Пайвандҳои дастрасӣ

Серж Саркисисён, раисиҷумҳури Арманистон, ба хотири эҳёи равобит бо Туркия мехоҳад аз, ба истилоҳ, “дипломатияи футбол” кор бигирад.

Ӯ ҳамтои турки худ Абдулло Гулро барои тамошои сабқати дастаҳои футболи ду кишвар даъват кард. Қарор аст бозии интихобии барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон миёни Арманистон ва Туркия моҳи сентябр дар Ереван баргузор шавад.

Даъват аз Абдуло Гул барои боздид аз Ереван дар рӯзҳои сафари расми Серж Саркисиён дар Маскав садо дод. Ин даъватро раҳбари Арманистон ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо нашрияи “Уолл Стрит Жорнал” ҳам такрор кард. Вазорати хориҷаи Туркия эълом дошт, ки ин пешниҳодро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, даъвати Саркисиён “дипломати пинг-понг”-ро дар ёдҳо эҳё мекунад – солҳои ҳафтодуми қарни гузашта бозии дастаҳои тенниси рӯи мизи Чин ва Иёлоти Муттаҳида барои барқарории равобити сардгаштаи миёни ду кишвар поя гузошта буд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки Русия ҳама талошҳои дипломатиро барои ин ибтикор, яъне эҳёи равобити Туркияву Арманистон сафарбар кардааст. Дэвид Ҳованисиён, дипломати собиқи арман ва таҳлилгари сиёсии муқими Ереван мегӯяд: Дипломатияи Русия вазифадор шудааст, ки ташаббуси эътидоли равобити миёни Арманистону Туркияро аз дасти амрикоиҳо бигирад.

Ҳованисиён ба он, ки Серж Саркисиён дар Маскав ва бидуни иҷозаи мақомоти Русия раисиҷумҳури Туркияро ба бозии футбол даъват карда бошад, шубҳа дорад. Зиёда аз ин, як ҳафта баъд аз ин даъвати ғайриинтизори Саркисиён вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба Истамбул сафар кард ва дар мулоқоти ӯ бо мақомоти Туркия мавзӯъи эҳёи равобити ин кишвар бо Арманистон меҳварӣ маҳсуб мешуд.

Ва аммо равобити сарди миёни Анқара ва Ереван решаҳои жарфи таърихӣ дорад ва моломол аз рақобату душманиву ранҷишҳост. Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки баъди суқути шуравӣ истиқлоли Арманистонро эътироф кард. Ва аммо баъди аз сӯи нерӯҳои Арманистон забт шудани Қарабоғи Кӯҳии Озарбойҷон Анқара робитаҳои дипломатӣ бо Ереванро қатъ кард ва марзҳояш бо Арманистонро дубора баст.

Ва аз ин рӯ, аксари коршиносон ҳадс мезананд, ки Туркия бидуни ризояти Озарбойҷон барои эҳёи равобит бо Арманистон иқдом нахоҳад кард, яъне созиши миёни Анқара ва Ереван бо ҳалли қазияи Қарабоғи кӯҳӣ сахт бастагӣ хоҳад дошт. Ба ҷуз ин, аз нигоҳи коршиносон, талаби Ереван барои эътирофи қатли оми арманиҳо аз сӯи Туркияи Усмонӣ дар давраи ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва вокуниши шадиди Анқара ба ин талаб ҳам дар роҳи эҳёи равобити миёни ду кишвар монеъи ҷиддӣ маҳсуб мешавад.

Умер Лутем, раиси бахши Арманистон дар Маркази пажуҳишгоҳи стротегии АвроОсиё, мақараш дар Истамбул мегӯяд, ки агар Ереван рӯи ин масоил тамаркуз накунад, Анқара барои эҳёи равобит бо Арманистон гом нахоҳад бардошт: “Ба назар мерасад, ки Арманистон ҷиддан хостори музокирот аст, вале мо мебинем, ки дар мавриди Қаробоғ ваё дар мавзӯъи якпорчагии қаламрави Туркия алҳол тағӣироте рух надодааст. Онҳо талаби эътирофи қатли омро лағв мекунад ё пофишориро идома хоҳанд дод? Оё онҳо даст ба тағйирот хоҳанд зад? Ин рушан нест. Агар ягон тағӣирот рух надиҳад, мушкил чӣ гуна ҳал хоҳад шуд? “

Ва аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки Маскав ба ҳар сурат барои комёб шудан дар эҳёи равобит миёни Арманистону Туркия талош хоҳад кард ва қабл аз ҳама ба хотири дубора барқарор кардани нуфузи аз дастдодаи хеш дар Ҷануби Қафқоз. Моҳҳои ахир таниши Маскав ва Тифлис дар робита ба пуштибонии Русия аз ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхазистону Осетияи Ҷанубӣ ва талошҳои Гурҷистон барои вуруд ба НАТО шадидтар шудааст. Озарбойҷон, кишвари аз захоири энерҷӣ бойи минтақа, ҳарчӣ бештар сӯи Аврупо назар медӯзад. Ва нуфузу таъсири Русия алҳол фақат дар Арманистон боқӣ мондааст.

Коршиносон мегӯянд, ки дар инзивоъи Озарбойҷону Туркия боқӣ мондани Арманистон ба манфиати Маскав нест. Ва боз шудани марзҳои Арманистон ва Туркия ба ширкатҳои русӣ барои доду гирифт бо дигар кишварҳои минтақа ва Ховари Миёна мусоидат хоҳад кард. Ва суол фақат ин аст, ки Русия то куҷо имкону тавони миёнҷигарӣ миёни Туркияву Арманистонро дорад?

XS
SM
MD
LG