Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилоъи дафтари матбуоти ширкати барқи миллии Қирғизистон, рӯзҳои ахир интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба ин кишвар пайваста қатъ мешавад.

Кубаничбек Исмоилов, сухангӯи идораи мазкур, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар ин маврид изҳори ташвиш кард, ки дирӯз ҷониби Тоҷикистон барои чанд соат интиқоли нерӯи барқ аз ба ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро қатъ намуд ва тамоми рӯз ин минтақа бидуни нерӯи барқ монд. Вай афзуд, ҳодисаи қатъи барқ аз ҷониби Тоҷикистон дар ин авохир тақрибан рӯзмарра такрор мешавад ва ҳатто панҷ рӯзи пеш низ мардуми ин минтақа бе нерӯи барқ монд.

Бар асоси иттилоъи сухангӯи ҷамъияти саҳҳомии шабакаҳои барқи миллии Қирғизистон, ҷорӣ гардидани баъзе маҳдудиятҳои интиқоли нерӯи барқ дар худи Тоҷикистон бешак мунҷар ба он шудааст, ки минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи вилояти Ботканди кишвараш низ аз нерӯи барқ бебаҳра монанд.

Кубаничбек Исмоилов ба суоли хабарнигори Озодӣ дар бораи он, ки ҷониби Тоҷикистон ба вилояти Ботканди кишвараш чанд киловатт соат нерӯи барқ интиқол медиҳад ва оё қатъи интиқоли нерӯи барқ хилофи созишномаи байни Тоҷикистону Қирғизистон нест, гуфт, мушаххас гуфта наметавонад, ки миқдори нерӯи барқи аз Тоҷикистон воридшаванда чанд киловатт соатро ташкил хоҳад кард.

Вале, афзуд вай, иқдоми ҷониби Тоҷикистон хилофи созишномаест, ки дар мавриди интиқоли нерӯи барқ ба имзо расидааст.Бино ба суханони оқои Исмоилов, дар мулоқоти нахуствазирони ИДМ дар Маскав Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, аз ҳамтои қирғизии худ хоҳиш карда буд, ки дар ин рузҳои сармо ҷиҳати нерӯи барқ кишвараш ба Тоҷикистон дасти кӯмак дароз кунад.

Кубаничбек Исмоилов гуфт, ки ҳукумати Қирғизистон розӣ шуд, ки дар мавриди интиқоли нерӯи барқ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард. Вай афзуд, бо вуҷуди камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон ин кишвар бояд минтақаҳои наздимарзии вилояти Боткандро бо нерӯи барқ таъмин кунад.

Сухангӯи ҷамъияти саҳомии шабакаҳои барқи миллии Қирғизистон таъкид кард, ки ба ҳар сурат онҳо мушкилотеро, ки Тоҷикистони ҳамҷавор дар ин фасли сармо паси сар менамояд, эътироф мекунанд, аммо ибрози умедворӣ хоҳанд кард, ки ин кишвар интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳои марзии вилояти Боткандро дубора аз сар хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG