Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низои дипломатҳои эронӣ ва нависандаи боснӣ


Як идда равшанфикрони Босния ҳукумати кишварашонро бо нокомӣ дар дифоъ аз адибони ин кишвар муттаҳам мекунанд.

Ин изҳори назари равшанфикрон дар ҳоле нашр шудааст, ки нависанда Зелко Иванкович дар як низои лафзӣ бо дипломатҳои эронӣ қарор дорад. Онҳо мегӯянд, ки дар асари ахираш Иванкович ба тавҳини ислом даст задааст.

Моҳи гузашта нашрияи ''Oslobodjenje'', чопи Сараево, силсилаи мақолаҳои таърихиву фарҳангии нависанда Зелко Иванковичро зери унвони "Ҳувияти холкӯбишуда" ба табъ расонд. Ба сафорати Эрон дар Босния маъқул нашудааст, ки Иванкович дар як бахши асараш аз китоби серхаридори "Қиссаҳои Лолитаи Теҳрон", ки дар он ҳаёти хонум Озар Нафисӣ баъди соли 1979 хотирнишон мешавад, иқтибос овардааст.

Озар Нафисӣ духтари собиқ мири Теҳрон буда, дар бораи хотироти давраи инқилоби исломӣ китоби, ба истилоҳ, бестселлер, яъне серфурӯш офаридааст.

Мақолаи Иванкович замоне ба табъ расид, ки дар Теҳрон эътирозҳои баъди интихоботи президентӣ оғоз ёфта буданд. Ба қавли масъулони сафорати Теҳрон, ҳадаф аз ин мақола ҳукумати Эрон аст. Дар изҳороте, ки сафорати Теҳрон дар нашрияи ''Oslobodjenje'' ба табъ расонд, асари Иванкович "бадномкунии ошкоро"-и ислом номида шудааст. Ба навиштаи дипломатҳои эронӣ, мақола бахше аз ҷанги равониву тарғиботӣ бар зидди мусулмонон аст.

Вале Иванкович бар ин назар аст, ки изҳороти дипломатҳои эронӣ ҳуқуқи ӯро поймол мекунад. Вай мегӯяд, "бо он, ки онҳо маро бо заҳролудкуни равобити миёни қавмҳои Босния муттаҳам менамоянд, дипломатҳои эронӣ ба дахолат ба умури дохилии кишвари мизбон роҳ додаанд. Мисли он, ки ман артиш дошта бошам, маро ба ҷинояткорони ҳарбӣ - Аркан, Караҷич, Милошевич ва Туҷман шабоҳат додаанд".

Дар пайи нашри изҳороти сафорати Эрон Иттиҳодияи адибони Босния-Ҳерсеговина, Пен клуби ин кишвар ва Кумитаи Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ аз Иванкович дифоъ карда, иброз доштанд, ки сафорати Эрон хилофи озодии баён ва ҳуқуқи инсон амал кардааст.

Дар ҳамин ҳол вазири корҳои хориҷии Босния ва Ҳерсеговина Свен Алкалай мегӯяд, ки ӯ аз қазияи Иванкович огаҳ нест, вале ҳар таҳдид ва ё ҳамла болои нависанда бояд мавриди таҳқиқ қарор гирад. Вай меафзояд, «табиати ҳар ҳамла бояд таҳқиқ шавад ва муайян гардад, ки оё ҳадаф аз он таҳқир аст ва ё ифшои шаклҳои мухталифи нафрат, нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ. Сипас ин гуна зуҳуротро метавон маҳкум кард».

Собиқ дипломати боснӣ Хайруддин Сомун мегӯяд, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта, яъне солҳои ҷанг дар Босния, Эрон яке аз муттафиқони калидии ҳукумати Сараево буд, шояд аз ин рӯ, аксуламали ҳукумат ҳам ноаён аст.

Аммо Срдҷан Диздаревич, раиси Кумитаи Ҳелсинкӣ дар Босния, таъкид мекунад, бемасъулиятии ҳукумат ба дипломатҳои эронӣ имкон дод, ки бахше аз мубориза миёни ҳукумати Эрон ва мухолифини онро аз кӯчаҳои Теҳрон ба Босния интиқол диҳад.

Раҳбари ПЕН-клуби ин кишвар хонум Фарида Дуракович низ мегӯяд, аз хомӯшии мақомот дар ҳайрат аст. Вай меафзояд, "ман аз мизони бетаваҷҷӯҳии мо дар ҳайратам. Ҳамин гуна чизҳо рӯи мо рехта буд ва ҳуқуқи моро ҳам аз хориҷ ва ҳам аз дохил пушти по карда буданд."

Мунаққидони ҳукумати Босния иброз доштаанд, мақомот, ки кафолати амнияту эҳтироми ҳуқуқи аҳолии кишварро бар дӯш доранд ё ба мақолаҳои воситаҳои ахбори умум таваҷҷӯҳ надоранд ва ё худро аз як масъалаи сиёсии байналмилалӣ канор мекашанд.
XS
SM
MD
LG