Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон аз фоҷиаи Чернобил ёд мекунад


26 сол пеш таркише дар нерӯгоҳи атомии Чернобили Украина дунёро такон дод ва то имрӯз одамонро мекушад.

Бисту шашумин солгарди фоҷиаи Чернобил, имрӯз, 26-уми апрел, дар Украина баргузор мешавад. Моҳи апрели соли 1986-ум, яке аз реакторҳои нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил мунфаҷир шуд ва зарраҳои радиоактив дар бахшҳое аз Украина ва ҳамин тавр кишвари дигари минтақа паҳн гашт.

Мақомоти Шӯравӣ ибтидо тамоми талошро карданд, ки ин рӯйдод пинҳон боқӣ монад, вале баъд аз пахши хабар дар расонаҳои ахбори оми ҷаҳон дигар махфӣ доштани фоҷиа номумкин буд. Дар инфиҷор билофосила 31 нафар кушта шуданд. Вале то ҳол шумораи ононе, ки баътар аз олудаи радиатсия ҷон доданд, дақиқ нест. Аз рӯзҳои аввали баъд аз ҳодиса садҳо ҳазор нафар сокинони атрофи нерӯгоҳро маҷбурӣ ба ҷойҳои дигар кӯч доданд. Украинаву Белорус ва ғарби Русия осеб диданд. Пайомадҳои ин фоҷиа ба кишварҳои дигари Шӯравӣ низ расид.

ТОҶИКОН ДАР ЧЕРНОБИЛ

Барои рафъи оқибатҳои садамаи Чернобил беш аз як миллион нафар шаҳрвандони ноогоҳу ноомодаи собиқ Шӯравии собиқ сафарбар шуданд. Аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар ё худ сарбозони эҳтиётӣ ва 1000 нафар аскарбачаҳои навхизмат ба минтақаи фалокат фиристода шуданд. Ҳамин тавр, беш аз 6000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Чернобил ба корҳои пешгирӣ аз густариши радиатсия, барқарор кардани нерӯгоҳ, тоза кардани минтақа машғул буданд. То ба имрӯз беш аз 550 нафари онҳо дар синни 35 то 45-солагӣ фавтидаанд.

Иттифоқи маъюбони Чернобил дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар созмони онҳо беш аз 1 ҳазору 900 нафар аз ширкаткунандагони амалиёти зидди пайомадҳои садамаи Чернобил номанавис шудаанд. Тахминан 20 дарсади фарзандони чернобилчиён маълул ба дунё омадаанд, зеро осори радиатсия аз насл ба насл мегузаштааст.

МАЪРАКАИ ЁДБУДИ ФОҶИА

26-уми апрели соли 2012 дар Украина аз солгарди фалокати Чернобил ёд мекунанд. Бештар аз ҳама аз ин садама Украинаву Беларус ва Русия осеб дидаанд. Ин фалокат фаҷеътарин фалокати ҳастаии дунё шинохта мешавад.

Дар солгарду солрӯзҳо аз осебдидагони фоҷиа, тафсилоти худи воқеа, пайомадҳо ва осори деринаи он ёд мекунанд, аммо то ҳол амалкарди ҳукумати маркази ва мақомоти ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ дар робита ба саломатии инсонҳо таҳқиқ нашуда, баҳои смиёсӣ ва ҳуқуқӣ нагирифтааст.

Барои намуна, дар арафаи садама як гурӯҳи сершумори ҳунарии Тоҷикистон дар Украина консертҳо намоиш медод ва Вазорати фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо вуҷуди сар задани фоҷиа барномаҳои ин гурӯҳро қатъ накард. Ҳаётой Мӯъминова, овозхони гурӯҳ қаблан Радиои Озодӣ гуфта буд, ки рӯзи 1-уми майи соли 1986 аллакай сарбозону милисаҳо бо либоси махсус ва противогазҳо баромада буданд, аммо ҳунарпешагон ҳамон бо либосҳои саҳнавӣ. Вай мегӯяд, алафи зери по медурахшид ва ҳангоми роҳ гаштан, кас ҳис мекард, ки гӯё ӯро ҷараёни барқ мезанад.

Навор аз бойгонии "Озодӣ".

"Чаман"-и пажмурда аз Чернобил
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00
Линки мустақим


Дар бисёре аз кишварҳои Шӯравии собиқ ширкаткунандагони амалиёт дар Чернобил аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархӯрдоранд ва Тоҷикистон дар соли 2007 ин имтиёзҳоро қонунӣ кард.
XS
SM
MD
LG