӣ машғули ин қазия хоҳанд шуд.

Дар моҳи марти соли гузашта Сандуқи байнулмилалии пул давлати Тоҷикистонро дар ироаи маълумоти нодуруст ба хотири дарёфти қарзҳои боимтиёзи ин ниҳоди молӣ айбдор кард ва аз Душанбе тақозо кард, беш аз 47 миллион доллари бар пояи ироаи маълумоти носаҳеҳ дарёфткардаашро пас бидиҳад.

Ҷониби Тоҷикистон ба дунбол ироаи маълумоти носаҳеҳ ба Сандуқи пулро эътироф кард ва то моҳи феврали соли равон ҳамаи 47 миллион доллар қарзи бо ин роҳ аз он ниҳод гирифтаашро пас гардонд. Дар пайи ин ҷанҷоли молӣ, Душанбе ба аудити байналмилалии фаъолиятҳои Бонки миллӣ ва ширкатҳои бузургаш – ТАЛКО ва “Барқи Тоҷик” низ ризоият дод.

Барои анҷоми бозрасии фаъолиятҳои Бонки миллии Тоҷикистон ширкати бритониёии Эрнст энд Янг интихоб шуд. Натиҷаҳои аудити анҷомдодаи ин ширкат дар авоили моҳи апрел дар сомонаи интернетии Бонки миллӣ нашр шуд. Ин гузориш раҳбари пешини Бонки миллӣ ва муовини кунунии сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонро ба сӯйистифода аз мақом ва интиқоли 856 миллион доллар ба суратҳисобҳои ширкати хусусии “Кредит-Инвест”, ки махсус ва масъули таъмини молии ширкатҳои сармоягузори хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон будааст, муттаҳам мекунад.

Бар асоси натиҷаҳои аудит, мансабдорон ба куҷо рафтани 220 миллион доллар аз маблағҳои таҳвилшуда тавассути “Кредит-Инвест”-ро шарҳ дода натавониста, бархе ҳатто асноди марбут ба ҳисобу китоби қарзҳои тавассути ин схема дарёфткардаи худро оташ задаанд, ки сирр фош нашавад.

Ва аммо Муродалӣ Алимардон, раҳбари пешини Бонки миллӣ ва муттаҳами аслӣ дар гузориши Эрнст энд Янг, худро ҳақбаҷониб мешуморад ва дар сӯҳбат бо хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, дар шароите вазнине, ки кишвар дошт, танҳо роҳи наҷоти соҳаи пахтакорӣ ҳамин буд. Оқои Алимардон зимнан ин иддаоро, ки ӯ дар ин схемаи тақсими пули пахтакорон манфиати шахсӣ дошт, радд карда, гуфтааст, ширкати “Баракат”, ки ба хонаводаи ӯ тааллуқ дорад, бештар ба чорводориву боғдорӣ машғул аст, ва камтар – ба пахтакорӣ.

Бо ин ҳол, рӯзи чоршанбе Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз рӯи достони аудит пардаи бештар бардошт ва эътироф кард, ки гузориши ширкати аудитории Эрнст энд Янг ба ҳукумат ирсол шудааст ва бояд ҳукумат таъйин кунад, ки оё кадом ниҳод машғули расидагӣ ба мавридҳои зикршуда дар ин гузориш хоҳад шуд.

Ин сӯҳбатҳои раиси Бонки миллӣ ҳокист, ки мақомоти зидахли Тоҷикистон ҳанӯз мунтазири тасмими сиёсӣ дар мавриди ин қазия буда, то маълум шудани мавзеъи мақомоти сиёсии кишвар аз шарҳи бештари масъала ва пардохти амиқтар ба мавзӯъ ҳамчунон сар хоҳанд печид.

Аз сӯи дигар, Сандуқи байнулмилалии пул дар ин ҳафта барномаи сесола ва қариб 120-миллиондолларии қарзҳои ҷадидаш ба Тоҷикистонро тасвиб кард, ки метавонад ҳамчун аломати пушти сар шудани марҳалаи таниш дар равобити ин ниҳод бо Душанбе ва пӯшида шудани саҳфаи аудит низ талаққӣ шавад. Ҳадди ақал дар зеҳни мақомоти зидахли Тоҷикистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG