Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф дар Аврупо


Президенти Покистон, генeрал Парвиз Мушарраф риштасафареро ба чаҳор кишвари Аврупо шурӯъ мекунад.

Сафари Мушарраф ба Бритониё, Фаронса, Белгия ва Форуми иқтисодии ҷаҳон дар Швейтсария аз тарафи коршиносон умдатан тавре арзёбӣ мешавад, ки президенти Покистон мехоҳад, дубора эътимоди Ғарбро ба худ ҷалб кунад. Талоши ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки бесуботӣ дар кишвари исломии мусаллаҳ бо силоҳи ҳастаӣ дар Ғарб нигарониҳоеро ба миён овардааст.

Мушарраф, ки дар соли 1999 зимни як табаддулоти осоишта қудратро дар Покистон ба даст гирифт ва ду сол баъдаш ҳампаймони Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги зидди терроризм шуд, борҳо ваъда додааст, ки демократияро дар кишвараш барқарор хоҳад кард. Аммо ҳоло вай маҷбур аст дар байни путки фишори Ғарб ва сандони мухолифати дохилӣ асосан бо ҳифзи субот дар кишвараш машғул бошад. Ин кишвар ноором аст ва дар хушунатҳои хунинаш дар соли гузашта садҳо нафар, аз ҷумла раҳбари оппозисюн ва сарвазири собиқ Беназир Бҳутто, ба ҳалокат расиданд.

Пас аз гуфтушунидҳо дар Лондон, Мушарраф дар Бруссел бо сарони Иттиҳоди Аврупо мулоқот мекунад. Дар Порис ӯ бо президенти Фаронса Николас Саркозӣ ва раҳбарони иқтисодиёту тиҷорати ин кишвар вомехӯрад. Сипас, дар Форуми иқтисодии ҷаҳон дар Давос бо вазири умури берунаи Амрико, Кондолиза Райс, президенти афғон Ҳомид Карзай ва сарвазири Ироқ, Нурӣ Ал-Моликӣ дидор ва гуфтшунид хоҳад дошт. Коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ дар ин нишастҳо Мушарраф бо пурсишҳои нохушоянде рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар бобати муборизаи зидди терроризм, суиқасд ба ҷони Беназир Бҳутто, пешрафти нокофӣ дар таъмини фазои демократии интихобот ва ғайра.

Дар ин байн куштори Бҳутто то рафт бо маълумоти тазодомези бештаре махлут мешавад. Чунончи, бархе аз расонаҳо гуфтаанд, Бҳутто дар мусоҳиба бо телевизиони Ал- Ҷазира шахсеро кушандаи Усома бен Лодин номидааст, аммо ҳеч кишвар ё расонае ба ин сухан диққат надод, зеро мумкин аст, вай номи террористи шумораи аввалро бо номи журналист Даниел Перл иваз карда бошад. Ҳукумати Покистон фармондеҳи марбут ба Ал-Қоида, Байтуллоҳ Меҳсудро қотили Бҳутто меномад ва ин нуктаро хадамоти махфии Амрико низ тасдиқ мекунад.

Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта Исломобод Меҳсудро ба он айбдор кард, ки як пойгоҳи ҳарбии давлатро дар Вазиристони Ҷанубӣ, дар наздикии марз бо Афғонистон барои муддате ишғол кардааст. Ва артиши Покистон хабар дод, ки дар ҳафтаи гузашта дар ду ҷанг бо ситезаҷӯён даҳҳо ошӯбгарро кушта, наздик ба 40 нафарро асир гирифтааст.
XS
SM
MD
LG