Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навгониҳои футболи тоҷик


Манучеҳр Ҷалилов, узви дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба ҳайъати дувуми бошгоҳи футболи «Локомотив»-и Маскав (Русия) шомил гардид.

Ин ҳимоятгари 17-сола, ки дар бошгоҳи «Локомотив» дарси маҳорат омӯхтааст, соли гузашта дар ҳайъати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи ҷанубӣ ҳунарнамоӣ карда буд. Дар айни ҳол ӯ дар ҳайъати дувуми «Локомотив» таҳти раҳбарии сармураббӣ Ринат Билолиддинов дар як мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Гвадалахараи Мексика иштирок дорад.
Лозим ба тазаккур аст, ки сармураббии ҳайъати асосии «Локомотив» собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе Рашид Раҳимов таъйин шудааст. Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки солҳои 90-уми қарни ХХ дар ҳайъати «Локомотив» як зумра шогирдони футболи тоҷик, чун Муҳсин Муҳаммадиев, Ҳаким Фузайлов, Юрий Батуренко, Игор Черевченко ва дигарон, таҳти раҳбарии сармураббӣ Юрий Сёмин (собиқ сармураббии дастаи «Помир») муваффақона ҳунарнамоӣ кардаанд.
Дастаи "Регар" ТадАЗ
Дар ҳамин ҳол, аъзои дигари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар шаҳри Норак фарогири як давраи тамриниву таълимӣ ҳастанд, ки марҳилае аз барномаи омодагирӣ ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2008 байни бозигарони то 19-сола (Арабистони саъудӣ) мебошад. Марҳалаи дувуми омодагиҳои дастаи ҷавонони кишвар ба мусобиқаи қитъавӣ аз 11-ум то 24-уми феврал дар Туркия хоҳад гузашт, ки дар ин ҷо футболбозони тоҷик бояд бо тимҳои хориҷӣ чаҳор бозии санҷишӣ анҷом диҳанд.
Воқиъан тӯли ду рӯз аст, ки дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, дар шаҳри Анталияи Туркия тамрин карда, ба мусобиқаи анъанавии «Ҷоми Аркадий», ки дар инҷо 2-вуми феврал шурӯъ мешавад, омодагӣ мебинад. «Регар» ТадАЗ дар гурӯҳи «В» бо тимҳо аз Гурҷистон, Кореяи ҷанубӣ ва Руминиё рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG