Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия - пуштибони низомҳои худкомаи минтақа?


Созмони Freedom House дар гузориши худ эълом кардааст, ки Русия дар Осиёи Марказӣ аз низомҳои худкома ва зургуй пуштибонӣ мекунад.

Ин нуктаро муъовини раиси созмони Кохи озодӣ Арч Падддинтон дар суҳбат бо радиои Озодӣ таъид кард. Ба гуфтаи муаллифи гузориш, Русия дар соли 2007 ҳам чун дар як соли пеш дар феҳрасти кишварҳои ноозод боқӣ монд. Муаллифи гузориш Арч Паддингтон таъкид кардааст, Русия ба ғарази расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ аз имконоти иқтисодии худ суйистифода мекунад.

Ба гуфтаи вай, Русия дар масири расидан ба ормонҳои имперотурӣ бо мақомоти худкомаи Узбакистон созиш кардааст. Дар гузориш омадааст, Руссия қасд дорад таҳвили газ аз Узбакистонро ба даст бигирад, ҳамзамон ба низоми худкомаи Ислом Каримов кумак бикунад, эътирози мардумро фуру нишонад ва аз интищқоди Ғарб ҷилавгирӣ намояд.

Ин нуктаи гузориши созмони Кохи озодиро коршиноси иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Маскав Ҳокимшои Муҳаббат тасдиқ мекунад. Вай гуфт, Узбакистон ҳануз аз замони шуравӣ барои Маскав хазинаи тиллоӣ буд ва акнун баҳрагирӣ аз ин сарзаминро ба ҷони худ баробар медонад.

Freedom House интихобот ба думаи давлатӣ дар Русияро гуётарин нишонаи маҳдудсозии озодӣ дар Русия арзёбӣ кардааст. Бино ба гузориш, интихоботи порлумонӣ дар Русия дар шароити ғайримунсифона баргузор шуд. Ҳизбҳо ва номзадҳои ғайриҳизбии мухолиф ба сиёсати раисҷумҳур, ба корзори интихоботии Думаи давлатӣ роҳ наёфтанд.

Ин дар ҳолест, ки коршиноси аршади пажуҳишгоҳи Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ Владимир Жарихин мегуяд, Кохи озодӣ маҳфили як гурӯҳи кучак аст ва дидгоҳи онҳо баёнгари вазъи воқеъӣ буда наметавонад.

Дар ҳаимн ҳол хулосаи Кохи озодӣ ин аст, ки Русия аз ин ба баъд кишвари демократӣ ҳисоб намешавад, ба ин далел, ки тайи солҳои ахир вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ба маротиб коҳиш ёфт ва давлат аз ҷомеъаи мутамаддин ҳазар мекунад. Маҳдудсозии ширкати ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботи порлумонӣ, мушкилсозии дарёфти парвона барои расонаыҳои гурӯҳӣ гуётарин гувоҳии канорравии мақомоти Русия аз роҳи озодист.

Русия намунаи бебаыҳси низомҳои худкомаи Осиёи Марказӣ ва кишвари гурезон аз демократияи аврупоист, - гуфта шудааст дар гузориши созмони байнулмиллалии Кохи озодӣ.

XS
SM
MD
LG