Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои хатарбор барои хабарнигорон


Созмони байнулмилалии Кумитаи дифоъи хабарнигорон (CPJ) 13 кишварро ном бурдааст, ки дар онҳо ба муҷозоти қотилони хабарнигорон даст наёфтаанд.

Дар се кишвари ин рӯйхат - Ироқ, Сиера Леоне ва Сомалӣ - куштори рӯзноманигорон бо низоъҳо марбут мебошад, вале дар миёни даҳ кишвари боқимондаи ин рӯйхат давлатҳои демократие ба монанди Мексика, Филиппин ва Афғонистон ба чашм мехӯрад.

Мудири иҷроияи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон Ҷоэл Саймон мегӯяд, ҳар гоҳе ки рӯзноманигоре ба қатл мерасаду мақомот ба муҷозоти қотилон муваффақ намешаванд, ин амал ба аҳли қалам ва хоҳишмандони ҳамла ба рӯзноманигорон сигнали даҳшатбор мефиристад. Ба гуфти номбурда мақомоти 13 кишвари шомил дар рӯйхати мамолики хатарбор барои рӯзноманигорон бояд саъйи бештар намуда, собит кунанд, ки озодии баёнро кафолат дода метавонанд. Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон таъкид кардааст, ки ҳарфи холӣ ҳаёти рӯзноманигоронро ҳимоят намекунад.

Дар арафаи Рӯзи байнулмилалии озодии матбуот, яъне 3-уми май, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманингорон 13 кишвар, аз ҷумла Ироқ, Сиера Леоне, Сомалӣ, Колумбия, Шриланка, Филиппин, Афғонистон, Непал, Русия, Мексика, Бангладеш, Покистон ва билохира Ҳиндустонро ёдрас кардааст, ки дар онҳо қотилони рӯзноманигорон дар озодӣ мебошанд.

Дар миёни ин 13 кишвар Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон баъзе умумиятҳое пайдо кардааст. Аввалан аксари кишварҳо низомӣ демократӣ доранду дар онҳо ҷанг ва ё низои дохилӣ ҷой надорад. Сониян, дар ин кишварҳо ба таври муназзам журналистон кушта мешаванду касе ҷавоби ин амалро намедиҳад. Ҳатто дар Ироқ, ки дар ҳоли ҷанг аст, аксари рӯзноманигорон на дар ҷабҳа бо тири тафсодуфӣ, балки ҳадафмандона дар ҷои кору зиндагӣ кушта шудаанд ва беш аз ҳама рӯзноманигорони маҳаллии машғул бо арзёбии ҳаводиси маҳаллӣ мавриди ҳамлаҳо қарор мегиранд.

Ҷои ёдоварист, ки дар рӯйхат кушторҳои рӯзноманигорон дар тӯли даҳ соли ахир таҳқиқ шудаанд ва шомили он фақат мамолики гаштаанд, ки дар он ҳадди ақалл 5 ҳодисаи куштори рӯзноманигор бидуни муҷозоти масъулони ин ҷурм боқӣ мондааст.

Ба ақидаи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон кишвари аз ҳама серхатар барои рӯзноманигорон Ироқ аст. Аз соли 2003-ум замони оғози амалиёти байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар ин кишвар 79 ҳодисаи куштори рӯзноманигор ҳалношуда ҳастанд. Аксари рӯзноманигорон ба хотири иҷрои вазифаашон кушта шудаанд, на дар ҷабҳаи ҷанг ва ё тири тасодуфӣ.

Дар мавриди Русия Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ҳодисаи куштори муҳаррири нашрияи Форбси чопи Маскав Пол Хлебников дар соли 2004-ум ва қатли гузоришгар Анна Политковская дар назди хонааш дар соли 2006-умро ёдовар шудааст.

Дар давоми даҳ соли ахир дар Тоҷикистон ҳам ҳодисаҳои куштори рӯзноманигорони хориҷиву дохилӣ ҷой доштанд, вале бархе аз ин кушторҳо кашф шудаву омилини он ба муҷозот гирифтор шуданд. Соли гузашта баъди нӯҳ сол афроди муттаҳам дар куштори хабарнигори ВВС Муҳиддини Олимпур ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шуданд, вале ҳанӯз масъулони куштори даҳҳо рӯзномаигори дигари тоҷик дар озодӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG