Пайвандҳои дастрасӣ

Як намояндаи Созмони Милал истифодаи нерӯҳои давлатии Либия аз бомбҳои хӯшаиро маҳкум кардааст.

Дар ҳоле ки набардҳои сангин байни нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ ва чирикиҳо барои касби назорат бар Мисрота идома дорад, се кишвари Ғарб ҷиҳати ирсоли мушовирони низомӣ ба кӯмаки чирикиҳои Либия ваъда
Як мақоми аршади чирикиҳо дар Мисрота аз Бритониёву Фаронса илтиҷо кардааст, ки ба хотири кӯмак ба ҷанги зидди Қаззофӣ “ба далоили башарӣ” нерӯ бифиристанд...
супурда ва Созмони Милал гуфтааст, ки шеваи ҷанги нерӯҳои Қаззофӣ метавонад мавзӯи ҷиноятҳои байналмилалӣ бошад.

Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пилай истифодаи нерӯҳои давлатии Либия аз бомбҳои хӯшаӣ ва силоҳҳои сақилро маҳкум кард ва гуфт, ин ҳамлаҳоро метавон дар ҳадди ҷиноятҳои байналмилалӣ арзёбӣ кард.

Навӣ Пилай дар баёнияаш "ҳамлаҳои беҳисоб" болои мардуми мулкии Мисротаро маҳкум ва ба қатъи муҳосираи ин бандар даъват кард.

"ВАРТАИ БОТЛОҚ"

Хонум Пилай аз гузоришҳо дар бораи мунфаҷир шудани як бомби хӯшаӣ дар наздикии бемористон, таҳти оташи хумпораву тири снайперҳо қарор гирифтани марказҳои тиббӣ ва мардумро нишон гирифтани снайперҳо иқтибос оварда, гуфт: "Ман аз мақомоти Либия даъват мекунам, ин воқеиятро дарк кунанд, ки онҳо худрову мардуми Либияро ҳарчӣ амиқтару амиқтар ба вартаи ботлоқ фурӯ меандозанд. Онҳо бояд муҳосираи Мисротаро қатъ карда, ба хадамоти тиббиву имдодӣ иҷозат диҳанд, ки ба қурбониёни ин низоъ расидагӣ кунанд.”

Изҳороти ин мақоми аршади СММ дар ҳоле садо дод, ки кишварҳои Ғарб ҷиҳати кӯмак ба чирикиҳое, ки алайҳи режими 42-солаи Қаззофӣ меҷанганд, ваъдаҳои боз ҳам баландтар кардаанд.

Раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ба Мустафо Абдулҷалил, раҳбари Шӯрои миллии гузори мухолифини Либия гуфт, ки Порис ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи нерӯҳои Қаззофиро тақвият дода, як гурӯҳи хурди афсаронашро ба кӯмаки чирикиҳо мефиристад.

"САНДУҚҲОИ РАЪЙДИҲӢ, НА ТАНК"

Абдулҷалил, ки дар ин мақом нахустин сафари байналмилалӣ анҷом медиҳад, дар пайи дидораш бо Саркозӣ гуфт: "Мо ин ҷо омадем, то аз раисҷумҳур Саркозӣ ва аз давлати Фаронса пуштибонии бештар дархост кунем ва чунин ваъда гирифтем. Мо ба ҷомеаи байналмилалӣ тааҳҳуд супурдем, ки рӯи бунёди як ҷомеаи демократие кор хоҳем кард, ки дар он раҳбари давлат аз роҳи сандуқҳои раъйдиҳӣ интихоб мешавад, на бо танк.”

Қаблан Бритониё ваъда дод, ки ба Либия 20 мушовири низомӣ эъзом хоҳад кард. Ба дунбол, Итолиё низ дар бораи эъзоми 10 мушовири низомиаш ба кӯмаки чирикиҳо тааҳҳуд супурд. Аммо ҳар се кишвар таъкид кардаанд, ки қасди ба Либия фиристодани нерӯҳои хушкигардро надоранд.

"ИН МАВЗӮИ ШӮРОИ АМНИЯТИ СММ АСТ"

Аз вазири дифои Фаронса Жерар Лонге пурсиданд, ки агар мардуми Либия дархост кунад, Порис оё мавзӯи эъзоми нерӯ ба он кишварро баррасӣ хоҳад кард?

Жерар Лонге дар посух гуфт: "Мо дар инҷо ба он хотир нестем, ки кулли мардум ва ҳамеша аз мо хушу розӣ бошад. Ин як масъалаи воқеиест, ки арзёбии ҷомеаи байналмилалиро тақозо мекунад. Ман дар ҳоли ҳозир ба ин мавзӯъ сарукор нахоҳам гирифт. Гузашта аз ин, он дар салоҳияти ман ҳам нест. Ин мавзӯи Шӯрои Амнияти СММ аст.”

Бо ин ҳол, ба навиштаи "Франс-Пресс", як мақоми аршади чирикиҳо дар Мисрота аз Бритониёву Фаронса илтиҷо кардааст, ки ба хотири кӯмак ба ҷанги зидди Қаззофӣ “ба далоили башарӣ” нерӯ бифиристанд. Ин нахустин аломати аз хориҷ барои кӯмак сарбоз хостани чирикиҳост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG