Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА контроли ҷануби Афғонистонро ба уҳда мегирад


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс
Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс

Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, ИМА имкони ба дасти худ гирифтани фармондеҳии паймони НАТО дар ҷануби Афғонистонро арзёбӣ мекунад.

Ин суханони мансабдори баландпояи амрикоӣ дар ҳоле интишор гаштаанд, ки расонаҳои ин кишвар аз эҳтимоли ирсоли нерӯҳои иловагии ИМА ба Афғонистон дар соли 2009-ум маълумот додаанд.

Вазири мудофиаи ИМА гуфт, Пентагон қабл аз қабули қароре дар мавриди фармондеҳии нерӯҳои НАТО дар ҷануби Афғонистон бо муттафиқонаш машварат мекунад. Ҳамчунон вазири мудофиаи ИМА гуфт, Вашингтон эҳтиёҷ ба мавҷудияти ду ситоди фармондеҳӣ дар як кишварро баррасӣ мекунад. Феълан дар Афғонистон 34 ҳазор низомии ИМА ифои вазифа мекунанд, ки онҳо аз сӯи ду ситоди фармондеҳӣ раҳбарӣ мешаванд.

Наздик ба 16 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ шомили нерӯҳои байнулмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) буда, аз тарафи фармондеҳии ИМА дар Аврупо раҳбарӣ мешаванд. Умуман 47 ҳазор афсару сарбоз ба ин нерӯ шомил мебошанд. Бахши дигари низомиёни амрикоӣ, яъне 18 ҳазор афсару сарбоз, дар амалиёт бар зидди терроризм мавриди истифода қарор мегиранд. Онҳо ҳамроҳ бо артиши Афғонистон фаъолият пеш бурда, зери назорати ситоди марказии фармондеҳии ИМА мебошанд.

Нашрияи «Ню Йорк Таймс» навиштааст, ки эҳтимол соли оянда ИМА ба Афғонистон 7000 сарбози иловагӣ фиристад, зеро кишварҳои муттафиқ ба ирсоли сарбозонашон таваҷҷӯҳи зиёд надоранд. Мансабдорони амрикоӣ ба хабарнигори «Ню Йорк Таймс» гуфтаанд, ки ба эҳтимоли зиёд қабули ин тасмим ба дасти президенти ояндаи ИМА хоҳад буд.

Тибқи навиштаи нашрияи амрикоӣ, фармондеҳони НАТО дархост намуда буданд, ки кишварҳои НАТО ба ҷануби Афғонистон 10 ҳазор сарбози нав фиристанд, вале то кунун аъзои ин паймон ва аз ҷумла Фаронса ӯҳдадор шудаанд, ки то 2000 низомиро ба Афғонистон сафарбар менамоянд.

XS
SM
MD
LG