Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Тайванро гуфт, мустақил нашавад


Тоҷикистон аз мақомоти Тайван даъват кардааст, то фавран аз баргузории раъйпурсӣ ҷиҳати узвият дар СММ даст бикашад.

Вазорати умури берунаи Тоҷикистон аз тасмими мақомоти Тайван дар мавриди баргузории раъйпурсии умумӣ ҷиҳати узвият дар СММ изҳори нофаҳмӣ кардааст.

Вазорати умури берунаи Тоҷикистон бо ҳадафи тавзеҳи мавқеъи кишвараш дар масъалаи Тайван гуфтааст, бо назардошти санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Чин дар мавриди ҳамкориҳои дӯстона, сиёсати «Чини ягона»-ро дастгирӣ менамояд.

Ниҳоди масъули муносиботи берунаи Тоҷикистон гуфтааст, ин кишвар Ҷумҳурии мардумии Чинро танҳо намояндаи қонунии тамоми Чин мешиносад, ва ҷазираи Тайванро ҷузъи Чин медонад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдории худро дар мавриди талошҳои ҶМ Чин ҷиҳати ҳифзи якпорчаии ҳудудаш эълон карда, гуфтааст, мухолифи ҳама гуна кушишҳо ба хотири таъсиси «ду Чин» ва ё «як Чин ва як Тайван» мебошад.

Тоҷикистон истиқлоли Тайванро дар чӣ шакле набошад, маҳкум менамояд ва зидди иштироки Тайван дар ҳар созмони минтақавӣ ва байнулмилалӣ, ки дарҳояш барои танҳо давлатҳои мустақил боз аст, мебошад.

XS
SM
MD
LG