Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи имтиёзҳои давлатӣ барои фарбеҳону сигоркашон?


Рӯзномаи амрикоии «Ню Йорк Таймс» навиштааст, ки барканории Михаил Касянов аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури Русия, аз қабл маълум буд. Рӯзнома менависад, зеро Касянов аз он замон номақбули Кремл гашта буд, ки ба интиқоди идеяи раёсати Путин, яъне мутамарказонидани ҳукумат ва фасоди давлатӣ шурӯъ кардааст. Ва меафзояд, аз ибтидо ҳама медонист, на танҳо оқои Касянов ба номзади Кремл ба гунае муроқибат карда наметавонад, балки ҳатто имкони баргузории маъракаи қаблазинтихоботиро надорад.

Нашрияи «Франкфуртер рундшау» ишорат кардааст, ки Геннадий Зюганов, номзади Ҳизби коммунисти Русия шояд бо Кремл «ба мувофиқа» расидааст. Ба навиштаи рӯзнома, ба дунболи худдорӣ аз сабти номи Михаил Касянов, Зюганов ягона номзаде аст, ки бо ширкати худ интихоботи қарибулвуқуи президентии Русияро метавонад борақобат муаррифӣ кунад. Аммо рӯзнома менависад, ба ақидаи коршиносони рус дигар дар мавриди мухолифати Зюганов дар ин интихобот ҳоҷати сухан гуфтан нест. Зеро дар интихоботи парлумонии соли 2007 оқои Зюганов дар муқобили номзади кремлӣ Владислав Сурков рақобат кард ва Кремл ҳам дар «посух» ба ин номзади коммунист имкон дод, ки ба Думаи нав роҳ ёбад.

Рӯзномаи «Дер штандарт»-и Австрия дар робита навиштааст, вазъи сиёсии феълии Русия ба гунаи вазъи сиёсии пас аз марги Сталин дар замони Шӯравӣ аст. Рӯзнома ба қавл аз назари сиёсатшиносони рус навиштааст, пас аз интихоботи раёсати ҷумҳури Русия ду воқеият имкон дорад: Медведеви ҷавон метавонад раҳбалади худ - Путини ботаҷрибаро ба як борагӣ аз роҳи худ дур кунад, ба мисле ки Хрушев дар замони худ аз сияҳсози Сталин кор гирифта буд, ва дуввум бо ворид кардани тағйирот ба Сарқонун роҳи дубораи бозгашти Путин ба сари қудратро боз намояд. Ва қавли онҳо замони пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва қасамёдкунии президенти нав дар зимн хеле муҳим ва ҳалкунанда хоҳад буд.

Рӯзномаи «Ле монд»-и чопи Порис сӯҳбаи ихтисосие бо Ричард Холбрук, муовини собиқи котиби давлатии Амрико ва мушовири Ҳилларӣ Клинтон анҷом додааст. Оқои Холбрук дар сӯҳбат ба «Ле монд» гуфтааст, маъмурияти Буш наметавонад ба Эрон ҳамла кунад, зеро ҳамзамон ба Ироқ ҳамла карда ва Эронро таҳдид намудан ин фикри хом аст ва асли ихтилофи миёни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон низ ҳамин аст. Мушовири Ҳилларӣ Клинтон гуфтааст, агар дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико демократҳо пирӯз шаванд, сиёсат ба гунаи назаррас тағйир мехӯрад ва аммо онҳо мехоҳанд гуфтугӯи мустақим бо Эронро анҷом диҳем. Зеро, ба ақидаи ӯ, бо Эрон натанҳо дар мавриди барномаҳои ҳастӣ, ҳамчунин дар робита ба «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», масоили энержӣ ва Ироқ бояд гуфтугӯ кард.

Ва рӯзномаи англисии «Дейли Телеграф» менависад, табибони Бритониё даъват мекунанд, ки ҳуқуқи афроди хеле пир ва онҳое, ки шакли ҳаёти носолим доранд, ба мисли сигоркашон, бадмастон ва афроди ранҷур аз фарбеҳӣ, барои дастрасӣ ба имтиёзҳои давлатии тиббӣ маҳдуд карда шавад. Ба навиштаи рӯзнома, феълан, дар Бритониё тақрибан аз даҳ як бемористон аз анҷоми амалиёт ва ё ҷарроҳии беморони гирифтори фарбеҳӣ ва сигоркашоӣ худдорӣ мекунанд ва ба ин кор бештар бемористонҳое даст мезананд, ки қарздоранд. Ба қавли рӯзнома, ҳар сол аз буҷаи Бритониё барои табобати маризоне, ки иллати гирифтории онҳо ба маризиҳои мухталиф фарбеҳӣ аст, 7 миллиард фунт стерлинг ва барои беҳдошти маризоне, ки сабаби хуруҷ дар сигоркашӣ аст, 1,7 миллирад фунт стерлинг харҷ мешавад. Ба навиштаи рӯзнома, табибони Бритониё дар баробари афроди аз ҳад бештар пир бар инанд, ки агар онҳо пояшонро шикананд, бояд ҷарроҳӣ шаванд, аммо дар муқобили маризиҳои марбут ба пиронсолии онҳо набояд дар муқобили Худованд кор кунанд.

XS
SM
MD
LG