Пайвандҳои дастрасӣ

Дар натиҷаи ҳуҷуми дастаҳои Толибон ба зиндони вилояти Қандаҳори Афғонистон беш аз ҳазор маҳбус, аз ҷумла 390 толиб, фирор кардаанд.

Масъулияти ҳамла ба зиндони Сарпосаи Қандаҳорро, ки боиси бузургтарин фирори маҳбусон дар таърихи Афғонистон гардид, Толибон бар дӯш гирифтанд.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, намояндаи Толибон, таъйид намуд, ки маҳз толиби маргталаб бегоҳи рӯзи ҷумъа мошини ҳомили маводи таркандаро дар назди дарвозаи зиндон мунфаҷир кардааст. Баъд аз ин ҳодиса толибон зиндонро аз гранатомётҳо гулулаборон карданд. Гуфта мешавад, ки бар асари ин ҳамла дасти кам 15 муҳофизи зиндон ба ҳалокат расиданд.

Раиси Шӯрои вилояти Қандаҳор ва бародари раисиҷумҳури Афғонистон Аҳмад Валӣ Карзай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “теъдоди дақиқи фироркардаҳоро касе намедонад ва аммо тибқи арзёбиҳо дар зиндон тақрибан 390 толиб ва аз 600 то 700 тан ҷинояткорон нигаҳ дошта мешуданд. 200 тан аз бандиён дар зиндон боқӣ мондаанд ва дигарҳо фирор карданд”.

Аҳмад Валӣ Карзай афзуд, ки миёни фироркардаҳо фармондеҳони воломақоми Толибон, аз ҷумла Мулло Қиём, Мулло Қамбарӣ, Холид Оғо ва чанд тани дигар, буданд, ки дар таҳияи ҳамлаҳо болои мақомоти ҳукумати Афғонистон даст доштанд. Дар маҳбас будани онҳо, ба гуфтаи Карзай, басо муҳим буд, зеро онҳо афроди басо хатарноканд ва баъди фирорашон шояд ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар афзоиш биёбанд.

Баъди фирори маҳбусон дар Қандаҳор вазъи фавқулодда ҷорӣ шуд. Хиёбонҳо лабрез аз кормандони полис ва низомиёнанд, ба мардуми маҳаллӣ амр шудааст, ки манзилҳояшонро тарк накунанд. Муҳаммад Козим Ҳошимзай, муовини вазири адлияи Афғонистон, гуфт, ки айни ҳол имкони даст доштани Абдул Кабир, раиси маҳбаси Сарпоса дар фирори маҳбусон, аз ҷумла, фармондеҳони Толибон тафтиш мешавад.

Вилояти Қандаҳор аз манотиқи калидии ошуби Толибон алайҳи ҳукумати Ҳомиди Карзай ва нерӯҳои ҳукумативу байнулмилалист. Моҳи май садҳо маҳбусони зиндони Қандаҳор фақат баъд аз ваъдаи як ҳайати порлумонӣ барои иҷрои талабҳои онҳо гуруснанишиниро қатъ карданд. Маҳбусон таҳқиқи одилонаи парвандаҳояшонро талаб ва аз шиканҷаи пайвастаи нозирони зиндон шикоят мекарданд.

Ёдовар мешавем, ду сол пеш гурӯҳи толибони маҳбус як бахши зиндони Пули Чархии Кобулро ишғол карданд ва нерӯҳои амниятӣ баъд аз задухурд бо онҳо ба таҳти назорати комил даровардани маҳбас муваффақ шуданд. Соли 2005-ум чаҳор узви хориҷии созмони “Ал-Қоида” аз зиндони воқеъ дар пойгоҳи низомии Амрико дар майдони ҳавоии Багром, аз дарбастатарин зиндони Афғонистон фирор карда буданд.

XS
SM
MD
LG