Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли Атовулло Рақибов ба боздоштгоҳи Душанбе


Атовулло Рақибов ҳамроҳ бо зану фарзандонаш дар назди бинои Омбудсмен (Акс аз бойгонӣ)
Атовулло Рақибов ҳамроҳ бо зану фарзандонаш дар назди бинои Омбудсмен (Акс аз бойгонӣ)

"Мӯътаризи Заркамар" аз маҳбаси Файзобод ба боздоштгоҳи муваққатӣ дар Душанбе кӯчонда шуд.

Мақомоти расмӣ сабаби ин амалро шарҳ намедиҳанд ва интиқоли ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки муҳокимааш бояд дар Додгоҳи ноҳияи Файзобод ба вуқӯъ пайвандад.
Вақте аз хонум Гулрӯ Ибодова аз ҳоли ҳамсару фарзандонаш пурсидем, бо ашки дида гуфт, ки аз рӯзи 13-уми апрел, яъне аз замони боздошти шавҳараш то имрӯз, ӯро надидаву ҳеҷ хабаре ҳам надорад...

Наздикони Рақибов ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, аз ин иқдом касе онҳоро дар ҷараён нагузошт ва танҳо бо талошҳои ҳомии ҳуқуқи инсон Ойниҳол Бобоназарова маълум гаштааст, ки маҳбус ҳоло дар боздоштгоҳи Душанбест.

Хешу табор аз мулоқот бо ӯ маҳруманд ва танҳо вакил метавонад, бо вай дидор дошта бошад. Аммо ба иллати надоштани маблағ сокини Файзобод, Атовулло Рақибов ин ҳама муддат тани танҳо аз худ дифоъ мекунад.

Муроҷиати ӯ ба Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон то ҳанӯз натиҷае надодааст.

Дар ҳамин ҳол сарнавишти Атовулло Рақибов ва фарзандони хурдсолаш вокуниши ҷомеаи интернетиро ба бор овардааст. Ин гурӯҳи истифодабарандагони интернет бо нигаронӣ ва интиқод аз бетаваҷҷӯҳии созмонҳои масъул ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар ба сарнавишти ин хонавода, ахиран тасмим гирифтаанд, ки мувофиқ ба тавоноияшон ба Рақибовҳо кӯмак бикунанд.

Атовулло Рақибов, сокини рустои Заркамари ноҳияи Файзобод аст, ки то замони боздошташ аз сӯи маъмурони интизомӣ, тӯли ду алайҳи тахриби манзили зисташ мубориза мебурд.

ИНТЕРНЕТ ВА БАҲСИ МУШКИЛИ РАҚИБОВҲО
Хонандаҳои хайрхоҳ пешниҳод доранд, ки маблағҳои ҷамъоваришуда барои харҷи вакили дифоъ барои Атовулло Рақибов ва фарзандони ӯ ва ё ҳалли дигар мушкилоти ин хонавода масраф шавад...


"Имрӯз ба рақами мобили Рақибов занг задам, гӯширо оилааш бардошт, ӯ гиря мекард ва ман барои худ тасмим гирифтам, ки ба ин хонавода кӯмак расонам."

Ин номаи Азим Ишматов яке аз истифодабарандагони интернет аст, ки аввалин шуда, пас аз огоҳшавӣ аз боздошти Атовулло Рақибов ва ҳоли хонаводаи ӯ ба оҷонсии "Азия-Плюс" муроҷиат кардааст, то онҳо дар расонидани кумакпӯлии ӯ, яъне ҳазор сомонӣ ба ин хонавода мусоидат кунанд.

Масъулини хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯянд, ин шабу рӯз ба ин маънӣ аз хонандаҳои сомонаи худ номаву даъватҳои зиёд мегиранд. Аксарият дар навиштаҳои худ аз сарнавишти Рақибов, бахусус, вазъи панҷ фарзанди хурдсоли ӯ нигаронӣ карда, ба ин хонавода кӯмакҳои худро пешниҳод менамоянд.

Хабаргузории "Азия-Плюс" дар навбати худ бо ҳимоят аз ин ташаббуси истифодабарандагони интернет, барои ҷаъмоварии кӯмакпулиҳо ва расонидани он ба хонаводаи ниёзманди Рақибовҳо изҳори омодагӣ кардааст.

НАЗАРИ ГУЛРӮ ИБОДОВА

Гулрӯ Ибодова, ҳамсари Атовулло Рақибов, ки замони боздошти шавҳараш дар беморхонаи рӯҳӣ табобат мегирифт, баъди ин қазия маҷбур шуд, ки ба назди фарзандонаш баргардад.

Навори видео дар бораи мушкили Рақибовҳо аз бойгонӣ:

Қиссаи баҳси замин ё гаравгонгирии кӯдакон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00


Вай мегӯяд, дар чанд рӯзи охир афроди зиёде, ки аз тариқи саҳифаҳои интернетӣ аз қазияи онҳо хабар ёфтаанд, занг задаву омодагии худро барои расонидани кӯмак баён доштаанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, кӯмакпулии як хонандаи сомонаи "Озодӣ" низ аз Амрико ба дасташон расидааст. Вай афзуд, ҳоло ҳама маблағи ҷамъоваришуда ва талоши худро барои раҳо кардани шавҳараш сарф хоҳад кард.

"Худо ҳазорсола кунад онҳоро, занг мезананд аз кӯдакон мепурсанд, аз саломатиам ва шавҳарам мепурсанд. Имрӯз боз як нафари дигар занг зад, гуфт, ки мехоҳад кумак кунад. Гуфт, ки шири модар хӯрдааст ва дилаш ба ҳоли фарзандони ман месӯзад"
,-баён дошт ӯ.

РӮЗҲОИ БЕПАДАРӢ, БЕШАВҲАРӢ

Аммо вақте аз хонум Гулрӯ аз ҳоли ҳамсар ва фарзандонаш пурсидем, бо ашки дида гуфт, ки аз рӯзи 13-уми апрели соли ҷорӣ, яъне аз замони боздошти шавҳараш то имрӯз ӯро надидаву аз ӯ ҳеҷ хабаре надорад. Ҳатто дақиқ гуфта намешавад, ки падари кӯдаконаш ҳоло дар куҷост ва чӣ ҳол дорад.

Ӯ бо панҷ фарзандаш дар ҳамон як ҳуҷраи нимавайронаи худ, дар Файзобод ба сар мебарад: "Бачаҳоям фақат мепурсанд, ки падарашон кай меояд ва ӯро куҷо бурдаанд. Кӯдакҳоям асабӣ шудаанд, вазъи онҳо хуб нест. Худам барои дидани шавҳарам рафтам, гуфтанд ки ба СИЗО-и Душанбе бурдаанд. Он ҷо рафтем, гуфтанд, ки дар ин ҷо нест. Намедонем, ӯ дар куҷо аст."

Бо ин ҳол, тоҷикон дар шабакаи ҷаҳонии интернет аз бархӯрди, ба гуфтаи онҳо, номуносиби мақомот бо хонаводаи Рақибовҳо, бахусус панҷ фарзанди хурдсоли ӯ, ки қурбонии аслии ин баҳсҳо гашта аз таҳсил дур мондаанд, изҳори нигаронӣ мекунанд.

ТОҶИКИСТОН, ИНТЕРНЕТ ВА БЕДОРӢ

Зафар Абдуллоев
Ба гуфтаи коршиносон бо афзун шудани дастрасӣ ба интернет ва теъдоди муштариёни тоҷик дар ин тӯри ҷаҳонӣ, ки теъдодашон ба ду миллион нафар мерасанд, як навъ бедоршавии ҷамъияти интернетии Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Зафар Абдуллоев, хабарнигори тоҷик ва яке аз фаъолони интернетӣ мегӯяд, иқдому чорабиниҳои шаҳрвандӣ, ки бештар дар шабакаи ҷаҳонии интернет эҳё мешаванд, аз он дарак медиҳад, ки ҷомеаи интернетии Тоҷикистон фаъол аст.

Вай гуфт, "фикр мекунам, ҳоло интернет, саҳифаҳои Фейсбук ва дигар саҳфаҳои мубоҳисавӣ ягона майдонест, ки ҷавонон метавонанд озод муошират, баҳс ва назари худро баён кунанд. Дар кишвар клубу марказҳои махсус ва майдонҳое нест, ки ҷавонон он ҷамъ шуда андешаронӣ ва бо ин роҳ рушд кунанд. Ҳоло танҳо интернет чунин имкониятро барои онҳо фароҳам овардааст ва бинобар ин фаъолнокии ҷавонон бештар дар интернет ба назар мерасад."

Бояд гуфт, ҷавонони тоҷик дар сомонаҳои иҷтимоие мисли "Фейсбук", "Майл нуқта ру" ва дигар блогу саҳфаҳои хабарӣ масъалаҳои доғи рӯзи кишвар ва мушкилоти мухталифро мисли ҳамин қазияи хонаводаи Рақибовҳо байни худ таҳлил ва андешаронӣ мекунанд ва дар бархе мавридҳо барои кӯмак ба афроди алоҳида ва ҳалли кадом як мушкиле тасмим мегиранд.
XS
SM
MD
LG