Пайвандҳои дастрасӣ

"...бедории қавми хастаи хомхоб дар нимаи шаб"


Гулрухсор, шоираи тоҷик

Гулрухсор, шоираи тоҷик

Ахиран - баъд аз сукути тӯлонӣ - шоираи шаҳири тоҷик Гулрухсор достони нави худ «Озарахш»-ро нашр кард.

«Озарахш» достонест шарҳиҳолӣ ва руҷӯъест бар зиндагиномаи шоирони номдори тоҷик Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ, ки дар шумораи ахири ҳафтаномаи «Миллат» чоп шудааст.

Достони «Озарахш» - ва ё, ба гуфтаи худи Гулрухсор, «Насли қишлоқии шаҳрофар» - манзумаи кӯчакест, ки дар таркиби он ҷаҳони умед, талошу набард, шабзиндадориву яъсу навмедӣ ва ормонҳои миллии се шоир - Бозору Лоиқ ва худи Гулрухсор - фароҳам гирдоварӣ шудааст.

«Бозора бигиред, инсоне, ки мехост ватанашро соҳибистиқлол бубинад, ватанашро озод бубинад, забони миллаташро дар мақому ҷои сазовор бубинад, бинед, ки дар куҷост. Лоиқ, ки натавонист, ин ҳама гирудорро таҳаммул кунад, фавтид... Ва ин насле буд, ки ман онро ба як ибора «насли қишлоқии шаҳрофар» мегӯям - ҳамаи мо аз деҳа омада, мехостем, ки як деҳаи дигарро бо номи Душанбе, шаҳр кунем, шаҳри миллӣ».

Хонум Гулрухсор афзуд, талошҳои қавии шуъарои тоҷик барои истиқлолият, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, бедории миллӣ, ки ҳанӯз солҳои 60-уми асри сипаришуда шурӯъ гардидаву дар ин манзума ба риштаи тасвир кашида шудааст, дар аксари маворид дучори нокомӣ ва нофаҳмиҳои ҳаммеҳанон шуда буд ва то ҷое, ки адибонро мехостаанд ҳатто ба қатл расонанд: «Имрӯз дар ин дастурхоне, ки мехостем ороем бо муқаддасоти миллӣ, дигарон нишастаанд, вале ҳар ибтикоре, ки мо мекардем, моро заданд, кӯфтанд, таҳқир карданд - то ҷое, ки моро мехостанд кушанд».

Ин достон бузург нест - дар ду сафҳаи ҳафтанома - ҷо шудааст ва Гулурухсор абёти парокандаи Лоиқу Бозорро ончунон ба риштаи тасвиру тавсифи манзума кашидааст, ки аз ҳар пораи ашъор, ки суруда шудаанд, хонанда метавонад ба зиндагинома ва шарҳи ҳоли ҳамонрӯзаи шуаро ошно бигардад.

Ва аммо ин барои нахустин бор нест, ки шуарои баркамоли тоҷик рӯ ба достони кӯчак кардаанд. Қаблан Муъмини Қаноъат ифтихори арӯзи ҷорӣ ва парчамбардори дастонсароӣ дар кишвар манзумаи кӯчактар аз «Озарахш»-и Гулрухсорро бо номи «Масъуднома» нашр карда буд. Мирзои Шукурзода, адабиётшиноси тоҷик, мегӯяд, рӯ ба достони кӯчак овардани шуарои баркамол талаби замон ва тақозои назми имрӯза будааст:

««Балоғат дар сухан донӣ чи бошад?
Баёни андаку маънии бисёр!» - гуфтааст Саноии Ғазнавӣ.

Муъҷазбаёнӣ, агар аз як сӯ талабу тақозои замон аст, аз ҷониби дигар қудрати истеъдоду тавоноии соҳибқаламонро нишон медиҳад».

Достони «Озарахш»-ро, ки, ба гуфтаи худи шоира, дар ду аср - 20 ва 21 - суруда шудааст, Гулрухсор ба Лоиқу Бозор - насли бедори миллат - бахшидааст. Зерсарлавҳаи он "Номаи дермонда аз асри 20 ба қарни 21: барои Лоиқ, шоири фарёдҳои бефарёдрас, ва барои Бозор Собир, шоири овораву сарсон" унвон гирифтааст ва ин ҳам - порае аз манзума:

Насли ман, насли фиғони дар гулӯ монда,
Насли аз ҷоҳу ҷалоли хеш ронда,
Насли тоқат, насли тамкин,
Насли таҳқир аст!
Хона дар пушт,
Бод дар мушт,
Хок бар сар,
Насли тоат,
Насли тоқат,
Насли иззат,
Насли тақсир аст!
Шабфурӯзи шабпарастон,
Бодаи ҳушёрии девонамастон,
Вориси номуси миллат,
Ҳақнамои ҷурму иллат,
Насли нозир,
Насли таҳрир,
Насли тафсир аст!
Насли бо қишлоқи худ дар шаҳри беёдон мусофир,
Насли бо айлоқи худ дар кӯчаи Ленин муҳоҷир,
Насли деҳотии шаҳрофар,
Насли довар,
Насли чокар,
Насли ғампир аст!

... Панҷае дар доману андар гиребони замона,
Насли афсона,
Насли парвона,
Насли бегона,
Ахтаре андар самои ҷаҳли инсон аст,
Ахгаре аз гармии хокистари оташпарастон аст,
Бо сафои аз сиёҳии риёи даҳр нораста,
Ҷоми сури дар азои хеш бишкаста,
Озарахше дар шуъури бешуъурон аст,
Вориси шабмондаи оташпарастон аст
Луъбати беминнати бозии тазвир аст,
Чун ҳавои тозае аз оҳи дамгир аст,
Насли ман,
Насли фиғони дар гулӯ монда...

XS
SM
MD
LG