Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли сарнавиштсоз дар мубориза алайҳи Толибон


Роберт Гетс, вазири дифои ИМА мегӯяд, имкон дорад, ки соли ҷорӣ дар мубориза бо Толибон як соли сарнавиштсоз бошад.

Гетс рӯзи панҷшанбе дар Пентагон ба хабарнигорон гуфт, ба ин назар аст, ки соли ҷорӣ як соли таъйинкунанда хоҳад буд. Ба гуфтаи вай, Толибонро аз манотиқе ақиб задаанд, ки солҳо таҳти контролашон қарор дошт.

Вазири дифои Амрико гуфтааст агар битавонанд дар соли ҷорӣ ҷилави бозгашти Толибонро ба манотиқе бигиранд, ки соли гузашта онҳоро аз он берун сохтаанд, ба бовари вай имкон дорад, ки то поёни имсол тавозуни ҷанг ба нафъи низомиёни амрикоӣ тағйир ёбад.

Қувваҳои афғон ва амрикоӣ дар асари амалиётӣ густурда, ки тайи моҳҳои ахири соли 2010 оғоз карданд, минтақаҳои васеи вилоятҳои Ҳилманд ва Қандаҳорро аз Толибони мусаллаҳ пок карданд, аммо бим доранд, ки эҳтимолан бо гарм шудани ҳаво, Толибон як бори дигар ба ин манотиқ сарозер шаванд. Исҳоқ Асмар, коршиноси умури низомии Афғонистон низ ба ин бовар аст, ки бо омадани тобистон эҳтимоли ташдиди ҷангҳо меравад.

ИМА ҳудуди як сад ҳазор сарбоз дар Афғонистон дорад ва 48 ҳазор сарбози соири кишварҳои дигар дар чаҳорчӯби маъмурияи НАТО бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамчунин даҳҳо ҳазор нерӯҳои артиш ва пулиси миллии Афғонистон дар амалиёт алайҳи мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон иштирок доранд.

Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс, теъдоди Толибони мусаллаҳ байни 25-30 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Мақомоти НАТО ба ин назаранд, ки бо гарм шудани ҳаво ҷангҳо шиддат хоҳад ёфт, аммо дар ин рӯзҳо аксари Толибон дар ҷамъоварии маҳсули кӯкнор машғул ҳастанд.

Дар айни ҳол фармондеҳони нерӯҳои байналмилалӣ ба ин боваранд, ки ҳамлаҳои Толибон дар соли ҷорӣ камтар таъсиргузор хоҳанд буд, зеро ки нерӯҳои НАТО тайи амалиёти зимистонӣ бисёре аз захираҳои аслиҳа ва муҳимоти Толибонро кашф ва аз байн бурдаанд.
XS
SM
MD
LG