Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди шаҳрванди боздоштшудаи қирғиз


Мақомоти интизомии Тоҷикистон шаҳрванди боздоштшудаи қирғиз Расулбек Бурҳоновро, ки дар минтақаи наздимарзӣ боздошт шуда буд, ба мақомоти қирғиз супурдаанд.

Расулбек Бурҳоновро гурӯҳи кормандони интизомии Конибодом рӯзи 17-уми апрел дар наздикии деҳаи наздимарзии Лаққони Исфара боздошт карда буданд.

Аброр Муҳаммадҷонов, раҳбари қисми навбатдории идораи корҳои дохилии Конибодом дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ хабари дар ихтиёри мақомоти Бодканд гузоштани Расулбек Бурҳоновро тасдиқ кард ва гуфт, 18- уми апрел мақомоти интизомии Суғд ӯро барои идомаи тафтиши парванда ба мақомоти корҳои дохилии вилояти Бодканд истирдод карданд.

Шариф Назаров, сардори идораи корҳои дохилии Суғд гуфт, боздошти
Шариф Назаров, сардори идораи корҳои дохилии Суғд
Расулбек Бурҳонов, сокини 35- солаи деҳаи Қарабоғи ноҳияи Бодканд субҳи рӯзи 17- уми апрел дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Исфара бо роҳандозии як амалиёт аз ҷониби кормандони интизомии тоҷик сурат гирифт. Вай афзуд, ҳангоми муоина аз автомобили «Мерседес» - и шаҳрванди қирғиз, беш аз 3 кило симоб дарёфт ва мусодира шуда, мутобиқи банди 206, қисми 3 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо айби қочоқи симоб дар нисбати вай парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.

Ба думболи боздошти Расулбек Бурҳонов, садҳо тан аз ҳамдеҳагонаш бо тақозои раҳо кардани ӯ назди деҳаи Лаққони ноҳияи Исфара ҷамъ омада буданд ва раҳбарони маҳаллӣ мардумро пароканда ва аз руй додани низоъ ҷилавгирӣ карданд. Вале ҷамъомадагон шарт гузошта буданд, ки агар ҳамдеҳаашон озод нагардад, боз таҷаммӯъ хоҳанд кард.

Ҳамакнун идомаи тафтиши парвандаи Расулбек Бурҳонов дар ихтиёри идораи корҳои дохилии вилояти Бодканд гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG