Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳорумин давраи ҷашнвораи шатранҷи «Moscow Open»-2008 дар гурӯҳи асосии «А» байни мардон бо пирӯзии Артём Тимофеев (Русия) анҷом ёфт. Ӯ дар 9 бозӣ 7,5 имтиёз ба даст овард.

Ин мусобиқаи байнулмилалӣ дар гурӯҳи «А» бо ширкати 304 шатранҷбоз аз 27 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ки миёни онҳо, аз ҷумла 96 гроссмейстер ва 75 устоди байнулмилалӣ низ буданд. Мусобиқа аз рӯи манзумаи суисӣ дар 9 давр доир гардид.
Шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду шатранҷбози моҳир – Фаррух Амонатов ва Соиб Ҷӯраев – ҳимоя карданд.
Шатранҷбози пуртаҷрибаи 30-солаи тоҷик бузургустод Фаррух Амонатов бо касби 5,5 имтиёз дар радифи ҷойҳои аз 42-вум то 87-ум қарор гирифт. Ӯ дар 3 дидор пирӯз гардида, 5 бозиро мусовӣ анҷом дод ва танҳо дар як бозӣ мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, Фаррух Амонатов, ки барандаи нахустин Ҷоми «Moskow Open» дар соли 2005 мебошад, соли гузашта дар севумин давраи ин ҷашнвора бо касби 5 имтиёз дар байни 12 нафар беҳтаринҳо ҷойгир шуда буд.
Шатранҷбози ҷавони 17-сола Соиб Ҷӯраев, ки барои аввалин бор дар ин мусобиқа ширкат варзид, дар 9 бозӣ 4,5 имтиёз ба даст овард. Ӯ дар чаҳор бозӣ дастболо ва дар 4 дидор мағлуб гашта. як бозиро мусовӣ анҷом дод.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG