Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми маҳфили навбатии сарони ИДМ


Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои руси ӯ, Владимир Путин нишон доданд, ки муносибатҳои ду кишвар "тармим" шудаанд.

Тоҷикистон ва Русия

Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот гуфт, Тоҷикистон ҳамчунон мехоҳад, дар ҳамаи заминаҳо бо Русия шарики стратегӣ боқӣ бимонад.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон дар остонаи баргузории ин нишаст мегуфтанд, ба далели амал накардани Русия ба тааҳҳудаш дар иҷрои барномаҳои энержии Тоҷикистон муносиботи ду кишвар ба сардӣ гароидааст.

Владимир Путин низ гуфт, дар ҳар сурат мувофиқатномаҳои аслии дуҷониба, ки солиёни пешин имзо шуда буданд, дар ҳоли иҷро қарор доранд. Путин тарҳи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтудаи 1-ро намуна оварда гуфт, ин тарҳ бозгӯи он аст, ки ду кишвар метавонанд дар оянда дар ин замина ҳамкорӣ кунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди муосидат ба сохтмони ниругоҳи Роғун низ дигарбора қавл додаст. Ӯ гуфтааст, ки Русия дар садади таҳияи як тарҳи сармоягузории ин сохтмон аст, ки ба зудӣ онро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард. Бархе аз коршиносон мегӯянд, Русия дар ин тарҳ ба Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард, ки бар ивази сармоягузории 1,5 миллиард $ дар Роғун 75 %-и саҳмияи ин ниругоҳро дар ихтиёр дошта бошад. Феълан, низ 75 дарсади саҳмияи Сангтуда- 1 ба Русия тааллуқ мегирад.

Сарнавишти ИДМ

Аммо ин дар ҳолест, ки мавзӯъи аслии нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд, бозсозӣ ва таҳкими сохтории Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ ва заминаҳои заминаҳои ҳуқуқи ташаккули ин созмон унвон шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки 15 сол аз умри Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ пушти сар мешавад.

Мушкили аслии кишварҳои узви ин ҷомеаи ҳамкорӣ хоса дар Осиёи Марказӣ, яке масъалаи барномаҳи энержӣ, муҳоҷирати корӣ ва масъалаҳои марзӣ мебошад, масоиле, ки дар дастури кори нишасти сарони кишварҳо ҷой надорад.

Аз ин лиҳоз, мегӯянд аксари коршиносон, назар ба масоили рузномаи кори нишасти сарон мулоқотҳои ҳошияӣ ва дуҷонибаи сарони кишварҳо бештар ҷалби таваҷҷуҳ хоҳад кард.

Дидорҳои хос

Аз мавзӯъҳои дигари муҳими дидорҳои Душанбе, мулоқоти эҳтимолии сеҷонибаи руасои ҷумҳурии Русия, Қазоқистон ва Туркманистон унвон мешавад. Дар ин мулоқот интизор меравад масъалаи эҳдоси хати лулаи гази Хазар баррасӣ шавад. Василина Василева, таҳлилгари рӯзномаи «Московские новости»- чопи Маскав мегӯяд, ҳарф дар сари ин масъала банд аст, ки сарнавишти ин хати лула бисёр тира аст. Зеро ҳам Нурсултон Назарбоев ва ҳам Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба тарҳи лулаи гази фарохазарӣ таъкид меварзанд, ки Ғарб низ аз он ҷонибдорӣ мекунад. Мулоқоти осоне нахоҳад буд, мегӯяд хонум Василева.

Ба назари таҳлилгарон, саҳнаи муҳими дигари ин мулоқотҳо дидори Путин бо раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко дар мавриди ояндаи давлати муттаҳида ва робитаҳои ду кишвар дар остонаи интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳури Русия, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов роҷеъ ба марзҳо ва барномаҳои энержӣ хоҳад буд.

Охирсухан

Аммо нишасти сарони кишварҳои ИДМ мисли ҳамеша камтар таваҷҷуҳи таҳлилгаронро ҷалб кардааст. Таҳлилгари «Московские новости» мегӯяд, дар ин нишастҳо қарордодҳои калидие ба имзо намерасад, агар бирасад ҳам, иҷро намешавад ва мемирад, аммо, мегӯяд ӯ, клуби мубоҳиси раисони ҷумҳуриҳо низ маҳфили баде нест. Бо ҳам мебинанд, мулоқот мекунанд ва ҳарфҳои хуше мезананд ва шояд рӯзе касе ин ҳарфҳоро иҷроӣ кунад.

XS
SM
MD
LG