Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Хазар-Ленкоран» - барандаи Ҷоми Иттиҳод-2008


Дастаи «Хазар-Ленкоран», қаҳрамони футболи Озарбойҷон, барандаи Ҷоми Иттиҳод-2008 гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ки дар ҳузури 8 ҳазор тамошобин дар маҷмаъаи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, бар тими «Пахтакор»-и Тошканд, қаҳрамони футболи Узбакистон, бо натиҷаи 4 бар 3 пирӯз шуд.

«Хазар-Ленкоран», ки барои нахустин бор дар Ҷоми Иттиҳод ширкат варзид, ба чунин комёбии бузург ноил гашт. Вале «Пахтакор», барандаи Ҷоми Иттиҳод-2007, ҳарчанд дар ин бозии ҳалкунанда ду бор ҳисобро ба фоидаи худ кард, бартариашро нигаҳ дошта натавонист.

Голҳоро аз дастаи «Пахтакор» Илдар Магдеев (дақиқаи 3-юм), Анвар Солиев (27) ва Ислом Инъомов (57), аз тими «Хазар-Ленкоран» Раҳид Амирқулиев (6), Заур Рамазонов (43), легионерҳои бразилиягӣ Диего Соуза (49) ва Марио Сержио Соуза (65) ба самар расонданд.

Ёдовар мешавем, дар бозиҳои гурӯҳӣ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, аз «Хазар-Ленкоран» - ғолиби гурӯҳи «В» - бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрда буд.

XS
SM
MD
LG