Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи чаҳор донишҷӯи тоҷик аз Миср


Яке аз кӯчаҳои Қоҳира
Яке аз кӯчаҳои Қоҳира

Мақомоти амниятии Миср тасмим гирифтанд, даҳҳо донишҷӯ, аз ҷумла 4 тоҷикро, ки дар як амалиёти тафтишотӣ рӯзи 27-уми май боздошт кардаанд, ихроҷ намоянд.

Бахши аксари онҳое, ки аз Миср ронда мешаванд, шаҳрванди Русия мебошанд, ки дар нақзи қоидаҳои иқомат дар Миср айбдор шудаанд. Дар бобати ихроҷи шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон хабаре ба нашр нарасидааст, аммо ба гуфтаи расонаҳои гурӯҳӣ шуморе аз онҳо бо талошҳои Сафорати Тоҷикистон дар Миср озод гаштаанд.

Хабаргузориҳо шумораи умумии донишҷӯёни боздоштшударо, ки шаҳрвандони Русия, Фаронса, Дания, Британия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон мебошанд, наздик ба ҳазор нафар меноманд ва мақомоти дипломатии Тоҷикистон мегӯянд, аз 14 тоҷики боздоштшуда, 7 нафарашон ба озодӣ баромадаанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Давлат Назрӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, сафорати Тоҷикистон дар Миср талошҳои худро ба раҳоии 7 донишҷӯи боқимонда идома медиҳад, аммо муваффақияти ин талошҳо ба ҳолати асноди ҳуқуқии боздоштшудагон бастагӣ хоҳад дошт.

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, афзуд, мақомоти амниятии Миср ба намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира шарҳ додаанд, ки ҳадаф аз амалиёти онҳо тафтиши асноди шаҳрвандони хориҷӣ ва боздошти афроди қонуншикан будааст.

Яке аз донишҷӯёни тоҷик, ки нахост, номаш ифшо ва садояш забт шавад, дар гуфтугӯи телефонӣ аз Қоҳира тасдиқ кард, ки асноди бархе аз боздоштшудагон ба меъёрҳои Миср ҷавобгӯ набудааст. Аммо ба гуфтаи вай, тарзи тафтиши шиноснома ва раводидидонишҷӯён хушунатомез будааст. Аз ҷумла яке аз донишҷӯён танҳо барои он боздошт шудааст, ки шиносномааш ҳамроҳаш набудааст. Донишҷӯи дигарро аввал бо зарбулат ба яке аз боздоштгоҳҳои умумӣ интиқол додаанд ва танҳо баъд аз ин аз ӯ аснод пурсида, дар ниҳояти амр раҳо кардаанд.

Аммо як намояндаи расмии Тоҷикистон дар Миср ба мо навишт, ки иттилоъ дар бораи латукӯб шудани донишҷӯ асос надорад. Чунин хабар ба Сафорати Тоҷикистон дар Миср низ расидаааст, вале ҳангоми тафтиш маълум гаштааст, ки бо донишҷӯи тоҷик бадрафторие сар назадааст. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, 4 донишҷӯи тоҷик бо сабаби номукаммалии аснодашон ба Тоҷикистон бозгардонида хоҳанд шуд.

Хабаргузориҳои Русия гуфтаанд, мақомоти мисрӣ 13 нафар аз шаҳрвандони ин кишварро ба нақзи қоидаҳои иқомат дар Қоҳира айбдор ва ҳукми ихроҷи онҳоро содир кардаанд. Аксари наздик ба 200 шаҳрванди боздоштшудаи Русия аз ҷамоҳири шимоли Қафқоз ва асосан чеченҳову доғистониҳо будаанд. Аммо намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия дар гуфтугӯ бо радиои "Озодӣ" иброз дошт, ки асноди боздоштшудагон ҷавобгӯйи ҳамаи меъёрҳои иқомат дар Миср будааст. То ҳол танҳо 20 нафари онҳо ба озодӣ баромадаанд.

Вале 8 донишҷӯ аз Қазоқистон, ки низ ду шабро дар маҳбас ба сар бурданд, озод шуданд ва таҳсили худро дар Донишгоҳи Ал-Азҳар идома медиҳанд. Онҳо шикоят кардаанд, ки бо вуҷуди тамоми маълумоти марбут ба ҳувият ва суроғаашон дар мақомоти амниятии Миср онҳо дар сафи умум боздошт ва бозпурсӣ шудаанд.

Бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ тафтиш ва боздошти хориҷиёнро ба сафари раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба Миср бастагӣ додаанд. Қарор аст, Обама рӯзи савуми июн аз Қоҳира паёми худро ба мусулмонони ҷаҳон эълом дорад. Чанде аз созмонҳои тундрави исломӣ дар ин робита изҳори эътироз кардаанд ва мақомоти Миср ҳарос доранд, ки ҳангоми паёми Обама ҳодисаи нохушоянде рӯй диҳад. Аз он ҷо ки онҳо вазъияти фавқулодаи амниятӣ эълон кардаанд, қонунҳои ин мамлакат имкон медиҳад, хориҷиён ва шаҳрвандони Миср бидуни дастури додситонӣ барои мӯҳлати то 1 моҳ боздошт шаванд.
XS
SM
MD
LG