Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Лаҳистон таҷлили сивумин солгарди имзои Созиши Ҳамбастагӣ оғоз ёфт. 31-уми августи соли 1980 дар шаҳри соҳилии Гданск созише ба имзо расид, ки барои аввалин бор дар қаламрави кишварҳои коммунистии зери нуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ ташкили иттифоқи касабаи мустақил бо номи Солидарностро дар назар дошт.

Зуҳури «Солидарност» ва ё аввалин иттифоқи касабаи мустақил дар қаламрави Полша ё худ Лаҳистон дар 30 соли пеш аввалин зарбаи миёншакин ба нуфузи Шӯравӣ дар кишварҳои Аврупои шарқӣ номида мешавад.

Рӯзи якшанбе дар шаҳри Шечини ин кишвар президенти Лаҳистон Бронислав Коморовский гуфт: "Дар ин рӯзи фархунда мо бо ифтихор дар канори афроде қарор дорем, ки бо муборизаи қаҳрамонона дар фурӯпошии низоми коммунистӣ саҳм гирифта, бо муваффақият пойгоҳеро барои ислоҳоти муассир ва дурбинона тарҳрезӣ кардаанд".

Созиши сарнавиштсоз

31-уми августи соли 1980 дар шаҳри Гданск дар соҳили баҳри Балтик ҳукумати коммунистӣ бо коргарони коршикан созише ба имзо расонда, ба ташкили иттифоқи касабаи мустақил, коршиканӣ, тақозои афзоиши маош иҷозат дода, дар айни замон сензураро коҳиш дод. Ҳамчунон маҳбусони сиёсӣ аз зиндонҳо раҳо гашта, ибодати ҳафтаинаи насрониҳои католик ба радиову телевизиони давлатӣ роҳ ёфт.

Рӯзҳои нахустини таъсиси созмони "Солидарност дар соли 1980
Бар пояи ин созиш дар таърихи 24-уми октябри ҳамон сол Иттифоқи касабаи мустақил бо номи «Солидарност» расман эътироф шуд, ки шумораи аъзои он дар як муддати кӯтоҳ аз даҳ миллион нафар ҳам бештар шуд.

Таърихнигорон бар ин назаранд, ки шахсияти барҷаставу сарсупурдагии раҳбари коргарони коршикан Лех Валенса ҳукуматро ба гузашт водор намуд. Ду ҳафта пеш аз оғози музокирот коршиканон ин мутахассиси барқи Гданскро раҳбари худ интихоб карда буданд.

10 соли мубориза

Ин рӯзҳое буд, ки касе намедонист аксуламали ҳукумат чӣ мешавад ва оё Маскав ба хотири фурӯ нишондани коршиканӣ нерӯ ирсол хоҳад кард ё хайр?

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон худи Валенса ҳам гуфт, ки ба пирӯзӣ бовар надошт: "Агар дар он рӯзҳо касе мегуфт, ки ман фурӯпошии коммунизм, беруншавии сарбозони шӯравӣ аз Лаҳистон, соҳибихтиёриву истиқлоли ин кишварро бо чашми худ хоҳам дид, ман ба ҳарфи ӯ бовар намекардам."

Дар як консерти ёдбуд, ки рӯзи якшанбе дар Гданск доир шуд, Валенса таъкид кард, ки Солидарност на танҳо дар фурӯпошии низоми коммунистӣ дар саросари Аврупои шарқӣ, балки ҳамчунон аз байн рафтани сарҳадҳои миёни мамолики Аврупо саҳми бузург доштааст.

Дар охири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта Солидарност ба нерӯи пешбарандаи ислоҳот ва барҳам задани режими коммунистии Лаҳистон табдил ёфт ва дар соли 1990 Лех Валенса президенти ин кишвар интихоб шуд.

Нақши Солидарност дар Лаҳистони муосир

Вале дар ҳоли ҳозир Лех Валенса бо созмони ташкил намудааш равобити наздик надорад. Дар интихоботи ахири раисҷумҳури Лаҳистон дар моҳи июни соли равон ихтилофи Валенса бо раҳбарони кунунии Солидарност боз ҳам амиқтар шуд, зеро ин иттифоқи касаба аз номзади нокоми муҳофизакор Бронислав Качинский пуштибонӣ кард.

Хулоса, Валенса аз ширкат дар маросими ботантанаи шаҳри Шечин дар рӯзи якшанбе худдорӣ кард ва тасмим гирифтааст дар чорабиниҳои шаҳри Гданск ҳам ширкат наварзад. Валенса дар саҳифаи интернетиаш навиштааст, ки хеле хаста шудааст ва мехоҳад ҳаёташро дар сулҳу оромӣ гузаронад.
XS
SM
MD
LG