Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумат


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тағйироти ахирии кадрӣ боз як қатор раҳбарони идора ва ноҳияҳои кишварро аз вазифаҳояшон барканор намуд.

Бино ба иттилоъи сомонаи интернетии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарорҳои нав аз рӯзи 31 январ Маҳкамов Фарҳод аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Афғонистон озод карда шуд. Ҳамчунин Шарипов Саидбег вазифаи Директори Агентии таъмини амволи махсуси вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон озод гардида, ба ҷои ӯ Шафиев Исмоил таъин шуд.

Ҳамчунин раисони бархе аз шаҳру навоҳии тобеъи марказ низ аз вазифа озод шуданд, азҷумла:

- Буриев Фатҳулло аз вазифаи раиси шаҳри Роғун озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин шуд;

- Зайдов Исматулло аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод озод гардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун таъин шуд.

XS
SM
MD
LG