Пайвандҳои дастрасӣ

Як сол пеш сокинони деҳае дар ҷануби Қирғизистон раҳпаймоии эътирозӣ барпо намуданд, зеро мақомот ба онҳо иҷозат надоданд, ки иди Фитрро дар майдони варзишӣ ҷашн бигиранд.

Мақомот пайравони Ҳизб-ут-таҳрирро тарҳрези гирдиҳамоӣ номида, даҳҳо сокини деҳаи Нукатро ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карданд. Аз ҷумла ду зани фаъол ба 15 сол зиндонӣ шуданд.

Ҳабси дарозмуддат дар дохил ва берун аз қаламрави Қирғизистон аксуламалҳои зиёд ба вуҷуд овард. Аммо ба назар мерасад, ки ба ин восита мақомоти қирғиз мехостанд паём фиристанд, ки Ҳизб-ут-таҳрирро таҳдид мешуморанд ва ба пайравони он тараҳҳум нахоҳанд кард.

Имсол гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо нақши занон дар Ҳизб-ут-таҳрирро таҳқиқ намуда, дар гузоришаш иброз доштааст, ки шояд ҳазорҳо зани қирғиз пайрави ин гурӯҳи манъшуда бошанд.

10 000 ҲАЗОР ПАЙРАВ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Дар гузорише зери унвони "Занон ва бунёнгароӣ дар Қирғизистон" Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо навиштааст, ки эҳтимол дар Қирғизистон то 8000 нафар пайрави Ҳизб-ут-таҳрир бошанд, ки аз байни онҳо то 2000 нафар зан ҳастанд.

Ба ақидаи муаллифони гузориш, афзоиши камбағалӣ ва коҳиши имконоти занон метавонад теъдоди занон дар Ҳизб-ут-таҳрирро бештар намояд.

Ҳомии ҳуқуқи башар хонум Азиза Абдурасулова мегӯяд, аз бадшавии вазъи иқтисодӣ, фасод ва коҳиши имконот беш аз ҳама занон азият мекашанд.

Вай афзуд, "дар ҳоле ки занон ҳамарӯза бо мушкилиҳо ҷадал доранд, шояд шуморе аз онҳо ба Ислом рӯ оранд. Чунки онҳо аз ҷониби ҳукумат ҳеҷ кафолате дарёфт накардаанд ва ҳеҷ рӯзи хуше интизор надоранд. Аз ин рӯ, онҳо ба Ислом ба Худо рӯ меоранд. Аммо ман фикр намекунам, ки онҳо ҳатман ба Ҳизб-ут-таҳрир ва ё кадом созмони дигари ифротгаро ҳамроҳ шаванд".

ЗУҲУРИ ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар Осиёи Марказӣ Ҳизб-ут-таҳрир солҳои навадуми қарни гузашта дар Узбакистон зуҳур намуда буд. Имрӯз фаъолияти ин гурӯҳ дар қаламрави тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ манъ буда, мақомот онро таҳдид ба амният ва сохти дунявии давлатдорӣ мешуморанд.

Мақомоти Тоҷикистону Узбакистон Ҳизб-ут-таҳрирро бо сарпарастии ҳамлаҳои мусаллаҳона муттаҳам намуда, аъзои онро ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум мекунанд.

Шореҳони маҳаллии Қирғизистон бар ин назаранд, ки Ҳизб-ут-таҳрир аксаран дар манотиқи ҷанубии ин кишвар реша давондааст, аммо гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо дар гузориши ахири худ навиштааст, ки тарғибгарони Ҳизб-ут-таҳрир дар гӯшаҳои дигари Қирғизистон ва аз ҷумла дар шимоли ин кишвар низ мардуми зиёдеро ба сафҳояшон ҷалб кардаанд.

Муаллифони гузориш илова кардаанд, ки дар давоми бист cоли баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва зуҳури бозори озоди иқтисодӣ занон дар муқоиса бо мардон бо мушкилиҳои бештар мувоҷеҳ гаштаанд. Одатан маоши онҳо дар муқоиса бо маоши мардон поинтар буда, занон аз ҳифзи иҷтимоии ночизе баҳраманд ҳастанд.

Дар чунин шароит ба навиштаи гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо, Ҳизб-ут-таҳрир ба занон ваъдаи ҳалли мушкилиҳоро фароҳам меорад.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, эҳтимол бисёриҳо узвияти созмонҳои шабеҳи Ҳизб-ут-таҳрирро роҳе барои рафъи камбудиҳо мебинанд: "Онҳо хилофати исломӣ ваъда дода мегӯянд, ки марз, полис, фасодзадагӣ ва ғайраву ҳоказо аз байн меравад. Хуллас, ваъдаҳои ҳавоӣ медиҳанду мардуми дилмондаро ба сафҳо худ мекашанд". Ба қавли Кабирӣ ваъдаҳои Ҳизб-ут-таҳрир чизе беш аз хаёли ботил нестанд.

ҶАЛБИ ЗАНОН БА ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР

Дар ҳамин ҳол Тоҷӣ Мустафо, сухангӯи Ҳизб-ут-таҳрир дар Бритониё, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки занон дар паҳн намудани паёми Ҳизб-ут-таҳрир ва даъвати мардум ба узвият дар ин гурӯҳ нақши муҳим доранд.

Вай афзуд, "мардум масъалаҳои марбут бо дини Исломро дар хонаҳо баҳс мекунанд. Вақте зану шавҳар ҳамроҳ ҳастанд ва ё ҳамроҳ бо фарзандонашон... Ин хеле табиист, ки Ислом дар ҷамъомадҳои иҷтимоӣ мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Ва ё ин, ки занон бо занони дигар вомехӯранду исломро бо онҳо матраҳ мекунанд".

Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо бар ин назар аст, ки таъқибу шиканҷаи пайравони Ҳизб-ут-таҳрир таваҷҷӯҳ ба ин гурӯҳи манъшуда ва даъвати аъзои нав ба онро тақвият мебахшад.

Қодир Маликов, раиси пажӯҳишгоҳи дин, қонун ва сиёсат, ки марказаш дар Бишкек аст, ки аслан аз чунин маъракаҳои таъқиб мусулмонони муътадил азият мекашанд, на аъзои созмонҳои ифротгарои динӣ.
XS
SM
MD
LG