Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як кудак аз сармо


Бар асари сармои шадид ва сардии манзилҳо як кудаки беш якунимсола дар шаҳри Панҷакент ҷони худро аз даст додааст.

Қумрӣ Ҷалолова, модари ин кудаки фавтида, ба радиои Озодӣ гуфт, дар фақру камбизоъатӣ бо панҷ фарзандаш дар як хонаи нимвайронае ба сар мебарад. Вай афзуд, аз нодорӣ тавони дар ин фасли сармо бухорӣ гузоштан дар манзили зистро надоштааст. Аз ин рӯ, гуфт ӯ, дар ин рӯзҳои сармо кудаки якунимсолааш бо номи Санъатҷон аз сардии шадиди хонаи зисташон фавтидааст.

Манзура ном яке аз фарзандони ин зан мегуяд, агарчи 11-сола аст, вале бинобар он, ки сарулибос надорад ва саробонии додарони хурдсолашро бар уҳда дорад, наметавонад ба мактаб равад.

Ҳангоме, ки мо ба ин хонадон омадем, кудакон бинобар ҳолати фақру нодорӣ дар ин фасли сармо танҳо либосҳои тунук ва нимбараҳна ба бар доштанд. Ва манзили зисти онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Хонум Ҷалолова мегуяд, ӯ бо фарзандонаш дар ин хонаи нимвайрон иҷора мешинанд. Вале, афзуд ӯ, бо сабаби нодорӣ тавони пардохти иҷорапулиро низ надоранд ва дар сурати ронда шудан бо чор фарзандаш дар куча хоҳанд монд.

Дар ҳамин ҳол як тан аз ҳамсоягони ин хонавода мегуяд, оилаи мазкур дар шароити хеле сангини фақр ва нодорӣ ба сар мебарад, вале касе аз ниҳодҳои масъул ва ҳукуматдорон ба ҷуз ҳамсоягон ба ин зан ва фарзандонаш имдоде намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки назар ба гуфтаи табибони ноҳия, тули 10-солаҳо фавтидани кудак аз сардии шадид дар Панҷакент барои аввалин бор будааст.

XS
SM
MD
LG