Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли таҳрими олимпиадаи Чин аз сӯи Конгреси ИМА


Ҷаласаи Конгреси ИМА

Ҷаласаи Конгреси ИМА

Қонунгузорони Амрико кӯшиш мекунанд раисиҷумҳури ин кишвар Ҷорҷ Бушро ба таҳрими бозиҳои олимпии Пекин водор созанд.


Дирӯз намояндаи Конгрес - палатаи поёнии парлумони Амрико иттилоъ дод, ки бо сабаби саркубии эътирозҳо дар Тибет ва дигар мавридҳои эҳтимолии нақзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомоти Чин лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки ширкати Ҷорҷ Буш дар маросими ифтитоҳи бозиҳоро манъ кунад. Лоиҳаро раиси кумитаи сиёсии Конгрес аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Тадеуш МакКоттер муаррифӣ намуд ва чанд қонунгузори дигар изҳори омодагӣ кардаанд онро тарафдорӣ намоянд.

Дар пешнависи қонун омадааст, ки “ба мансабдорон ва кормандони ҳукумати марказӣ ҳузур дар маросими ифтитоҳи бозиҳои тобистонии олимпии соли 2008, ки аз ҷониби давлати шуравии Чин баргузор мешавад, бо сабаби бархурди ваҳшатонаи режими шуравии Чин бо эътирозгарон дар Тибет манъ карда шавад”.

Алорағми даъватҳои сарварони кишварҳои ҷаҳон барои бойкоти бозиҳои олимпии Пекин дар эътироз ба фурунишонии тазоҳуротҳо алайҳи ҳокимияти Чин дар минтақаи ҷудоихоҳи Тибет, Ҷорҷ Буш нақша дорад дар ин маросим ширкат варзад. Ин дар ҳолест, ки садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфтааст, ба маросим намеравад ва раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ имкони гирифтани чунин тасмимро рад накард.

Пекин иддао дорад, ки ошубгарон зимни бетартибиҳо 18 шаҳрванди бегуноҳ ва ду корманди пулисро ба қатл расондаанд, аммо намояндагони ҳукумати Тибет дар ҳиҷрат мегуянд, ҳангоми фурунишонии эътирозҳо аз ҷониби ҳукумати Чин аз 135 то 140 нафар кушта шудааст. Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда Пекин дар пуштибонии режими хунини Судон, ҷорӣ кардани сиёсати танҳо як тифл дар оила, нақзи ҳуқуқи озодии дин, фишор болои иттиҳодияҳои кории мустақил, даст доштан дар вайронкардани муҳити зист ва маҳрумияти шаҳрвандони кишвар аз озодиҳои асосӣ муттаҳам мешавад.

Ин нахустин лойҳаи қонунест ки баъд аз саркубии эътирозҳо дар Тибет ба Конгреси ИМА пешниҳод мешавад. Ин дар ҳолет, ки Вошингтон дирӯз иддаҳои мақомоти Пекинро, ки раҳбари руҳонии Тибет Далай Лама ҳамлаҳои интиҳориро пуштибонӣ мекунад, рад карда, ӯро инсони сулҳҷу номид ва аз ҳукумати Чин даъват кард бо Далай Лама гуфтушунидҳоро доир кунад.

Дар ин бора муовини сухангуи вазорати корҳои хориҷаи Амрико Том Кейсӣ ба хабарнигорон изҳор дошт. Кейсӣ гуфт ки Далай Лама шахсияти сулҳомез аст ва аз раванди мусолиҳатомези пайдо кардани роҳи ҳали қазияи Тибет пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG