Пайвандҳои дастрасӣ

Элбасӣ Назарбоев ҳамоно ворис меҷӯяд


Парчамбӯсии Нурсултон Назарбоев дар расми савганди президентӣ, Остона, 8-уми апрели соли 2011.

Парчамбӯсии Нурсултон Назарбоев дар расми савганди президентӣ, Остона, 8-уми апрели соли 2011.

Вақте президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз саҳнаи сиёсӣ дур шуд, ҷои ӯро кӣ ишғол хоҳад кард?

Ин суол чандин сол инҷониб беҷавоб аст. Аммо ҳафтаҳои ахир ҳалқаҳои наздик ба президенти Қазоқистон ва ҳатто худаш, дар бораи интихобҳои давраи баъди Назарбоев сӯҳбат кардаанд.

Эрмуҳаммад Эртисбоев мушовири сиёсии
Фақат баъди он, яъне дар ояндаи номуайян ӯ зимоми қудратро ба ҳамон фарде медиҳад, ки худаш, яъне президент Назарбоев интихоб кардааст...
президенти Қазоқистон мегӯяд, Назарбоев имкони тағйири низоми сиёсии кишварро арзёбӣ дорад, то дар раҳбарии кишвар нақши парламент муҳимтар шавад:

“Мо ҳадаф дорем дар панҷ соли оянда як низоми сиёсие бунёд намоем, ки танҳо ба як фард вобаста набошаду дар ҳолати набудани ӯ ҳам кор идома ёбад.”

Ин изҳороти Эртисбоев ибтидои моҳи равон дар паи оғози давраи чоруми раёсатҷумҳурии Назарбоев пахш шуд. Аслан Назарбоев сар аз соли 1989 раҳбарии Қазоқистонро бар ӯҳда дорад.

Ба гуфти Эртисбоев, дар ҳизби ҳокими “Нур Отан” мансабдорони давлатӣ, симоҳои шинохтаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ҷамъ шудаанд ва акнун ташкили як ҳизби ба истилоҳ “рӯ ба соҳибкорӣ” зарур аст.

Эртисбоев иттиҳодияи ғайридавлатии “Отамакон”-ро, ки зери раҳбарии Темур Қулибоев-домоди президент Назарбоев қарор дорад, пойгоҳе барои ташкили чунин ҳизби пуштибон аз соҳибкорон унвон додааст.

Моҳи равон Қулибоев раҳбари бунёди миллии дороиҳои Қазоқистон-Самрук Хазина таъйин шуд, ки тахминан 60 дар сади иқтисод ва аз ҷумла соҳаҳои энергетика ва нақлиёти ин кишварро назорат мекунад.

Миллиардери 44-сола Қулибоев шавҳари духтари дуюми президенти Қазоқистон буда, ҳамзамон сарварии иттиҳодияи бонуфузи Казэнерҷиро бар ӯҳда дорад.

Алексей Власов раҳбари Маркази пажӯҳишҳои пасошӯравии шаҳри Маскав тахмин мекунад, ки Назарбоев Қулибоевро ҳамчун вориси худ муаррифӣ хоҳад кард:
“Ин иқдом маънои онро надорад, ки Назарбоев барои хатми мӯҳлати раёсатҷумҳуриаш 13, 14 ё 15 сол додааст. Ман бовар дорам, Назарбоев мехоҳад нишон диҳад, ки то замоне ки саломатӣ имкон медиҳад, ӯ раҳбариро канор нахоҳад гузошт. Фақат баъди он, яъне дар ояндаи номуайян ӯ зимоми қудратро ба ҳамон фарде медиҳад, ки худаш, яъне президент Назарбоев интихоб кардааст.”

Дар интихоботи 3-уми апрел Назарбоев бо 90 дар сади раъйҳо пирӯз шуд, вале Созмони амният ва ҳамкории Аврупо иброз дошт, ки интихоботи президентии Қазоқистон ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набудааст.

Сарфи назар аз интиқоди фасод ва заъфи равандҳои демократӣ мардуми зиёде Назарбоевро кафили назму субот ва рушди иқтисодии Қазоқистон мешуморанд ва Қазоқистонро ҳамчун намунаи оромӣ дар осиёи Марказӣ мисол меоранд.

Ин оромӣ ба лоиҳаҳои энергетикии Қазоқистон беш аз 150 миллиард доллар сармоягузории хориҷӣ овардааст.

Соҳибкор ва сиёсатмадори қазоқ Булот Обилов дар баробари эътирофи нақши Назарбоев аз ноадолатӣ дар тақсими сарвати кишвар ва норӯшан будани низоми масрафи сармоягузориҳои хориҷӣ шкиоят дорад:
“Масъалаи тақсими одилонаи сарватҳои кишвар яке аз мушкилиҳои нигаронкунандаи мардум аст. Мардум мебинад, ки дар кишвари сарватманд камбағал аст.”

Дар ҳамин ҳол аксари ҳамсӯҳбатҳои радиои Озодӣ иброз доштаанд, ки сарфи назар аз камбудиҳо умедворанд, ки дар давраи баъди Назарбоев ҳам низоми феълии давлатдорӣ дар Қазоқистон давом хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG