Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: қатъи фаолияти қисме аз корхонаҳои саноатӣ


Дар вилояти Суғд ҷиҳати нарасидани нерӯи барқ қисме аз корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Чунонки дар шуъбаи саноъати ҳокимияи иҷроияи вилоят таъкид намуданд, чунин ҳолат то собитшавии вазъи баамаломада дар соҳаи энержии вилоят идома хоҳад намуд.
Дар ҳамин ҳол, дар намояндагии вилоятии ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, ки шабонарӯзҳои ахири моҳи январ ба вилояти Суғд ҳамагӣ 3 миллиону 697 кВт/cоатӣ нерӯи барқ интиқол шудааст, дар ҳоле, ки меъёри ахири шабонарӯзии маҳдудшуда 8 миллион кВт/cоатро ташкил медод.
Ба иддаъои коршиносон, меъёри аслии шабонарӯз талаботи вилоят ба нерӯи барқ 14 миллион кВт/cоат аст.
Дар ҳоли ҳозир нерӯи барқи ба шимоли кишвар интиқолшаванда танҳо ба ихтиёри аҳолӣ дода мешавад ва он ҳам ҳамагӣ 2 соат дар як шабонарӯз.
XS
SM
MD
LG