Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Инқилоби лолаӣ" дар Молдова?


Иттиҳоди Аврупо аз эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Молдова нигаронии амиқ карда, ҷонибҳоро ба худдорӣ аз хушунат даъват намудааст.

Рӯзи 7-уми апрел гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ, ки баъди пирӯзии ҳизби коммунист дар пойтахти Молдова оғоз ёфт, бо ишғоли бинои ҳукумат ва порлумони ин кишвар анҷом гирифт. Эътирозгарон, ки асосан донишҷӯён буда, шумори онҳо аз 30 ҳазор нафар бештар будааст, ҳукуматро дар тақаллуб муттаҳам карда, лағви натиҷаҳои интихоботро дар миён гузоштанд.

Мухолифин ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихобот гирдиҳамоии осоишта роҳандозӣ намуданд, вале тазоҳурот ба бархӯрд бо полис табдил ёфт. Ба қавли эътирозгарон, тақаллуб ба президенти ин кишвар Владимир Воронин ва ҳизби коммунисти зери раҳбарии ӯ паи ҳам пирӯзии сеюм дар маъракаҳои интихоби порлумонро таъмин кардааст.

Юлиан Киосан, хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Кишинёв мегӯяд, майдони марказии Кишинев - пойтахти Молдова ва ҳамчунон биноҳои порлумону идораи раёсатҷумҳурии ин кишвар таҳти тасарруфи эътирозгарон гузаштанд.

Хабаргузориҳои Русия бо такя ба суханони президент Воронин мегӯянд, тазоҳурот кӯшиши ноором намудани Молдова мебошад. Дар ҷаласаи изтирории ҳукумат Воронин иброз дошт, ки эътирозҳои Кишинёвро касе хуб тарҳрезӣ кардааст.

Солҳо инҷониб Молдова хушунати шабеҳи бархурдҳои имрӯзро шоҳид нашуда буд. Ҳукумат кӯшиш кард, ки бо истифода аз об издиҳоми мардумиро пароканда кунад. Вале дар ҷавоб гирдомадагон ибтидо бинои раёсатҷумҳурӣ ва сипас порлумонро ишғол карданд. Сипас гирдомадагон тирезаҳои биноҳо шикастаанд ва дар кӯчаҳо курсиву дигар ашёи ҳуҷраҳои кории ҳукуматдорону вакилони мардумии Молдоваро ба коми оташ кашиданд.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дастгирии коммунистон набояд аз 30 дарсад бештар мешуд, вале мақомоти Молдова мегӯянд, ки тибқи омори расмӣ онҳо пуштибонии беш аз 50 дарсад раъйдиҳандагонро касб карда, аз 101 курсии порлумон 61-тоашро ба ихтиёри худ дароварданд.

Ба ин восита, коммунистон имкон меёбанд, ки дар порлумон бидуни мушкилӣ номзадашонро ба ҷои Воронин сари қудрат оранд. Воронин аллакай ду дафъа президенти Молдова интихоб шудааст ва бори сеюм ҳақ надорад ба ин мансаб интихоб шавад.

Аслан гирдиҳамоиҳои Кишинёв рӯзи 6-уми апрел ба таври осоишта оғоз ёфта буд ва дар он донишҷӯёну ҷавонон ҷамъ шуда, тақозои ислоҳотро дар миён гузоштанд. Дар Молдова, ки кишвари камбағалтарини Аврупо ба шумор меравад, коммунистон соли 2001-ум сари қудрат омаданд. Дар давоми ҳашт соли ҳукмронии онҳо сатҳи зиндагии мардум каме беҳбуд ёфтааст, вале дар он як миллион муҳоҷири кории ин кишвар саҳми бузург доранд.

Ба қавли коршиносон, сабаби ҳамоишҳои имрӯз дилсардии ҷавонону донишҷӯён аз ҳукми коммунистон ва имконоти маҳдуди онҳо мебошад.

Protests In Moldova
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
XS
SM
MD
LG