Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин Эронро "нарм" мекунад


Саъиди Ҷалилӣ ҳангоми нишасти матбуъотӣ дар Пекин, 18-уми январ
Саъиди Ҷалилӣ ҳангоми нишасти матбуъотӣ дар Пекин, 18-уми январ

Мақомоти Чин аз раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон дар масоили ҳастаӣ Саъиди Ҷалилӣ тақозо кардааст, ки, ба хотири хатми баҳсҳо бар сари барномаҳои атомии ин кишвар, бо ҷомиъаи ҷаҳонӣ дубора вориди гуфтугӯ шавад.

Ин даъвати вазири хориҷаи Чин дар ҳоле садо медиҳад, ки давлатмардони баландпояи Эрон ва ИМА аз Пекин тақозои кумак дар нишасти аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ ҳафтаи оянда кардаанд. С. Ҷалилӣ дар ҷараёни мулоқотҳояш дар Пекин изҳор намуд, ки Эрон бо Чин дар масъалаи барномаҳои ҳастаӣ тақрибан мавқеъи ҳамсон доранд: «Дидгоҳҳои усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин ба ҳам бисёр наздик ҳаст. Дар мавзӯъи ҳастаӣ ҳам мо бисёр дидгоҳҳои наздик ба ҳам дорем».
Саъиди Ҷалилӣ гуфт, ки Чин ва Эрон ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки барномаҳои ҳастаии Теҳрон бояд бо ҳадафҳои осоишта истифода шаванд.
Чин ҳаққи ветогузориро зимни қабули ҳама гуна қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ дорад ва то кунун ҳама тақозоҳои ИМА-ро дар заминаи эъмоли таҳримҳои шадидтар болои Эрон рад кардааст. Енг Ҷиичӣ, вазири хориҷаи Чин, дар Пекин гуфааст, ки баҳси ҳастаии Эрон феълан ба нуқтаи авҷи худ расидааст. Ӯ инчунин гуфт, ки Чин умедвор аст ҳама ҷонибҳои вориди баҳс, ба шумули Эрон, барои ҳалли ин қазия ҳамаҷониба талош хоҳанд кард.
Қарор аст, ки 22-вуми январ дар Берлин 5 кишвари узви доимии Шӯрои амният – Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва ИМА – ба шумули Олмон барои баррасии эҳтимоли эъмоли бахши навбатии таҳримҳо болои Эрон гирди ҳам меоянд. Пекин ҳанӯз нагуфтааст, ки оё ин навбат аз қатъномаи Шӯрои амният пуштибонӣ хоҳад кард ё на.
Қабл аз боздиди мақомоти эронӣ аз Пекин, рӯзи чоршанбе муовини вазири хориҷаи Амрико Ҷон Негропонте дар Чин бо вазири хориҷаи ин кишвар дидору мулоқот карда, аз ҷумла гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ҷӯёи пуштибонии Пекин аз қатъномаест, ки ин навбат мақоми ҳатмиро хоҳад дошт. Негропонте мегӯяд қабули ин қатънома ба он хотир муҳим аст, ки Эрон ҳамоно даст аз ғанисозии ураниум намебардорад ва бо ин роҳ қатъномаҳои мавҷудаи СММ-ро иҷро намекунад.
Дар ҳамин ҳол, фишорҳо болои Эрон аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ҳам торафт афзоиш меёбад – Бритониё, Фаронса ва Олмон аз Эрон тарки фаъолиятҳои ғанисозиро тақозо доранд. Ин давлатҳо иддаъо доранд, ки чунин иқдом ба хотири исботи даъвоҳои Эрон лозим аст, ки мегӯяд дар андешаи тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ намебошад. Эрон ҳамеша иттиҳомоти берунаро рад карда, исрор менамояд, ки барномаи ҳастаиаш ба хотири дастёбӣ ба нерӯи барқ фаъол буда ҳадафҳои сирф мулкиро дунбол мекунад ва ба ҳеҷ сурат эҷоди силоҳи атомиро дар назар намегирад. Ахиран хабаргузории ИРНО бо нақли қавл аз Ҷалилӣ гиттилоъ додааст, ки Теҳрон дар нишасти Берлин ба пуштибонии Чин умед мебандад.
Ҳафтаи гузашта мақомоти баландпояи Ожонсии байнулмилалии энержии ҳастаӣ аз Теҳрон дидан карданд ва раҳбарони Эрону раиси ин ожонс Муҳаммад Ал-Бародаӣ ба тавофуқ расиданд, ки дар муҳлати камтар аз як моҳ мақомоти Теҳрон ба ҳама масоили мавриди нигаронӣ дар заминаи барномаҳои ҳастаиаш посух хоҳад гуфт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, алорағми санҷишҳои беш аз чаҳорсола, СММ то ҳол наметавонад таъйид кунад, ки иддаоҳои Эрон роҷеъ ба сулҳомез будани барномаи ҳастаиаш ҷавобгӯи ҳақиқат аст ё хайр.
XS
SM
MD
LG