Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи Созмони Конфронси Исломӣ


Акмалиддин Эҳсоноглу, Дабири кулли Созмони Конфаронси Исломӣ.
Акмалиддин Эҳсоноглу, Дабири кулли Созмони Конфаронси Исломӣ.

Дар Дакар (Сенегал) ҳамоиши Созмони Конфронси Исломӣ ифтитоҳ шуд, ки дар он масоъили ислом дар қарни 21 баррасӣ мешаванд.

Фиристодани намояндаи вижа ба нишасти раҳбарони кишварҳои мусулмонӣ як саъйи дигари ҳукумати Амрико барои беҳбуд бахшидан ба обрӯяш дар хориҷ ва тақвияти муколама бо ҷомеаҳои мусулмонӣ дар саросари ҷаҳон аст. Ҷангҳои тулонии Амрико дар Ироқу Афғонистон ва ончӣ ки мусулмонон дар назархоҳиҳо сиёсати ғаразмандонаи Амрико алайҳи ислом гуфтаанд, обрӯи Иёлоти Муттаҳида дар миёни мусулмононро аз байн бурд.

Кондолиза Райс вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ҳадафи таъйини Садо Қамбар ба ҳайси намояндаи хос дар Созмони Конфронси Исломӣ (OIC) ислоҳ кардани тассавурҳои нодуруст доир ба Амрико дар ҷаҳони исломӣ аст: “Мо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дарк мекунем, ки бояд доир ба бештар аз 1 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон, ки пайрави дини Ислом ҳастанд, чизҳои зиёде биомӯзем. Намояндаи хоси мо дар Созмони Конфронси Исломӣ моро қодир месозад, то шинохти худро доир ба ҷомеаҳои исломӣ аз тариқи мусбат ва аз тариқи эҳтироми мутақобил бештар кунем".

Садо Қамбар соҳибкори сарватманд ва зодаи Покистон, ки ҳамшаҳрии раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аст, 11 ширкати махсуси фанновариҳоро таъсис додааст. Ӯ соли 1951 дар шаҳри Карочӣ ба дунё омада ва соли 1978 ба Амрико муҳоҷират кардааст. Асо Қамбар соли 1986 шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида шудааст. Вай мегӯяд, ки гузаштаву таҷрибаҳояшро барои наздик кардани кишварҳои мусулмонӣ истифода хоҳад кард: “Ба ҳайси як мусулмони амрикоӣ ман бовар дорам, ки дар мавқеъе нодире ҳастам, ки ин муколамаро пеш барам. Байни кишвари худ ва ҷомеаҳои мусулмонӣ дар саросари ҷаҳон ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътиқоди бештарро ба вуҷуд оварам. Ман қасд дорам, ба василаи таҷрибаи миллионҳо мусулмони муваффақ ба мисли худам роҳҳои нави иртибот ва ҳамдигарфаҳмиро пайдо кунам”.

Соли 2006 вазорати умури хориҷаи Амрико барои боло бурдани обрӯи латмадидаи худ дар миёни ҷомеаҳои мусулмонӣ барномаеро таҳти унвони “сафирони ҳусни ният” оғоз кард, ки дар чаҳорчӯби он мусулмонҳои Амрико ба кишварҳои мухталиф сафар ва бо ҷомеаҳои мусулмони он гуфтӯгу мекарданд. Наворҳои видеоӣ, ки мусулмони амрикоиро ҳангоми кору бозиву таҳсил намоиш медод, бахши дигари ин барнома буд. Аммо ин талошҳои диломатияи ҷамъиятӣ ба эътибори Амрико чизи зиёде зам накардаанд мегӯяд Умед Сафӣ - профессори мазҳабшиноси Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ дар Амрико.

Вай меафзояд, чун Амрико 6 миллион мусулмон дорад, бояд садои онҳо дар Созмони Конфронси Исломӣ низ шунида шавад. Умед Сафӣ мегӯяд, сабаби аслии фиристодани намояндаи хос ба конфронс ин нест, балки нишон додани ниятҳои дӯстонаи Амрикост. Умед Сафӣ мегӯяд, Амрико танҳо бо тағйири сиёсати худ метавонад, обрӯяшро дар ҷаҳони исломӣ боло барад ва ба ғайр аз ин роҳи кӯтоҳи дигаре надорад. Умед Сафӣ ҷангҳо дар Афғонистону Ироқ ва ҳимояти Амрико аз Исроил дар муноқишаи Фаластиниёнро ду омиле номид, ки сабаби хашми мусулмонон аз Амрико шудааст.

Ба ғайр аз тағйири сиёсат, Умед Сафӣ сармоягузории бештари Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои мусулмонӣ, табодули барномаҳои фарҳангӣ роҳҳои дигари боло бурдани обрӯи Амрико дар олами ислом медонад. Профессори амрикоӣ пешниҳод мекунад, ки Амрико ҳарчӣ бештар ба донишҷӯёну пажӯҳишгарони мусулмон иҷозаи таҳсил дода ва ҳамингуна дарҳои муколамаро боз кунад. Ба қавли Умед Сафӣ сафирони аз ҳама хуби сулҳ, донишҷӯёни ҷавон ҳастанд, ки барои пазируфтани афкори гуногун боз мебошанд.

XS
SM
MD
LG