Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гул Шералӣ: "Наздикӣ бо раисҷумҳур имтиёз надорад."


Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон
Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон

Зимни бебарқиҳои ахир дар Тоҷикистон масъулони Вазорати энержӣ ва саноат зери танқид қарор доранд.

Хабарнигори “Озодӣ” дар сӯҳбате, ки бо Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дошт, дар оғоз ба ин мавзӯъ дахл кард ва сару садоҳо дар бораи содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро низ дар миён гузошт.

Гул Шералӣ: Аввал ин ки ба Афғонистон мо на он қадар нерӯи барқи зиёд медиҳем. Ҳамагӣ 10 мегаватт-соат ва ин ҳам танҳо дар фасли тобистон. Ҳоло мо хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 220-киловолтаро аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" то марзи ин
Дар бораи он ки мо дуруст кор накардем, барқро таъмин намуда натавонистем, овозаҳо бисёранд. Ин овозаҳо нодуруст аст...
кишвар кашидем. Агар ҷониби афғонистонӣ битавонад, ки нерӯи барқро дар тобистон қабул кунад, мо метавонем то 600 мегаватт-соат ба онҳо барқ содир намоем.

Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки дар тобистони соли гузашта чоруним миллиард киловатт соат нерӯи барқ обро аз обанбори «Норак» сар додем, беҳуда рафт. Ҳарчанд мо талошҳои бисёре ҳам кардем, то ки бо давлатҳои ҳамсоя ба як мувофақа биоем ва ин миқдори барқ талаф нашавад, вале муваффақ нашудем. Пешниҳодҳоро дар бораи он ки аз ҷумҳурии мо барқро арзонтар бигиранд ва ба дигар кишварҳо аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон ва Русия бо ҳар нархе, ки бихоҳанд, бифурӯшанд низ радд карданд. Аз моҳи феврали соли ҷорӣ охирин хатти ин кишвар бо Тоҷикистон дар самти водии Зарафшонро, ки нерӯи барқ мунтақил мекард, қатъ карданд. Мо ин пешомадро интизор будем ва аз ин рӯ соли гузашта тавассути нақби “Истиқлол” хатти интиқоли 110 киловаттаро гузаронида будем, то ин ки корхонаҳо ва муассисаҳои ин минтақа дучори монеа ва мушкил нашаванд.



Дар бораи он ки мо дуруст кор накардем, барқро таъмин намуда натавонистем, овозаҳо бисёранд. Ин овозаҳо нодуруст аст. Мо дар баробари ин корҳо дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон то имрӯз 242 нерӯгоҳи хурд сохта ва ба истифода додем. Аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҳисоби шахсони алоҳида, ҷамоатҳо ва ширкати “Барқи тоҷик” ва ҳукумати кишвар ин нерӯгоҳҳо бунёд шуданд, ки дар рафъи мушкили бебарқӣ мусоидат мекунанд. То имрӯз ин нерӯгоҳҳо кор карда истодаанд ва мо саъй дорем, ки то охири сол 22 нерӯгоҳи хурди барқи обиро сохта ва ба истифода диҳем. Хулоса, дар ин ҷода аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад ва сохтани чунин нерӯгоҳҳо минбаъд низ идома меёбад.

АЗ ЗИЁНИ БЕБАРҚӢ ТО "БАРҚИ ТОҶИК"

Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар Душанбе
Суол:
Оё зараре, ки бар асари бебарқӣ расид, ҳисоб карда мешавад?

Гул Шералӣ: Супориш додем, ки зарари расида ба корхонаҳои саноатиро ҳисоб карда маълум намоянд. Шумори корхонаҳои саноатии хурду калони тобеи вазорат ва дигар корхонаҳо 840-то аст ва ҳамаи инро бояд ҳисоб кунем. Аммо новобаста аз мушкилоти бавуҷудомада, ҳаддалимкон корхонаҳои бузург бо нерӯи барқ таъмин карда шуданд.»

Суол: Дар бораи ширкати “Барқи тоҷик” низ сару садоҳо зиёд аст. Оё ин ширкат солона чанд пул ҷамъ меоварад ва ин ки ин ширкат хусусӣ шавад ба манфиати кор хоҳад буд ё хайр?

Гул Шералӣ: Аввал ин ки мувофиқи Низомнома, Вазорати энергетика ва саноат сиёсати энергетикиро (ҳамчунин дар бахши саноат) пеш мебарад ва ба фаъолияти хоҷагидории ширкати “Барқи тоҷик” дахолат намекунад. Аммо тибқи маълумоти оморӣ ва маълумоте, ки мо дорем, имрӯз ҷамъоварии маблағ дар як сол дар “Барқи тоҷик” ба 750-800 миллион сомонӣ мерасад. Азбаски корҳои сохтмонии гидроэнергетикӣ зиёд аст, талаботи маблағ ҳам нисбат ба дигар корхонаҳо бештар мешавад. Дар ҷумҳурӣ хатҳои интиқоли барқ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» бунёд мегарданд. Хатти барқи 110-киловатта аз тариқи нақби “Истиқлол” бо маблағи 12 миллион сомонӣ ба тарафи ноҳияи Айнӣ насб гардид, Дар ин лоиҳаҳо саҳми ширкати “Барқи тоҷик” хеле зиёд дида мешавад. Бахусус, дар барқарор кардани хатҳои барқ, барқарор кардани зеристгоҳҳо, корҳои азнавбарқарорсозӣ дар нерӯгоҳҳо. Барои мисол, агрегати аввали нерӯгоҳи Норак 39-40 сол аст, ки кор мекунад ва бояд нав карда шавад.

Дар давоми соли гузашта ду чархи агрегатҳои 8 ва 3-и нерӯгоҳи Норакро иваз кардем. Ҳоло як чархи дигар дар шаҳри Харков омода шудааст, ки мо бояд онро биоварем. Чархҳои дигарашро низ бояд иваз кунем. Ин ҳама аз ҳисоби “Барқи тоҷик” амалӣ карда мешавад. Он афроде, ки мегӯянд маблағҳо куҷо шудаанд, ин нуктаро дар ёд дошта бошанд, ки дар ин ширкат аудити байналмилалӣ ҳам доир шуд.

Абдуқаюми Қаюмзод дар сӯҳбати Гул Шералӣ
Ҳоло “Барқи тоҷик” аз баъзе созмонҳо қарздор ҳам ҳаст. Вобаста ба ин дар нимаи дуюми соли гузашта барои баланд бурдани нархи нерӯи барқ пешниҳод манзур гардид, аммо бо назардошти вазъияти душвори аҳолӣ ба ин амал розӣ нашудем. Ҳарчанд ҳолати молиявии ширкат низ хеле вазнин аст. Айни замон Покистон омода аст, нерӯи барқро 6-сентӣ бихарад. Аз сабаби он ки мо ҳоло чунин имкон надорем, ҷумҳурии ҳамсоя ба Афғонистон то сад мегаватт қувваи барқро бо нархи 6-сентӣ мефурӯшад. Ин як сарват аст, ки ҳар давлат ба истифода ва ё фурӯши он ҳуқуқ дорад.

Давоми ду-се соли дигар ҷумҳурӣ пурра бо қувваи барқ таъмин хоҳад шуд. Содироти он ба берун ҳам мумкин роҳи ҳалли худро биёбад. Чандин лоиҳаҳоро дар ин замина бо ҷалби маблағҳои грантӣ ва низ тавассути бархе аз созмонҳои байналмилалӣ омода кардаем. Лоиҳаҳои ташхиси фанниву иқтисодии бархе аз нерӯгоҳҳои хурди барқиро ҳам тайёр кардаем, то ки ин корҳо мунтазам пеш равад.

"МО ҶАВОБҲОИ ХУДРО ДОШТЕМ"
Агар чунин пешниҳод намуданро аз ман мепурсиданд ва чунин корро дуруст меҳисобидам, мо панҷ бародар ҳастем ман онҳоро ба мансабу вазифаҳо пешниҳод мекардам...


Суол: Ҷаноби вазир, солҳои пеш низ масъалаи танқисӣ аз нерӯи барқ пеш омада буд ва масъулони ин соҳаҳо танбеҳ низ шунида буданд. Вале шуморо раисҷумҳур чизе нагуфт...

Гул Шералӣ: Агар метавонистем, ки ба табиат ҳам ҳукмфармоӣ кунем, дар ҳақиқат гуноҳи мо мебуд. Ба ҳама маълум аст, ки мо зимистони имсоларо нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар сипарӣ кардем. Дар фасли зимистон ҳамроҳ бо “Барқи тоҷик” вазъро таҳти назорат гирифта, тамоми таҷҳизоти заруриро таъмин кардем, ки ягон мушкилӣ пеш наояд. Катаклизмҳои табиӣ имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Танбеҳ додан ва ё надодан бошад, аз роҳбари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста аст. Мо ҷавобҳои худро дар ҳақиқат доштем, ҳуҷҷат доштем, далелҳо буд ва ин далелҳоро пешниҳод кардем. Дар яке аз сомонаҳо навиштаанд, ки барои чӣ вазири энергетикаву саноат ва раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар ҷаласаи назди президент хомӯш буданд, чизе намегуфтанд, аммо онҳоро ҷазо надоданд.

Дар чаҳорчӯби як мусоҳиба, маърӯза ва масъалаҳое, ки дар ҷаласа қайд гардид, баён кардан имконнопазир аст. Вазъро мо ба президент ироа намудем. Дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 7-уми апрели соли ҷорӣ бо хабарнигорон баргузор гардид, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Бе маҳдудияти вақт барои саволу ҷавоб ба хабарнигорон фурсат дода шуд. Ҳарчанд боз ҳам баъзе аз онҳо, аз ҷумла “пресса ти ҷи» ба таҳрифҳо роҳ додааст. Маълум аст, ки ҳар ҷо тартиби саволу ҷавоб, тартиби машварат, гуфтугузор дорад. Ҳама чиз баррасӣ мегардад, омӯхта мешавад ва агар камбудии Вазорати энергетика ва саноат ё “Барқи тоҷик” бошад, ҷавоб гуфта мешавад.

ИМТИЁЗИ НАЗДИКӢ БО РАИСҶУМҲУР?

Суол: Гуфта мешавад, ки чун бо раисҷумҳур наздикӣ доред, қудо ҳастед ба ин хотир шумо танқид намешунавед ва мисле ки ин наздикӣ кадом як имтиёз дорад?

Гул Шералӣ
Гул Шералӣ:
Агар ду навҷавон ба якдигар дил бастанд ва барои барпо кардани оила тасмим гирифтанд, ин ихтиёри онҳост ва ин маънои онро надорад, ки тарафҳо дар корҳо ҳам хеш мешаванд ва ин як навъ “имтиёз” мешавад. Фикр мекунам, ин имтиёз нест ва пурсида мешавад, ки имтиёз ба чӣ ё барои чӣ? Ба фикри шахсии ман дар иҷрои вазифа бояд ягон имтиёз набошад. Касе, ки аз ӯҳдаи кор набарояд, инро аз таҷрибаи кории худам мегӯям, ки новобаста аз мақому мансаби ишғолкарда ӯ бояд кор накунад. Шахсоне, ки дар бораи ягон масъала ва ё соҳа менависанд, бояд аз он ба хубӣ огаҳӣ дошта бошанд. Метавонанд, биёянд, бо мо мулоқот кунанд, пурсанд, фикрҳояшонро бепарда баён кунанд. Дар ҳамин давраи мушкил “Барқи тоҷик” ба мардум муроҷиат кард, вазъро фаҳмонид. Гурӯҳҳои фаҳмондадиҳии вазорат ба минтақаҳо, ба корхонаҳои саноатӣ, ки бо истифодаи барқ мебоист маҳсулот истеҳсол кунанд, сафарбар карда шуд. Ин мушкилии ҷумҳурӣ буд ва аз ҳар қишри ҷомеа дарки вазъияти баамаломадаро тақозо мекард. Дар мо тақрибан ҳамаи корхонаҳои саноатӣ ғайридавлатианд.

Мо саъй намудем нақшаҳоеро, ки барои семоҳаи аввал буд, ба иҷро расонем. Вазорати энергетика ва саноат нақшаҳои худро, ки тавре дар боло қайд гардид, 840 корхонаро дар бар мегирад, 116,8 дар сад ва дар маҷмӯъ нақшаҳои соҳаи саноати ҷумҳурӣ 105,4 дарсад иҷро гардид. Нашрияе оид ба масъалаи норасоии барқ дар ҷумҳурӣ, ноӯҳдабароӣ, аз кор барканор кардани мо ибрози назар намудааст. Хуб мебуд, ки хабарнигори мӯҳтарам ташриф меовард, маълумоти лозимиро бевосита дастрас менамуд, то мо дар кадом ҳолат қарор доштани воқеиятро шарҳ медодем, ҳарчанд омадан ё наомадани онҳо дар ихтиёри худи онҳост. Дар ҳамин ҳолати фавқулодаи вазнини табиӣ, аз ягон давлати ҳамсоя дастгирӣ наёфтем ва қувваи барқ ҳам гирифта нашуд. Мутаассифона, мунтазир набудем, ки имсол дар аввали мавсими баҳор об назар ба соли гузашта ду-се маротиба ё ки 63-70 метри мукааб дар сония камтар ба обанбори Норак ворид мешавад. Агарчӣ аз муассисаи обуҳавошиносӣ маълумот ҳам мегирем, вале ба ҳамаи шумо ҳам маълум аст, ки на ҳама вақт ин маълумот дуруст аст. Аз ин рӯ, зуҳури ин қабил ҳолатҳо берун аз ихтиёри чӣ масъулон, чӣ мутахассисон ва ҳар яки мову шумост.

Суол: Ба ҳар сурат назари шумо дар мавриди пешниҳоди ин нашрия чӣ аст ва фикр мекунед, он чи ки мушкилӣ пеш омад на ба дараҷест, ки аз барои он истеъфо дод?

Гул Шералӣ: Баҳои ин корро роҳбари давлат медиҳад.

Суол: Бо он ки наздикии зиёд бо раисҷумҳурӣ доред мегӯянд, ки дар сиёсати кадрӣ низ нақши Шумо ҳис мешавад. Ин гапҳо то куҷо воқеият дорад?

"БА СИЁСАТИ КАДРӢ ДАХОЛАТ НАМЕКУНАМ"

Гул Шералӣ: Кадом сиёсати кадрӣ бошад?

Суол: Масалан, дар ҷобаҷогузории кадрҳо, пешниҳодҳо мекунед?

Гул Шералӣ: Бояд гӯем, ки ҷобаҷогузории кадрҳо дар салоҳияти президенти ҷумҳурӣ қарор дорад. Ман ҳеҷ вақт, дар ҳеҷ маврид дар ин масъала ягон пешниҳод накардаам, намекунам, карданӣ ҳам нестам. Агар чунин пешниҳод намуданро аз ман мепурсиданд ва чунин корро дуруст меҳисобидам, мо панҷ бародар ҳастем, ман онҳоро ба мансабу вазифаҳо пешниҳод мекардам. То имрӯз онҳо дар ҳамон вазифаҳое, ки қаблан машғул буданд, кор карда истодаанд. Ман ба чунин корҳо дахолат намекунам.

Дар мавриди худам гуфтаниям, ки ягон шахси “тасодуфан” азканоромада нестам. Баъд аз хатми донишкада корро ба унвони коргари қаторӣ сар кардам. Аз коргари одӣ то ба дараҷаи усто, прораб, сардори қитъа, саринженер, роҳбари ташкилот, роҳбари ноҳия ва баъд то ба ин ҷо расидам. Баъди донишгоҳ омада, дар курсӣ нишаста вазифа нагирифтаам. Ман истеҳсолотчиам ва бе ин вазифаи вазирӣ ҳам лоиқ бидонанд, кор мекунам, лоиқ надонанд дар кадом ҷое, ки бошад аз ӯҳдаи кор мебароям.

ДАР БОРАИ ДОРОӢ

Суол: Яке аз талабот аз масъулон ин аст, ки декларатсия ё эъломия дар бораи даромади худро солона бинависанд ва ба мақомоти андоз бисупоранд. Шумо чӣ чизҳоятонро нишон медиҳед?

Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон
Гул Шералӣ:
Мо на танҳо худ, балки аз ҳамаи кормандонамон талаб кардем, ки дар аввали сол ба шӯъбаи муҳосибот эъломияҳои даромадҳои худро пешниҳод кунанд. Дар он ҷо чизе, ки ҳаст, хона, мошин, ҳар моликияте бошад, нишон дода мешавад. Ман дар ноҳияи Фархор ба воя расида, фаъолияти кориамро дар он ҷо оғоз намудаам. Мо дар он ҷо дар хонаи давлатӣ, ки аз тарафи ташкилоти сохтмоние, ки кор мекардам дода шуда буд, зиндагӣ мекардем. Вақте ба ин тараф омадем, ҳукумати иҷроияи Фархор онро бозпас гирифт.

Моҳи январи соли 1984 бо супориши онвақтаи роҳбарони вилоят барои кор ба ноҳияи Данғара фиристоданд. Он ҷо низ дар хонаи давлатӣ зиндагӣ мекардем. Дар ҳақиқат ин хонаи давлатиамон ҳоло ҳам ҳаст. Дар он ҷо як фарзандамон зиндагӣ мекунад. Он хона ва як мошини “Жигулӣ”-ро, ки соли 1987 харида будем, нишон медиҳем. Дигар ягон чизи зиёдатӣ ҳам надорем. Фарзандонамон, ки хона дошта бошанд худашон нишон медиҳанд. Ин ҷо зарурати пинҳон кардани моликият нест. Агар лозим шавад, маълум кардани онҳо аз ҷониби сохторҳои дахлдор мушкилӣ набояд дошта бошад, ки ҳамаи мо шоҳиди чунин ҳолатҳо ҳам шудаем.

ФАРЗАНД ВА ТАНЗИМИ РАСМУ ОЙИНҲО

Суол: Чун дар бораи фарзандон сӯҳбат кардед мешавад бигӯед, ки фарзандони шумо чикораанд ва ба чӣ корҳо машғуланд?

Гул Шералӣ: Панҷ писар дорам, ҳамааш маълумоти олӣ доранд ва аз рӯи ихтисос дар сохторҳои мухталиф кор карда истодаанд. Зиндагии мустақилона доранд. Ду духтар дорам, онҳо низ таҳсилкардаи мактабҳои олӣ ҳастанд. Оиладор, пайи рӯзгор ва тарбияи фарзандҳои худ.

Суол: Мушоҳида кардаанд, ки Қонуни танзими расму анъанаро бештар масъулон, ба истилоҳ калонҳо, риоят намекунанд...

Гул Шералӣ: Шояд бошанд масъулоне, ки талаботи Қонуни танзими расму анъанаро иҷро намекунанд. Лекин мо соли гузашта писари хурдиамонро оиладор кардем, бо духтардор якҷоя тӯйро гузаронидем. Мо ва қудо як маърака кардем. Чӣ хеле, ки қонун талаб мекунад мо ҳатман риоя мекунем. Ин маънои онро надорад, ки мо вазир ҳастему ба сарамон раҳ бигардем. Вазир ҳам мисли дигарон як инсон аст. Ин аст, ки бисёр вақт бегоҳӣ ба хона пиёда меравам. Пагоҳиҳо ҳам агар дертар шавад бо мошин, вагарна то ҷои кор пиёда меоям. Чун пиёдагардӣ ба саломатӣ фоида дорад. Он сӯзишворие, ки барои вазирҳо дар як рӯз ҷудо мешавад - 10 литр, барои рафту омад ва дидани ҷойҳои корӣ намерасад. Ягон ҷо рафта ресторан ҳам намешинам. Ғизои нисфирӯзиро ё дар идора ва ё дар хона мехӯрам. Дӯстдори айшу ишрат нестам. Аз давраи хурдсолиамон, падарамон, ки муаллим буданд, таъкиду насиҳат мекарданд то ба ин корҳо дода нашавем.

"ЛЭНДКРУЗЕР" ДОРЕМ..."

Суол: Бо он ки маоши масъулони ниҳодҳои давлатӣ на он қадар баланд аст, вале мошинҳои хидматии вазирони мо гаронарзишанд ва ҳар сол онҳоро нав мекунанд...

Гул Шералӣ: Мошинҳои хидматии дигар вазоратҳоро намедонам, вале мо ду мошини хидматӣ дорем. Як мошини мо аз соли 2007 аст ва як мошини дигари хориҷӣ "Лэндкрузер" дорем барои мавзеъҳои душворгузар, сари иншоотҳо рафтан, масалан, «Сангтӯда-2», тарафи Роғун, ноҳияи Рашт ва Айнӣ ва дигар иншоотҳо истифода мешавад. Ду мошин дорем, вале он ки беҳуда истифода шавад ва оилаву кӯдакҳоро ин тарафу он тараф кашонад, ин тавр нест. Мошини давлатӣ ба нафари масъул дода шудааст. Баъзан, агар барои кормандон лозим шавад аз онҳо истифода мекунанд, то корҳояшонро ба иҷро расонанд.

ВАЗИР, БОЗОР ВА ТОҶИР

Суол: Кадом бозорҳо меравед?

Гул Шералӣ: Бозори «Шоҳмансур» меравам. Якчанд бор бозорчаи маҳаллаи 33 рафтам. Барои хариди маводҳои хоҷагӣ бошад, бозори Султони Кабир меравам. Харид мекунам. Бозор рафтан як аҷобати худро дорад. Илова ба ин, ин як роҳи омӯхтани бозори дохилӣ, шинос шудан бо маҳсулоти дохиливу хориҷӣ, муқоиса намудани онҳо аст.

Суол: Шояд шуморо шиносанд ва гаронтар бифурӯшанд?

Гул Шералӣ: Бозор ҷои савдо аст. Савдо мекунам. Як хел савдогар намехоҳад, ки маҳсулоташро арзон бифурӯшад. Ин хусусияти тиҷорат аст. Шумо медонед, ки дар бозор нафаре, ки ин маҳсулотро мефурӯшад дар асл онро тайёр накардааст. Аз ҷое маҳсулотро меорад, яклухт ба дигаре мефурӯшад, дигаре дар бозор нишаста тариқи чакана мефурӯшад. Ҳамин тавр, дар баробари мубодилаи мол, муносибатҳои тиҷоратӣ дар шакли содда ва мураккаб вусъат меёбад.

"ОН НАШРИЯҲОЕРО МЕХОНАМ, КИ..."

Суол: Шумо гуфтед, ки матбуоти давриро мехонед. Ба назари Шумо, оё рӯзноманигорон то куҷо дар инъикоси фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва аз ҷумла масъулини ин ниҳодҳо воқеӣ ва огоҳона менависанд?

Гул Шералӣ: Хабарнигороне, ки омада бо мо сӯҳбат мекунанд, баҳс мекунанд, табодули фикру андеша мешавад ва сипас он ба чоп мерасад ҳамонро бовар мекунам. Онҳоеро, ки нодида, наомӯхта ва насанҷида менависанду нашр мекунанд, бовар надорам.

Суол: Шумо фақат нашрияҳои расмиро мутолиа мекунед ё нашрияҳои мустақилро низ мехонед?
Ман худро шахси сарватманд ҳисоб мекунам. Барои он ки бисёр фарзандони хуб дорам. Аз лиҳозе, ки фарзандонам соҳибихтисос ҳастанд, зиндагии мустақилона доранд...


Гул Шералӣ: Дар ин ҷо (аз рӯи мизи корӣ бастаи нашрияҳоро варақ зада) газетаҳои “Ҷумҳурият”, “Садом мардум”, “Азия-Плюс”, ”Нигоҳ”, ”СССР”, “Фараж”, “Миллат” ва “Бизнес и политка” ҳаст, онҳоро мехонам. Вазорат ба ин газетаҳо умуман ба 14 нашрияву маҷалла ба миқдори беш аз 80 нусха обуна аст. Баъзе рӯзҳо як қисми онҳо дертар дастрас мешаванд ва мунтазири онҳо нашуда, ягон корманди вазорат аз назди бинои Бонки миллӣ, ки муқобили идораи мост, нашрияҳоро дастрас менамояд.

"САРВАТМАНДАМ, ЧУН..."

Суол: Мегӯянд, аксари мансабдорони Тоҷикистон сармояи худро дар бонкҳои хориҷӣ нигоҳ медоранд. Оё инро дуруст меҳисобед?

Гул Шералӣ: Ин ба ҳар як шахс вобастагӣ дорад. Ҳар кас метавонад ба бонки хориҷӣ ва ё дохилӣ маблағҳои худро гузорад. Албатта, хуб мешуд, барои пешрафту рушди иқтисодиёти кишвар маблағҳои худро дар бонкҳои дохилӣ мегузоштанд.

Суол: Шояд ба бонкҳои дохилӣ бовар надоранд?

Гул Шералӣ: Бонкҳои Тоҷикистон барои қабули сармоя, ба фикри ман, омода ҳастанд. Лекин барои ҷудо кардани маблағ ба сармоягузорон на он қадар омодаанд, чунки фоизи баланд талаб мекунанд.

Суол: Шумо дар бонкҳои хориҷӣ сармоя доред?

Гул Шералӣ: Не, надорам.

Суол: Худро шахси сарватманд меҳисобед?

Гул Шералӣ: Ман худро шахси сарватманд ҳисоб мекунам. Барои он ки бисёр фарзандони хуб дорам. Аз лиҳозе, ки фарзандонам соҳибихтисос ҳастанд, зиндагии мустақилона доранд, тавре дар боло гуфтам.

Суол: Суратҳисоби Вазорати энергетика ва саноат дар кадом бонк аст?

Гул Шералӣ: Вазорати энергетика ва саноат ташкилоти буҷавӣ аст ва суратҳисоби он дар «Амонатбонк» аст.

Муаррифӣ:

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Донишгоҳи аграрии шаҳри Душанберо бо ихтисоси муҳандис - гидротехник дар соли 1974 хатм кардааст. Фаъолияти кории худро дар идораи оби ноҳияи Фархор шурӯъ карда, то ба дараҷаи сардорӣ дар ин муассисаҳо расидааст. Дар солҳои 1994 -2001 раёсати ноҳияи Данғараро бар ӯҳда дошт. Солҳои 2001-2006 дар вазифаи раиси Кумитаи давлати назорати амволи давлатӣ кор карда ва аз моҳи декабри соли 2006 бо фармони раисҷумҳур вазири энергетика ва саноат таъйин мешавад. Соҳиби 7 фарзанд аст.
XS
SM
MD
LG