Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургдошти устод Рӯдакӣ дар Маскав


Ҳамоиши бузургдошти поягузори адабиёти тоҷику форс дар кохи адибони Русия бо иҷтимои пуршукӯҳи алоқамандони фарҳанги форсӣ баргузор шуд.

Маҳфили бузургдошти Абуабдулоҳи Рӯдакӣ дар Маскав, ки рӯзи чоршанбеи ахир сурат гирифт, аз ду бахш иборат буд. Дар қисми аввал донишмандон ва муҳаққиқон дар бораи паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти устод Рудакӣ гузоришҳо ироа карданд. Михаил Боголюбов, забоншиноси машҳури Русия ва академики фарҳангистони улуми Русия, суханронии худро бо қироати машҳуртарин шеъри устод Рӯдакӣ «Бӯи ҷӯи Мулиён» шурӯъ кард.

Михаил Боголюбов дар мӯҳтавои суханронии худ бо истифода аз ашъори устод Рӯдакӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таъкид кард, ки осори ин ду бузургмард дар фароянди ташаккули забони форсӣ таъсири созанда ва бунёдӣ доранд.

Лола Саломатшоева аз пажӯҳишҳои ховаршиносӣ дар мавриди тарҷумаи ашъори устод Рӯдакӣ нақл карда, гуфт, «хеле хушҳолам ки, фурсате пайдо шуд ва мо имрӯз барои баҳсу мулоҳизаи яке аз беҳтарин ва яке аз заруртарин масоили шарқшиносӣ, яъне инъикоси эҷодиёти устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба назму насри форсӣ ҷамъ омадем. Чуноне ки гуфтам, мавзӯъи баромадам роҷеъ ба тарҷумаи ашори устод Рӯдакӣ ба забони русист. Бо иҷозаатон шеъри Мавлавиро тағир дода, мегӯям:

Русӣ гӯй, гарчи форсӣ хуштар аст,

Ишқро дусад забони дигар аст».

Дар конфронси илмӣ бахшида ба 1150-солагии устод Рӯдакӣ як гурӯҳи донишмандони тоҷик ширкат доштанд. Расул Ҳодизода, рӯдакишиноси маъруф ва яке аз муҳаққиқони шинохтаи адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ, тайи суханронии худ ба он ишора кард, ки ҳарчанд омӯзиши эҷодиёт ва саргузашти малик-уш-шуарои адабиёти форсӣ чанд даҳсолаи ахир тавсеъа ёфтааст, вале ҳанӯз масъалаҳои зиёде бояд баррасӣ ва равшан шавад. Ба вижа саргузашти устод Рӯдакӣ то омадан ба дарбори Сомониён.

Бахши дуввуми ҳамоиши бузургдошти устод Рӯдакӣ дар Маскав бо ширкати ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон Ҷурабек Муродов, Давлатманди Хол ва Афзалшо Шодиев доир шуд. Суруди Давлатманди Хол бар шеъри устод Рӯдакӣ «Бӯи ҷӯи Мулиён» ҳозиронро мафтун кард.

Ин маҳфилро сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия бо ҳамкории пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва Иттиҳодияи нависандаҳои Русия баргузор карданд.

XS
SM
MD
LG